Главная / Гуногун / ҚИРҒИЗИСТОН

ҚИРҒИЗИСТОН

Қирғизистон дар қисмати шарқии Осиёи Марказй дар баландии 401 то ба 7435 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Мавқеи географии Қирғизистонро дар харитаи физикии нимкураҳо пайдо кунед. Чунин мавқеи географй баёнгари вижагии табиати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, хушкй ва иқлими континенталй аст.

Ҳудуди Ҷумҳурӣ аз ғарб ба шарқ дар дарозии 925 км, аз шимол ба ҷануб дар масофаи 454 км доман густурдааст.

Майдони он баробар ба 198,5 ҳазор метри мураббаъ аст. Қирғизистонро аз баҳр кӯҳҳои баланд ҷудо мекунад. Вай аз ҳар тараф бо биёбонҳои Осиёи Марказй, Қазоқистон ва ҳудуди васеи Чини Ғарбй иҳота шудааст.

Қисмати зиёди қаламравро системаи куҳии Тенир-Тоо (нуқтаи аз ҳама баланди он – Қуллаи Ғалаба аст, ки 7439 метр баландй дорад), дар ҷанубу гарби системаи По- миру Олой (нуқтаи аз ҳама баланди он куллаи Ленин бо баландии 7134 метр) ташкил медиҳанд. Дар қатори ин куҳҳои баланд, дар ҳудуди Қирғизистон ҳамчунин ҷойҳои ҳамвор низ ҳастанд, ки онҳоро водӣ меноманд. Дар Қирғизистон чунин водиҳое, аз қабили, Чуй, Чон Кемин, Талас, Чаткал, Алай, Иссиқ-Кӯл, Кочкор, Жумгал, Суу- самир, Кетмен-Тёбе, Орто-Нарин, Тогуз-Торо, Ат-Бошй, Оқ-Сой, Фарғона ва ғайра мавҷуданд.

МИНТАҚАҲОИ ГАРМИ ҚИРҒИЗИСТОН

Дар ҳудуди Ҷумҳурии мо дар водии Фарғона гузариш аз иқлими хушки субтропикй ба иқлими кишварҳои кутбй дар ноҳияҳои баландкуҳ мушоҳида меша­вад.

Вобаста ба хусусияти шароити ҳароратй дар фасли тобистон Қирғизистонро ме- тавон ба 8 минтақаи гармӣ тақсим кард.

Ба ҳама минтақаи гарм қитъаҳои Водии Фарғона дохил мешаванд, ки ҳарорати миёна дар моҳи июл то ба +25°С – +28°С, ҳарорат дар моҳи январ аз – 1,5°С то -4СС мерасад. Боришоти атмосферй 300^-50 мм-ро ташкил медиҳанд. Азбаски ин ноҳия субтропики мебошад, шароити хубе барои парвариши растаниҳои гармидӯст фароҳам омадааст. Ба минтақаи гарм доманкуҳҳои Водии Фарғона ва Водии Чуй, ки дар баландии ба 1000 м қарор доранд, дохил мешаванд.

Ҳарорати миёна дар моҳи июл аз +22°С то ба +25°С, ҳарорат дар моҳи январ аз -3°С то ба -5°С мерасад. Боришоти атмосферй 250-400 мм-ро дар бар мегирад. Зи- мистон бафр кам борида, бештар обшавии барф мушоҳида мешавад.

Ба минтақаи гарми муьтадил водиҳои Талас ва шарқи Чуй, доманакуҳҳои Қирғиз, қутбҳои ба куҳ наздик, теппаҳои водии Фарғона, водиҳои Тогуз Торин ва Жумгал дохил мешаванд. Ҳарорати миёна дар моҳи июл ба +20°С , рӯзона +22°С буда, дар моҳи январ ҳарорат аз -3°С то -8°С мерасад. Боришоти агмосферй 500 мм-ро ташкил медиҳанд. Дар фасли баҳору тирамоҳ хунукиҳо pyx медиҳанд.

Ба минтақаи гарм соҳилҳои Иссиқ-Кӯл, қисматҳои поёнрафтаи водиҳои Қочқор ва Норини Миёна, нишебиқои куҳ дар шимолу шарқи кишвар то баландии 2400 метр дохил мешаванд. Ҳарчанд дар ин ҳама ҷойҳо ҳарорати миёна аз +15°С то ба 20°С мерасад, дар миқдори боришоти атмосферй тафовут ба назар мерасад (аз 115 то 600 мм дар як сол). Дар шаҳри Балиқчӣ ва ноҳияи Қӯчқор зимистон қариб, ки барф намеборад.

Ба минтақаҳои муътадил чунин водиҳои баландкуҳ, чун Суусамир, Чаткал, Алай, Ат-Башй дохил мешаванд. Ҳаҷми боришот дар як сол ба ҳисоби миёна аз 250 то 427 мм-ро ташкил медиҳад. Бинобар хунукиҳои эҳтимолӣ дар тӯли сол шароит барои гузаронидани корҳои кишоварзй махдуд шудааст.

Дар минтақаҳои хунук ва хеле хунук атрофи Сон-кӯл, водии Оқ-сой, қисматҳои болоии водии Олой дохил мешаванд. Онҳо болотар аз сарҳади заминкорӣ қарор до- ранд. Ҳарорати миёна дар моҳи июл аз +10°С то ба 0°С расида, ҳарорат дар моҳи январ ба -27°С мерасад. Дар водии Оқ-сой 20-уми январи соли 1954 ҳарорат то ба -53,6°С расида, водй ҳамчун ноҳияи аз ҳама хунук дар ҷумҳурй сабт шуда буд. (Дар водии Суусамир -50°С, дар Чатир-кӯл -49°С).

Ба минтақаи абадан хунук куллаҳои баланди сафедбарф дохил мешаванд.

Донистан ҷолиб аст!
Майдон, км2

Пиряхҳои аз ҳама бузурги Қирғизистон

Инилчек Мавзеи Хан-Тенгри 58,9 613,2
Тундук Инилчек Мавзеи Хан-Тенгри 34,8 202,9
Кайвдй Мавзеи Хан-Тёнгри 25,8 107,4
Семенов Мавзе Хан-Тёнтри 21 74,6
Корженевский Силсилакуҳҳои Зоолой 19,5 89
Мушкетов Мавзеит Хан-Тенгри 20,5 75
Петров Силсилакуҳҳои Ак-Шийрак 14,3 73,9
Мушкетов Силсилакуҳи Какшаал 13,2 23
Наливкин Силсилакуҳи Какшаал 11 15
Қаросой Силсилакуҳи Ак-Шийрак 10,5 46,5

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …