«Ки зудтар?»
Бачаҳо ба ду ё чор гурӯҳ ҷудо мешаванд ва дар як қатор даст ба даст карда, алоҳида саф мекашанд. Бо ишораи довар бозингарони гурӯҳҳо бо як пой ҷаҳида ба тарафи хати кашидашуда ҳаракат меку- нанд. Гурӯҳе, ки ба марра якум мерасад, ғолиб мебарояд.
«Шикорчиён ва мурғобиҳо»
Бозингарон дар давра меистанд. Ба бозингарони якум ва дуюм тақсим мешаванд. Рақамҳои якум – «мургобиҳо» ба давра медароянд. Рақамҳои дуюм «шикорчиён» дар ҷойҳояшон меистанд.

Бо ишораи довар «шикорчиён» тӯбро ба тарафи «мурғобиҳо» мепартоянд. «Мурғоби»-и афтондашуда аз давра мебарояд. Бозӣ то вақти дар давра боқӣ намондани ягон «мургобӣ» давом меёбад (расми 43).