Главная / Илм / КЕРАТОМАИ ПИРСОЛӣ

КЕРАТОМАИ ПИРСОЛӣ

keratomai-pironsoliКЕРАТОМАИ ПИРСОЛӣ (Keratoma senile), кератопапиллома, озахи пирсолӣ, озахҳое, ки дар давраи солхӯрдагӣ дар пӯст пайдо мешаванд. Андозаи онҳо 1 – 2 см буда, боляшон бо қабати шохини дорчинӣ ё зардчатоб фаро гирифта шудааст. Сабаби пайдоиши К. п. ихтилоли шуға бастани пӯст мебошад. К. п.-ро ба бемориҳои қаблиомосӣ мансуб медонанд. Озахҳо ягон-ягон ё гурӯҳ-гурӯҳ дар пӯсти рӯй, гардан, пушти панҷа пайдо мешаванд (инкишофи онҳо суст аст). Дар сурати маҷбуран кандани пулакчаи шохин аз зери он хун меравад.
К. п.-ро бо ҷарроҳӣ, криотерапия ва марҳамҳои махсус табобат мекунанд. Озахҳоро аз соиш хӯрдан, лат ёфтан ва нури офтоб ҳифз бояд кард, вагарна мумкин аст хусусияти саратонӣ касб намоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …