Главная / Илм / КАРТОШКА

КАРТОШКА

kartoshkaКАРТОШКА (Salanum tuberosum), сабзавотест маъмул. Пояаш рост, то 30 – 150 см қад мекашад. Барги пармонанд, гули сафед, кабуд, бунафш, бунафши сурхтоб, ғуҷуммеваи мудаввар ё байзашакли сертухм дорад. Аз К. зиёда аз 200 хел таом тайёр мекунанд. Барои истеҳсоли спирт, оҳар, глюкоза, каучук ва ғ. низ ашёи хом аст. Оҳари онро дар саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ ва коғазбарорӣ васеъ ба кор мебаранд. Дар таркиби лӯндаи К. оҳар, қанд, сафеда, намакҳои минералӣ, витаминҳои С, В1, В2, В6, Д, РР, Е, U ва каротиноидҳо мавҷуд мебошанд.
Табибони халқӣ К.-ро тарошида ба ҷойҳои сӯхта, шукуфа ва диг. бемориҳои пӯст мебанданд. Бӯй кардани буғи К. (ҳангоми ҷӯшондани он) назлаи роҳҳои болоии нафас, ларингит, фарингит, зуком ва баъзе бемориҳои дигарро шифо мебахшад. Шираи бо саршир ва қаймоқ омехтаи К.-ро барои равондани доғи кунҷидак ва муолиҷаи кафидагиҳои пӯст истифода мебаранд. К.-и хом туршии шираи меъдаро мӯътадил мегардонад, бинобар ин барои муолиҷаи захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта муфид аст. К. зардаҷӯш, оруғ ва диг. иллатҳоро рафъ менамояд.
Дар тибби илмӣ К. барои беморони иллати дил ва гурда ғизои парҳезӣ маҳсуб мешавад. Муқаррар гаштааст, ки нақеъи гули К. фишори хунро паст ва нафаскаширо тез мекунад, алкалоидҳои он хосияти зиддигистаминӣ, зиддимикробӣ, зиддизанбӯруғӣ ва инсектисидӣ доранд. Оҳари К. дар мавриди бемориҳои музмини узвҳои ҳозима ва чун давои мулайину рафъи илтиҳоб истифода бурда мешавад.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …