Главная / Гуногун / Китоби Табиатшиносӣ барои синфи 5

Китоби Табиатшиносӣ барои синфи 5

Табиатшиносӣ чиро меомӯзонад?

Мо ҳама дар мавриди дигаргуниҳои дар муҳити мо рухдиҳанда таваҷчуху мароқ зоҳир мекунем. Барой он ки дар бораи онҳо бидонем, мо ҳамеша чунин саволҳоро пешкаш мекунем: Кӣ? Чӣ? Кай?, Дар куҷо? Чӣ тавр ва Чаро?

Бачагон пайваста чунин саволҳо медиҳанд: «Ана ин чӣ аст?»> «Ана онаш чист»? Он саволҳоро «Саволборон» меноманд. Додани чунин саволҳо ба дили онҳо наме- занад. Таври мисол: Барой чй борон меборад? Дайвонҳо чй хел хунукиҳои зимисто- наро паси cap мекунанд? Чаро мехи оҳанин занг мезанад? Чаро дар куҳҳо акси садо меояд? Чаро рӯи Моҳ мегирад? Чӣ тавр баҳрнавардон дар уқёнус ҷои қарор доштани худро муайян мекунанд?

Ҳамадонҳо, алоҳида ҷамъ лтуда, саволҳои барояшон ҷолибро баррасӣ мекунанд. Посухҳоро ба чунин пурсишҳо мо метавонем дар дарсҳои синфи 5 тавассути фанни «ТАБИАТШИНОСӢ» пайдо намоем. Ин ном аз ду вожа иборат аст: «Табиат» ва «Ши- нохтан». Ба ибораи дигар шинохтани табиат, маҷмӯи донишҳо доир ба табиаг аст.

Муаллифони китоби мазкур бо баробари бо ҳарфи калон навиштани вожаи «Та­биат» меҳру муҳаббати хешро нисбат ба Табиат изҳор менамоянд ва бовар бар он доранд, ки чунин эҳсосот ба ҳамаи хонандагон интиқол меёбад.

Табиат чист? Ин ҳамаи он чизест, ки моро иҳота мекунад: ҳаво, об, Замин, ода­мон, растанӣ, ҳайвонот, сайёраҳо, Офтоб, дигар ситорагон ва ғайра. Табиатро мо ҳамчунин одами муҳит низ меномем.

Донишҳои нахустинро дар бораи Табиат Шумо дар дарсҳои ««Табиатшиносй»- ҳангоми таҳсил дар синфҳои 1-4 гирифтаед. Вале донишҳои махсусро дар бораи Та­биат Шумо дар синфҳои болой, дар дарсҳои биология, астрономия, физика, химия ва география фаро хоҳед гирифт .

«Табатшиносй» бояд бароятон дар фаро гирифтани донишҳо роҷеъ ба Табиат, ки инсоният ҷамъ овардааст, дар мавриди он ки бидонед: Чй тавр мо олами зистро ҳис мекунем, мебинем ва мешунавем; дар бора олами ҷинсҳо ва моддаҳо, дар бораи ҳодисаҳои табиӣ ва дигаргуниҳое,ки дар атрофи мо рух медиҳанд; дар бораи он ки чаро дар сайёраи Замин ҳаёт ҳаст, кӯмак хоҳад кард.

Одамон донишҳоро дар бораи Табиат батадриҷ ҷамъ овардаанд. Ниёгони мо танҳо ба чизҳое, ки барои зиндагй заруру муҳим мебошанд, мароқ зоҳир кардаанд. Табиат бошад ба одамон ғизо, либос, ҷойи зист медиҳад. Одамон асрори табиатро дониста, ёд гирифтанд:

  • на танҳо растаниҳои табиати ваҳширо истифода баранд, балки аз онҳо навъҳои нави растаниро ба даст оваранд;.
  • ҳайвонҳои ваҳширо ба дӯстони вафододору содиқи хеш – ҳайвоноти хонагй (аҳлӣ) табдил диҳанд;
  • канданиҳои фоиданокро истихроҷ ва коркард намоянд;
  • аз рӯи гардиши ситораҳо дар хушкиву баҳрҳо самт ёбанд;
  • аз энергияи бод (шамол), обу буғ, барқ ва шуъои офтоб истифода намоянд;

Инсон дигаргуниҳои табиатро мушоҳида намуда, доир ба ин ҳама огоҳ гашт. Мушоҳидаҳо, ҳамчунин одамонро ба он бовар кунониданд, ки бисёр ҳодисаҳои Табиат яке ба дигар вобастаанд, зеро ки онҳо яке аз пайи дигар ба вуқуъ мепай- ванданд. Дар натиҷа имкон пайдо гашт, то баъзе аз ҳодисаҳои Табиатро пешгӯй на­моянд. Таври мисол, гирифтани рӯи Офтоб ва Мох,. Одамон кӯшидаанд, то чунин ҳодисаҳоро шарҳ бидиҳанд. Бад-ин тартиб тадриҷан донишҳои илмй пайдо ва ҷамъ шудаанд. Шумо, толибилмони азиз, метавонед китобҳои илмиву оммавй, маҷаллаҳо, қомусномаҳо, фарҳангу луғатномаҳо, харитаҳои осмони ситорадор, модели асбобҳои гуногун, аксҳоро омӯхта, таври муфассал дар бораи онҳо дониста бошед.

Дӯсти наврас! Ту бояд мушоҳида кардан ба дигаргуниҳои олами моро иҳотакунандаро ёд бигирй ва сабабҳои cap задани онҳоро пайдо намой.

Мушоҳида кардан ба Табиатро ва хулоса баровардан аз дидаҳоятро биёмӯз. Дар рӯз ба давомнокии рӯз, самти шамол, ҳарорати ҳаво, дар вақти нимарӯз ба дарозии сояи симчӯб назора кун! Натиҷаҳои мушоҳидаҳоятро дар муддати 2-3 моҳ муқоиса кун ва дар мавриди робитаи мутақобилаи дарознокии рӯз ва ҳарорати ҳаво дар вақти нимарӯз хулоса барор.

Чунин мушоҳидаҳо ба одамон имконият доданд, то иваз шудани фаслҳои сол, дигаргуниҳои муваққатиро дар мисоли зиндагии растанихр ва ҳайвонот шарҳ диҳанд. Донишҳо дар бораи табиат ба ҳама одамон зарур мебошанд. Онҳо имконияти онро фароҳам месозанд, то одамон аз ҳама сарватҳои Табиат эҳтиёткорона истифода баранд, бо амалҳои ношоистаи хеш ба он зарар нарасонанд.

Табиатро дӯст дор ва эҳтиром намо ва ту ҳама чизи дилхоҳатро комилан ба даст меоварй.

МУНДАРИҶА

Боби I. Табиат ва роҳҳои дарки он

Маводҳо бароихониши иловагӣ………………………………. 10

Маводҳо бароихониши иловагй……………………………………. 29

Боби II. Олами ашё ва ҷисмҳо

Маводҳо бароихониши иловагй………………………………….. 62

Боби III. Ҳодисаҳои табий

Маводҳои барои хониши иловагй………………………………… 67

Маводҳо барои хониши иловагй……………………………………. 92

Боби IV. Мо дар сайёраи Зам ин зиндагй мекунем.

Маводҳо барои хониши иловагй…………………………………………………. 146

Намунаҳои супоришҳои тестй оид ба табиатшиносй……………… 152

Тавсияҳо барои толибилмон оид ба санҷиш ва баҳогузории донишҳояшон     154

Дар нашриёти «Билим-компютер» таҳия шудааст.
720031, ш. Бишкек, кӯч. С. Иброимов, 24

Дар Маҷмӯаи нашриётй-политрафии «Принт Экспресс» аз чоп баромадааст.
ш. Бишкек, кӯч. Профсоюзная, 49

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …