Главная / Гуногун / Хиёниён

Хиёниён

Соли 346/47 шоҳи Сосониён Шопури II дар сарҳади шарқии давлати худ меистод, зеро ба он ҷо, ба қавли Аммиан Марселлин (16, 9, 4), «хиёниёну авсанҳо», ки худ «еусан» мегуфтаанд, ҳуҷум карданӣ будаанд. И. Маркварт[1] ақидае пеш ниҳод, ки дар калимаи «еусан» як ҳарф ғалат рафта ва онро «кусан» яъне кушон хондан даркор. Агар ин гуна ислоҳро эътироф кунем (бисёр муҳаққиқон инро раво мешуморанд), пас хиёниён бо кушониён (бо кидориён ҳам?) ҳамгун ва ҳатто якҷоя мешаванд. Баъди ин (17, 5, 1) Аммиан Марселлин нақл мекунад, ки ба Шопур муяссар шудааст бо халқҳои дурдаст–«хиёниён ва гелонҳо» муоҳада бандад.

Соли 359 дар асоси муоҳада хиёниён дар ҳайъати лашкари Шопури II дар қарибии шаҳри Сурия–Умеда ба ҷанг медароянд. Сардори лашкари хиёниён Грумбат ном «марде будааст тоза ба тахт нишаста ва синнаш аз миёна боло нарафта, вале чеҳра пур аз чину ожанг гашта ва дар сиёсат заковати комил дошта ва аз зафарҳои бешумор шӯҳрат ёфта. ҳамроҳи вай писараш низ будааст ҷавоне барно, вале дар коргоҳ ҳалок гашта» (Аммиан Марселлин, 18, 6, 20, 19, 1, 7–11).

Дар охири солҳои 60-ум ва миёнаи солҳои 70-ум Шопури II ду бор ба сари «кушониён», ки пойтахти онҳо дар Балх будааст, лашкар кашидааст. Тафсилоти ин муҳорибаҳоро муаррихи арман Фавст Бузанд ба қалам додааст. Бори аввал «шоҳи кушониён» Шопури II шахсан худаш дар сари лашкар будааст, вале ин ба форсҳо мадад накардааст. «Лашкари кушониён лашкари форсҳоро торумор кард, бисёр форсҳоро аз дами теғ гузаронд»,– менависад муаррихи арман. Бори дувум Шопури II ба нияти ниқор лашкар кашид, вале ин дафъа ҳам  ҳоли форсҳо табоҳ шуд.[2]

Маълум, ки дар ин маврид дар зери номи «кушониён» ким-чи хел дигар як тоифа – кидориён, хиёниён ё худ, эҳтимол, ҳар дуи онҳо дар назар дошта шудааст.

kidoriyon-01-1024x623

Дар катибаи Самадрагупта, ки дар сутуни Оллоҳобод нақш ёфтааст, аввал «дайвапутра-шахи-шаханушахи-шака-марунда» зикр гардида, баъд арзи аҳолии Сарандеб барои ҷазираҳо забт шудааст ва дар аризаи худ мардуми ин ҷазираҳо ба Самадрагупта изҳори итоат намуда, ба вай занҳо ва духтаронро пешкаш мекунанд ва аз вай ярлиқе металабанд, ки аз рӯи он ба шарти эътироф намудани ҳукмронии Самадрагупта мамлакати худро худашон идора карда тавонанд. Муҳаққиқони ин катиба унвонеро, ки дар боло дар нохунак оварда шуд, ҳар хел тавзеҳ медиҳанду ҳар як олим (мувофиқи салоҳдиди худаш) онро ба ҷузъҳо тақсим мекунад. Дар байни ин тавзеҳот тавзеҳи олими ҳинд Будҳа Пракаш ба назар дурусттар менамояд. Ба ақидаи вай тамоми ибораи «дайвапура-шахи-шаханушахи» як истилоҳи том буда, кадом як аз подшоҳони барҷастаи миёнаи асрҳои IV-уми Кушониёнро дар назар дорад (санаи катиба ҳам ба санаи ин давра мувофиқ аст).

Ба фикри дигар муаррих А. С. Алтекар, дар катибаи Оллоҳобод Кидара[3] зикр шудааст ва ин фикр ҳам ҷолиби диққат мебошад. Дар ин маврид дар байни ахбори Фавст Бузанд роҷеъ ба «шоҳи кабири Кушониён»[4] ва унвони катибаи ҳиндӣ, ки дар он аз «шоҳаншоҳи» улвӣ сухан меравад, иртиботе пайдо мешавад. Вале ба доираи маъхазҳо дохил кардани ин катиба ҳам тамоми авзоъро қобили идрок карда наметавонад, масалан, маълум не, ки муносибати байни кирдориён ва хиёниён чӣ гуна буд.

Вале шояд маъхазҳои хитоиро ба инобат гирифтан даркор бошад? То вақтҳои охир ақидае вуҷуд дошт, ки онҳо дар бораи хиёниён маълумот намедиҳанд. Алҳол олими японӣ К. Еноки исбот мекунад, ки ахбори маъхазҳои хитоӣ роҷеъ ба Судэро тасхир кардани «хуннҳо» ва чунин ривоят, ки онҳо «ҳокими Судэро кушта, заминҳои вайро забт намуданд» (ва зимнан ҳоким Хунн насли чорумин пас аз он воқеаҳо будааст), ба Суғд нисбат дорад ва дар ин ҷо зери номи «хуннҳо» аслан хиёниён маҳфуз мебошанд.[5] Вале тамоми он чизе, ки аз ин ахбор гирифтан мумкин аст, танҳо зикри ҳамин воқеа, ки Суғдро дар ким-кадом давра хиёниён забт карда будаанд ва таҳлили санаҳо (ахбор ба соли 437 дахл дорад) нишон медиҳад, ки онҳо, эҳтимол, Суғдро қабл аз пайдо шудани худ дар ҷануби Осиёи Миёна забт кардаанд, яъне аз Суғд гузашта рафтаанд.

Бояд қайд кард, ки дар маъхазҳо хиёниёну кидориён байни худ омехта мешаванду вале байни маълумотҳо дар бораи хиёниён ва ҳайтолиён ҳад гузоштан аз ин ҳам мушкилтар аст. Ин гап ба воқеаҳои нимаи аввал ва миёнаи асри V нисбат дорад. Муаррихони араб Табарӣ ва Диноварӣ хабар медиҳанд, ки ба тахти Сосониён Варахрони V Баҳроми Гӯр (солҳои 420–437) нишасту дере нагузашта ба Хуросон ҳоқони «туркон» дарафтод ва мамлакатро ба ғорат бурд. Баҳроми Гӯр вонамуд, ки ба Озарбойҷон меравад, вале худаш бо эҳтиёти тамом пинҳонӣ ба «туркҳо» наздик омад, ки онҳо дар қарибии Марв хайма зада, бепарвоёна дам мегирифтанд. Инак, сарбозони Баҳроми Гӯр наъраи мудҳише кашиданду «туркҳо» рӯ ба гурез ниҳоданд. Баҳроми Гӯр хоқони «турк»-ҳоро кушт, зани ӯро ба даст овард ва лашкари ӯро то худи Амударё таъқиб намуд ва дар назди Омул аз дарё убур карду ба «туркҳо» наздик шуда буд, ки онҳо арзи итоат намуданд ва илтимос карданд, ки байни онҳо ва худаш сарҳаде муқаррар кунад ва онҳо аз ин сарҳад нахоҳанд гузашт. Баҳром маҳаллеро, ки ба хоки «туркҳо» хеле амиқ мерафт, интихоб намуд. Фармуд, ки дар он ҷо бурҷе бардоранд ва ин ҷоро сарҳад таъин кард» – менависад Диноварӣ.

Табарӣ менависад, ки дар байни туркҳо ва ноҳияҳое, ки бо «кишвари туркҳо» ҳамсарҳад буд, сарҳад муқаррар карда шуд. Вай муфассал номбар мекунад, ки Баҳроми Гӯр чӣ ғанимате ба даст оварда буд. Вале муҳимаш ҳамин ки вай волии Хуросонро таъин мекунад ва мегӯяд, ки қароргоҳи вай дар Балх буд[6]. Пас сарфи назар ба ғалаба вазъияти сарҳади шарқӣ назорати доимиро тақозо дошт. Шояд гуфтаи Фирдавсӣ роҷеъ ба он ки пас аз шикасти «туркҳо» ашрофи Чағониёну Хатлону Балху Бухоро маҷбур буд ба Эрон хироҷ диҳад, ба ҳамин воқеа алоқа дошта бошад.

Дар бораи кадом «туркҳо» сухан мерафта бошад? Шакке нест, ки худи ин ном анахронизм аст. И.Маркварт ба ду ҷиҳат диққат дод – аввалан, дар як достони паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон») аз разми шоҳи Эрон Виштосп ва шоҳи хиёниён Арҷосп сухан меравад ва зимнан корзор дар даштҳои ноҳияи Марв будааст. Баъди ғалаба Виштосп ба Балх бармегардад. Ҳамаи ин тафсилоти муҳорибаҳои Баҳроми Гӯрро ба ёд меоварад. Дувум, валиаҳди Хуросон ба унвони «марзбони кушон» (яъне «сарҳадбони кушон») соҳиб мешавад.[7] И.Маркварт дар асоси ҳамин ба хулосае меояд, ки Баҳроми Гӯр, дар ҳақиқат, ба хиёниён ҷангида буд ва ин хулосаи вай боварибахш аст.[8]

Чаро унвони валиаҳди Балх «марзбони кушон» буд? Ин ду сабаб доштанаш мумкин. Якум, ба қавли Табарӣ, Баҳроми I Гӯр як қисми хоки ҳиндус-тонро, ки дар он маҳалҳо мулки Кушониён вуҷуд дошт, ба мамлакати худ ҳамроҳ карданӣ буд ва инак, унвони мазкур гӯё як навъ намоиши сиёсӣ ҳам буд. Дигар сабаб ҳамин: дар Эрон гумон доштанд (ё медонистанд), ки байни хиёниёни навомада ва Кушониёни аз қадим маълум ким-чӣ хел алоқае ҳаст. Сабаби дувумро ҳамин як далел ҳам тақвият медиҳад. Дар аҳди Яздгурди II (солҳои 438–457) зидди кӯчманчиёни шимол ҷанг идома дошт. Иштирокчӣ ва ҳамасри ин ҷанг муаррихи арман Егише Вардапет хабар медиҳад, ки шоҳи Сосониён «ногаҳон ба кишвари хиёниён тохт, ки онҳоро Кушониён ҳам мегӯянд ва ду сол ҳарб зад, вале натавонист онҳоро ба итоат дарорад»[9]. Хуллас, ду маъхазе, ки бо ҳам мутлақо вобаста нестанд, хиёниёнро бо кушониён алоқаманд кардаанд. Ин исботи ақидаест, ки хиёниёнро аз кушониён ҷудо кардан нашояд.

Яздгурди II ҳатто маҷбур шудааст, ки қароргоҳи худро ба шимол кӯчонад. Авзои пуртаҳлука дар ин ҷо зиёда аз даҳ сол тӯл кашид. Худи ҳамон муаррихи арман Егише Вардапет менависад, ки соли 450 «Яздгурд лашкари бешумор гирд оварда, раҳсипор шуд ва ба кишвари ҳайтолиён расид. Шоҳи кушониён инро дида, ҷуръати ҳарб наёфт ва рӯ ба гӯшаҳои дастнораси биёбон фирор кард». Баъди ин Яздгурди II сарзамини Кушониёнро ба ғорат бурд, бисёр шаҳрҳо, асирон ва сарватро ғанимат гирифт. К.В.Тревер дар асоси ибораи «кишвари ҳайтолиён»-и ин матн хулосае мебарорад, ки ҳайтолиён дар ин давра «аз афти кор, ҳанӯз бар кушониён ҳукмфармо набуданд»[10]. Вале мо ба ин фикри К. В. Тревер розӣ не, баръакс, ба фикри мо, матни мазкур далели он аст, ки ҳайтолиён бар хиёниён ҳукмфармо шудаанд ва тамоми хоки («кишвари») онҳо аз они ҳайтолиён ҳисоб мешуд, вале онҳо ҳанӯз дар ҷангҳои зидди Эрон иштирок намекарданд.

[1] Marquart J., 1901, s. 36.

[2] Тревер К. В.. 1954, с. 133-134.

[3] Ӣuddha Prakash, 1957, 1954 р. 135. Бар хилофи ин Д.Аллан аrида дорад, ки сухан аз на-мояндагони гуногуни «халrҳои сакоӣ ва кушонӣ» меравад ва ноҳияи сукунати онҳо аз сарҳадҳои {индустон то Амударё тӯл мекашид (Аllan J., 1914, р. ХХ–ХХVIII).

[4] Тревер К. В., 1954, с. 134.

[5] Бичурин, II, с. 260; Ӯnoki K., 1955 а, 1959, р. 24–25.

[6] Nöldӯkӯ Th, 1879, s. 98–102; Шмидт А. Э., 1958, с. 445–447–475.

[7] Nöldӯkӯ Th, 1879, s. 101–102.

[8] Marquart J., 1901, s. 50–52.

[9] Тревер К.В., 1954, с. 136 (хатти гусиста аз ман.– Б. U.).

[10] Дар ҳамон ҷо, с. 136–137.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …