Главная / Биология / Кислотаи рибонуклеинат – КРН.

Кислотаи рибонуклеинат – КРН.

Кислотаи рибонуклеинат монанди КДН полимер буда, мономерҳои он нуклеотидҳоянд. Асосҳои нитрогении се нуклеотид низ монанди нуклео тидҳои таркиби КДН (аденин, гуанин, ситозин) мебошанд:

асоси нитрогении чаҳорум дар КРН ба ҷои тимин уратсил иштирок менамояд. Нуклеотидҳои КРН аз нуклеотидҳои КДН бо сохти ангиштобҳои таркибашон низ фарқ мекунанд; онҳо дар худ пентозаи дигар – ба ҷои дезоксирибоза-рибоза доранд. Дар занҷири КРН нуклеотидҳо бо роҳи ба вуҷуд омадани бандҳо байни рибозаи як нуклеотид ва боқимондаи кислотаи фосфати нуклеотиди дигар пайваст мешаванд.

3-10

КРН ахборро оид ба пайдарҳамии аминокислотаҳо дар сафедаҳо, яъне оид ба структураи сафедаҳо, аз хромосома ба мавзеи синтези онҳо гузаронида, дар ҳосилшавии сафедаҳо иштирок менамояд. Аз рўи структура КРН-а дусилси-

ла (дузанҷира) ва яксилсила (якзанҷира) мешавад. КРН-а дусилсила дар баъзе вирусҳо ҳамчун нигоҳдорандаи ахбори генетикӣ хизмат менамояд (нигаред ба боби 5), яъне дар онҳо функсияи хромосомаро иҷро менамояд.

Чанд навъи КРН-а яксилсила мавҷуданд. Онҳо аз рўи функсия ё мавқеи худ дар ҳуҷайра ном гирифтаанд. Қисми зиёди ситоплазмаро (то 80-90%) КРН-и рибосомӣ (КРН-р), ки дар рибосомаҳо мавҷуд аст, ташкил менамояд. Молеку-

лаи КРН-р калон нест ва тақрибан аз 3-5 ҳазор нуклеотидҳо иборат мебошад. Кислотаҳои рибонуклеинат аз дарозии  қисми кислотаҳои дезоксирибонуклеинат, ки дар ҳамон қисм онҳо синтез мешаванд, вобастагӣ доранд. Молекулаи КРН-а метавонад аз 3000–30000 нуклеотидҳо иборат бошад.

КРН–и нақлиётӣ (КРН-н) 76–85 нуклеотид- ҳоро дохил карда, якчанд функсияро иҷро менамояд (расми 3.10). Он аминокислотаҳоро ба ҷои (нуқтаи) синтези сафеда расонда, мавқеи аниқи аминокислотаҳоро дар рибосома муайян мекунад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …