Главная / Маданият ва санъат / КИТОБИ ДУОВУ САЛАВОТҲО (Электрони)

КИТОБИ ДУОВУ САЛАВОТҲО (Электрони)

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

Аҳамияти дуо ва одоби он

Алҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин, ва-л-оқибату ли-л-муттақин, ва-с-салоту ва-с-салому ало ашрафи-л-анбиёи ва-л-мурсалина ва хотама-н-набийина ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

duoАммо баъд, инсон мавҷудест, ки беш аз ҳар мавҷуди дигар ниёзҳое дорад, агарчи ниёзҳои воқеии инсон баъд аз марг оғоз мешавад. Аммо дар ин дунёи мухтасар ва зиндагонӣ низ ниёзҳои як инсон аз ҳар мавҷуди дигаре ба маротиби бештар аст. Ҷолиб ин ҷост, ки бисёре аз ниёзҳо чунонанд, ки худи инсон на танҳо онҳоро эҳсос намекунад, балки нисбат ба он асло илм надорад. Аммо Парвардгори Меҳрубон ва Бузург ба лутфу бузургии Худ бидуни эҳсос, ё хостаи инсон ҳамаи он ниёзҳоро бароварда ва таъмин месозад.

Борбардории китоби Дуову салавот (PDF)  дар шакли электронӣ бо вази 4MB >>>>

Ӯ бо вуҷуди лутфу меҳрубониаш порае аз ниёзҳои инсонро тавре қарор дода, ки инсон нисбат ба он илм дорад ва эҳсос мекунад. Ин бад-он ҷиҳат аст, ки то инсон худро ниёзманди Парвардгор бидонад ва рафъи ин ниёзҳо аз Худованди мутаол савол намояд, дасти гадоиро ба сӯйи Худованди Ғанӣ ва Бениёз дароз кунад. Худованди мутаол мехоҳад аз ин тариқ ҳам ниёзҳои бандаро бароварда кунад ва ҳам дараҷоти ӯро баланд намуда ва ӯро ба мақоми қурб ноил созад. Савол кардани банда ва изҳори ниёзҳои ӯро назди Парвардгор дуо мегӯянд.

Худованди мутаол бандагонашро дастур медиҳад, ки дар ҳар ҳол аз ӯ савол намоянд ва мефармояд, ки: «Маро бихонед, дуои шуморо иҷобат кунам».

Ва ҳамчунин Расули гиромӣ (с) ҳадисҳои бисёре дар бораи аҳамияту фазилати дуо баён кардааст. Чунонки мефармояд:

  1. Дуо дар воқеъ асли ибодат аст.
  2. Касе, ки дарвозаи дуо барои ӯ кушода шуд, гӯё дарвозаи иҷобат ба вай кушода гашт.
  3. Назди Парвардгор ҳеҷ амале гиромитар аз дуо нест.
  4. Дуо аслиҳаи муъмин ва сутуни дин ва равшании осмонҳову замин аст.
  5. Рӯзе Расули акрам (с) аз канори гурӯҳе, ки мубталои мусибат буданд гузар кард, он гоҳ фармуд: «Чаро инҳо аз Аллоҳ таоло офият намехоҳанд?»

Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Эй мардум, дар дуо кардан кӯтоҳӣ накунед, зеро дар сурати дуо касе ҳалок намешавад».

Ба ҳамин далел дар тӯли таърихи башарӣ бандагонӣ хоси Худованд беш аз ҳар чиз ба дуову тазарруъ аҳамият қоил будаанд. Худованди мутаол дар Қуръони Маҷид дар бораи анбиё (а) мефармояд: «Онҳо дар анҷоми некиҳо шитоб мекарданд ва Моро бо умеду бим мехонанд ва барои мо фурӯтан буданд». Ба ҳамин далел Худованди мутаол муқаррабонро беш аз дигарон мубталои мусибату мушкилот мекунад, то онҳо бештар шикаста шаванд ва ба сӯйи Худо мутаваҷҷеҳ гарданд.

Байт:

Халқро бо ту чу нон бадхӯ кунанд,

То туро ночор рӯ он сӯ кунанд.

Беҳтарин роҳи мубориза бо мушкилоту масоиб тавбаву истиғфор аз гуноҳон ва дуову тазарруъ дар боргоҳи Ҳақ аст.

Байт:

Ту дуоро сахт гиру мешуғул,

Оқибат бирҳонадат аз дасти ғул.

Ҳар гоҳ тавфиқи дуо ёфтем, бидонем ки кӯмак ва ёрии Парвардгор ҳатман шомили ҳоли мо хоҳад гашт.

Байт:

Чун Худо xoҳад, ки м-он ёрӣ кунад,

Майли моро ҷониби зорӣ кунад.

Ва ҳар гоҳ тавфиқи дуо камтар ҳосил шуд, бидонем, ки балову мусибат дар камин аст. Ва дуо қабл аз омадани бало бояд кард. Чун бало нозил мешавад, дуо аз поён боло меравад ва ҳар ду дар ҳаво як ҷо рӯ ба рӯ мешаванд, агар дуоро қуввате бошад балоро бигардонад, вагарна бало фурӯд ояд. Ва баъд аз нузули бало ҳам дуо бояд кард, агарчи бало дафъ нашавад, аммо сахтии бало кам шавад.

Он ки хоҳӣ, к-аз ғамаш хаста кунӣ,

Роҳи зори бар дилаш баста кунӣ.

То фурӯд ояд бало бедофее,

Чун набошад аз тазарруъ шофее.

В-он ки хоҳӣ к-аз балоаш вохарӣ,

Ҷони ӯро дар тазарруъ оварӣ.

Баъзе аз мардум пас аз ин, ки муддате барои як ҳадаф дуо мекунанд, вале натиҷае дар зоҳир эҳсос намекунанд, маъюсу ноумед шуда, даст аз дуо мекашанд, ин ҳолатро таъҷил ва шитобзадагӣ мегӯянд. Ҳазрати Расули акрам (с) мефармояд, ки: «Дуои банда қабул мешавад, модоме ки шитобзада нашавад».

Ин гуна шахсон набояд чунин бипиндоранд, ки Худо нокарда дуояшон рад шудааст. Зеро қабулияти дуо дар истилоҳи ҳадис ин аст, ки ё ҳамон чизеро, ки инсон хостааст ба ӯ мерасад, ё чизи бехтаре ба ӯ мерасад, ё аз вай балову мусибате дафъ мегардад, ё ин дуои вай барои охират захира мешавад. Бинобар ин банда ба рӯҳи бандагӣ, ки ҳамоно дуост идома бидиҳад ва яқин кунад, ки Парвардгор маслиҳати ӯро аз худи ӯ беҳтар медонад. Ва ба қавли Мавлонои Рум тавфиқи дуову тазарруъ худаш далели қабулият ва иноёти Парвардгор аст:

Гуфт: Он «Аллоҳ»-и ту лаббайки мост,

В-он ниёзу дарду сӯзат пайки мост.

Ҳиллаҳову чораҷӯиҳои ту,

Ҷазби мо буду кушод ин пойи ту.

Тарсу ишқи ту каманди лутфи мост,

Зери ҳар «ё Рабб»-и ту лаббайкҳоост.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (paҳ) ба ҳамин гуна афрод мегӯяд:

Эй axӣ даст аз дуо кардан мадор,

Бо қабулу радди ӯят чист кор?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …