Главная / Илм / КЕРАТОМИКОЗҲО

КЕРАТОМИКОЗҲО

keratomokozКЕРАТОМИКОЗҲО (Keratomycosis), шукуфаи сабӯсакмонанд (гуногунранг). Ангезандаи К. занбӯруғи хамирмояшакл буда, дар қабати шохини эпидермис зиндагӣ мекунад. Ба пайдоиши К. серарақӣ ва диатези себореявӣ мусоидат менамоянд. Дар мавриди К. дар пӯсти сарсина, тахтапушт, гардан, китф ва қисми мӯйдори сар доғҳои хурд (қутрашон 3 – 5 мм)-и ҷигарии зардтоб пайдо мешаванд (ҳангоми кофтан андаке сабӯсак доранд). Доғҳо тадриҷан зиёд ва ба ҳамдигар пайваст гашта, ба лаккаҳои калон табдил меёбанд. Маризӣ хоришу сӯзиш намекунад. Бо мақсади ташхиси К. ба ҷойҳои осебёфта маҳлули йод молида бо спирт тоза мекунанд, дар натиҷа қабати шохини пӯст, ки занбӯруғ ковок кардааст, йодро зуд ҷаббида, доғҳо ранги ҷигарии баланд мегиранд (онҳо дар заминаи ранги қадре зардчатоби пӯсти солим хуб намоён мешаванд).
Бемории эритразма низ мансуби К. аст. Дар қисми болои шохпардаи эпидермис инкишоф меёбад. Маризӣ аз одами бемор сироят мекунад. Ҳангоми пои бараҳна гаштан аз хок низ сироят ёфтан мумкин аст. Бисёр вақт дар одамони калонсол (асосан дар мардҳо) ба мушоҳида мерасад (дар чинҳои пӯст пайдо мешавад).
К.-ро духтури дерматолог муолиҷа мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …