Главная / Ҷамъият / Китоби иқтисоди корхона

Китоби иқтисоди корхона

Гирифтани китоби «Иқтисоди корхона – ташкилот» дар ин саҳифа ройгон аст. Китоб ба забони тоҷикӣ – электронӣ аст. Скачать >>>> 

Корхона рукни таркибй ва басо муҳими иқтисоди муосир маҳсуб мешавад ва нақшу аҳамияти он дар шароити гузариш ба низоми муносибатҳои бозорӣ беш аз пеш меафзояд. Иқтисоди корхона (ташкилот)-ҳо ҳамчун фанни таълимӣ дар мактабҳои таҳсилоти олии касбии кишвар омухта мешавад.

Таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани обрую эътибори кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз босифат тайёр кардани кадрҳои соҳибкасб, лаёқатманд ва ҷавобгу ба тақозои бозори меҳнат вобастагии бевосита дорад.

Китоби иқтисоди корхона Нақши донишҳои ҳамаҷонибаи назариявӣ, мегодологӣ ва малакаҳои амалии касбӣ дар иҷрои муваффақонаи таҳлил ва нақшагирии фаъолияти ҳоҷагии корхонаҳо, пешгӯиҳои асосноки нишондихандаҳои иқтисодӣ барои давраҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозмуддат, таҳияи лоиҳаҳои навоваронаи сармоягузорӣ бениҳоят калон аст.

Дар замони муосир ташаккули фикрронии эҷодкорона, мустақилона ва саҳмгирии шахсӣ дар тартиб додани хулоса ва пешниҳодҳои судманд барои қабули қарорҳои дурусти идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи ресурсҳои маҳдуди иқтисодӣ, бемайлон баланд бардоштани сатхи самарабахши фаъолияти иқтисодӣ аҳамияти аввалиндарача пайдо мекунанд.

Аммо нарасидани китоби дарсӣ, хусусан ба забони давлатӣ-тоҷикӣ барои донишчуён воқеан монеаи ҷидӣӣ эҷод месозад.

Китобе, ки ҳоло ба таваҷҷӯҳи хонандагон пешниҳод мегардад, маҳз бо дастгирии Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тавсия шудааст. Дар ин маводи таълимӣ талаботи нақшаҳои нави таълимӣ ва стандартнҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои ихтисосҳои иқтисодӣ ба назар гирифта шудааст.

Дар ҷараёни тайёр намудани ин китоб маводи таълимие, ки дар кишвархои ИДМ солҳои охир аз ин фанн ба забони русӣ нашр гардидаанд, ба эътибор гирифта шудаанд. Аммо хусусиятҳои татбиқи амалии ислоҳоти иқтисоди бозорӣ дар фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ таи солҳои соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон мавқеи хос касб намуд.

Муаллифон аз хонандагони азизу арҷманд, ки фикру андешахои беғаразона барои дар оянда такмил додани мундариҷа ва мазмуну муҳтавои китоби мазкур иброз медоранд, эҳтиромона арзи сипос менамоянд.

Муаллифони китоб ба ҳаммуҳаррир – д.и.и., профессор Шарипов М.М., ба муқарризон: д.и.ц., профессорон – Обидов Ф.О., Низомова Т.Д., Раҷабов Р.К., н.и.и., дотсент -Шаропов Ф.Р. ва ҳамкасбон барои ибрози ақида, эрод ва пешниҳодҳои судманд самимона минатдорӣ изҳор менамоянд.

Ба муҳтарам Наср Бобои Сарфароз барои эродҳо ва маслиҳатҳои пурарзиш сипосгузорем. Скачать >>>> 

Суроғаи мо: ш. Душанбе, кучаи А. Дехотӣ 1/2,

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

E-mail: tguk@mail.ru

www.tguk.tj

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …