Главная / Илм / КИСЛОТАИ АСКОРБИНАТ

КИСЛОТАИ АСКОРБИНАТ

kislotai-askorbinatКИСЛОТАИ АСКОРБИНАТ (Acidum ascorbinicum), витамини С, як навъ доруи витаминӣ. Дар шакли ҳаб (0,025 ва 0,050 г), қурс (0,05 ва 0,10 г) ва маҳлул (5% ва 10%) истеҳсол карда мешавад. К. а. барои фаъолияти организм аҳамияти калон дорад. Дар танзими амалиёти оксиду барқароршавӣ, мубодилаи ангиштобҳо, лахтабандии хун, нуфузпазирии капиллярҳо, ҳосил шудани гормонҳои стероидӣ, синтези коллаген ва проколлаген иштирок мекунад, организмро ба таъсири ангезандаи бемориҳои сироятӣ устувор мегардонад.
К. а.-ро барои пешгирию муолиҷаи авитаминоз ва гиповитаминози С, диатезҳои хунрез, хуншорӣ (бинӣ, шуш, ҷигар, бачадон ва ғ.), бемориҳои сироятӣ, заҳролудӣ, амрози роҳи меъдаю рӯда (ахилия, захми меъда, энтероколитҳо), пешгирию табобати зангила, бемории Аддисон ва ғ. таъин мекунанд. Онро дар ҷои салқин ва торик нигоҳ доштан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …