Главная / Илм / «КИТОБУ-Л-ҶАДАРӣ В-АЛ-ҲАСБА»

«КИТОБУ-Л-ҶАДАРӣ В-АЛ-ҲАСБА»

nagzak«КИТОБУ-Л-ҶАДАРӣ В-АЛ-ҲАСБА» («Китоб дар боби нағзак ва сурхча»), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар боби тиб. Ибтидои а. 10 ба забони арабӣ навишта шудааст. «К.» асарест, ки дар асоси мушоҳидаҳои шахсии муаллиф навишта шуда, сар то по мукаммал ва баландмазмун мебошад. Нағзак ва сурхча ба инсоният аз қадимулайём маълум аст. Вале аввалин маротиба дар таърихи илми тиб дар «К.» нағзак аз сурхча ҳамчун бемории алоҳида ҷудо карда шудааст. Дар асари мазкур дар бораи аломатҳо, тарзи сироят, муолиҷа, пешгирӣ ва ҷараёни бемориҳои нағзак ва сурхча ва нисбат ба нағзак масуният (иммунитет) пайдо намудани одами ба он гирифтор маълумоти пурра дода шудаанд. Маълумоти мазкур то ҳол қиммати илмию амалии худро гум накардаанд. Минбаъд дар «К.» барои исботи ғояи мазкур таҷрибаҳои моеъи дохили ҳубобчаҳои бемории нағзакро гирифта, ба шахси дигари солим пайванд кардан, тасвир гаштааст. Ғоя ва усули мазкур минбаъд дар тамоми мамлакатҳои Шарқ, баъди а. 17 дар Европа паҳн гашта, мувофиқи он усули нағзакканӣ кашф гардид.
«К.» асрҳои зиёд дар мактабҳою муассисаҳои тиббии ҷаҳон чун китоби дарсӣ ва дастурамал истифода шудааст. Асар нахустин маротиба с. 1498 дар Венетсия бо номи «Liber de Pestilentia» ба забони лотинӣ ва минбаъд то с. 1781 боз 7 маротиба, с. 1548 бо забони юнонӣ, 1817 бо забони англисӣ ва с-ҳои 1763, 1866 бо забони франсавӣ нашр шудааст.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …