Главная / Илм / КЕРАТОЗҲО

КЕРАТОЗҲО

keratozhoКЕРАТОЗҲО (Keratosis; юн. keras, keratos – шох), як гурӯҳи бемориҳо, ки дар мавриди он пӯст аз ҳад зиёд шуға мебандад. К. бемориҳои маъмул мебошанд. К. ғайримодарзодӣ ва модарзодӣ мешаванд.
К.-и ғайримодарзодӣ дар мавриди баъзе бемориҳои сироятӣ (махав, сифилис, сӯзок), ихтилоли фаъолияти асаб ва ғадудҳои усораи дохилӣ (мас., кератодермияи климактерии кафи дасту по), омосҳои саратонии аъзои дарун, хусусан сурхрӯда, меъда ва ғ. инкишоф меёбад. К. мумкин аст касбӣ низ бошанд; онҳо зери таъсири омилҳои химиявӣ, механикӣ ва афканишот ба вуҷуд меоянд. Чунин навъи К., одатан, дар ҷойҳои кушодаи пӯст, мас., дар даст пайдо мешаванд. Дар пӯсти пушти дасти духтурони рентгенолог баъди 20 – 25 соли кор зери таъсири афканишоти бардавом (он хеле кам ҳам бошад) ҳосилаҳои озахмонанди рангашон зарди хокистарӣ инкишоф меёбанд. Дар коргароне, ки муддати мадид бо қатрон, равғани ангишт, нефт, гудрон тамос доранд, дар даст озахҳои сахт пайдо мешаванд. Дар пӯсти рӯй, гардан, бозу мумкин аст пулакчаҳои шохин ба вуҷуд оянд.
Дар организм нарасидани витамини А ва С боиси хушкидани пӯсти тамоми бадан мегардад. Дар одамони калон бисёр вақт К.-и пирсолӣ ба вуҷуд меоянд (дар бинӣ, рухсора, гардан, чакка ва ғ.). Баъзан ҷойҳои шуғбастаи пӯст ба яра табдил меёбанд.
Дар байни К.-и модарзодӣ бештар ихтиоз, кератодермия, поликератозҳо дучор меоянд. Барои муолиҷаи К. парҳез ва истеъмоли ғизоҳои дорои витамини А ва гурӯҳи В муфид аст. Ҳамчунин обзанҳои оҳарӣ (37 – 38°С), содаӣ ё намакӣ (1 – 3%) аҳамияти калон доранд. Духтур марҳамҳои гуногун, афканишоти ултрабунафш, электрокоагулятсия ва ғ. низ таъин мекунад. Фарҷоми беморӣ хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …