Главная / Гуногун / Кишоварӣ дар Тоҷикистон

Кишоварӣ дар Тоҷикистон

 Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 17755,8 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба андозаи 4,0 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ ба маблағи 13251,2 млн. сомонӣ ё 104,0 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ва маҳсулоти чорводорӣ ба маблағи 4504,6 млн. сомонӣ ё 103,7 фоиз истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди он дар нуҳ моҳи солҳои 2014-2018

Таъмини фаровони ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо дарназардошти маҳсулоти растанипарварӣ (ба ҷуз ғалла ва пахта) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 960,3 млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ (ба ҷуз пилла) ба маблағи 221,6 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

kishovarzi-tj

 Бо мақсади таъмин гардидани амнияти озуқаворӣ дар кишвар дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба 1 октябри соли ҷорӣ аз майдони 5887,3 гектар кишти барвақтии зироатҳои баҳорӣ, аз он 5340,3 гектар кишти зироатҳои сабзавот, аз ҷумла пиёз 3976,7 гектар, 19 гектар сабзавоти тухмӣ ва 528 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти зироатҳои сабзавот 3314,7 гектар, аз он пиёз 3589,3 гектар, зироатҳои сабзавоти тухмӣ 4 гектар ва кишти зироатҳои хӯроки чорво 115 гектар зироатҳои баҳорӣ кам ҷамъоварӣ гардид.

Тавозуни (баланси) кишти барвақтии зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2018 (гектар)

р/т

Номгӯи зироатҳо Дар ҷумҳурӣ Фарқият           бо % Фарқият                    бо гектар
соли 2017 соли 2018
1. Зироатҳои кишоварзӣ, (ҳамагӣ) 9321 5887,3 63,2 -3433,7
аз ҷумла:        
2.  Сабзавот 8655 5340,3 61,7 -3314,7
аз ҷумла:
пиёз 7269 3976,7 54,7 -3292,3
сабзӣ 812 806 99,3 -6
3. Сабзавоти тухмӣ 23 19 82,6 -4
4. Зироатҳои хӯроки чорво 643 528 82,1 -115

Қайд кардан ба маврид аст, ки майдони кишти барвақтии зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти коҳишёбии назаррас дар майдони кишти пиёзи барвақтӣ дар масоҳати 3292,3 гектар ё 36,8 фоиз кам гардид.
Сабаби кам гардидани майдони кишти барвақтии зироатҳои баҳорӣ асосан аз ҳисоби зиёд гаридани майдони кишти пахта дар масоҳати 11,8 ҳазор гектар, инчунин номусоид омадани боду ҳовои соли ҷорӣ барои парвариши пахта арзёбӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз Вазорати кишоварзӣ якҷо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади истифодаи самараноки захираҳо оид ба гузаронидани кишти зироатҳои барвақтӣ ба тағйирёбии иқлим тобовар чораҳои зарурӣ андешанд.

kishovarzi-tj

Майдони кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба 1 октябри солҳои  2017-2018  (гектар)      Соли 2017  – Соли 2018

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли картошка – 693,0 ҳазор тонна ё 126,7 фоиз (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 145,8 ҳазор тонна ё 49,5 банди фоиз), сабзавот 1706,6 ҳазор тонна ё 119,3 фоиз (276,3 ҳазор тонна ё 12,2 банди фоиз), меваҷот 325,0 ҳазор тонна ё 111,0 фоиз (32,2 ҳазор тонна ё 2,2 банди фоиз) ва ангур 175,0 ҳазор тонна ё 110,7 фоиз (16,9 ҳазор тонна ё 4,8 банди фоиз) зиёд гардида, ҷамъоварии ғалладона – 1086,7 ҳазор тонна ё 90,2 фоиз (118,1 ҳазор тонна ё 8,8 банди фоиз) ва пахта 125,4 ҳазор тонна ё 54,4 фоиз (105,0 ҳазор тонна ё 95,6 банди фоиз) ва полизӣ 528,6 ҳазор тонна ё 98,9 фоиз (5,8 ҳазор тонна ё 9,5 банди фоиз) кам гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар нуҳ моҳи солҳои 2014-2018 (ҳазор. тонна)

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …