Главная / Илм / «ҚАРОБОДИНИ ҚАЛОНИСӣ»

«ҚАРОБОДИНИ ҚАЛОНИСӣ»

kalonisi«ҚАРОБОДИНИ ҚАЛОНИСӣ», асари Қалонисӣ дар боби тиб. Тақр. с. 1194 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Чи тавре ки Ибни Абӯусайбиа дар асари худ «Таърихи табибон» қайд намудааст, муаллиф ҳангоми навиштани асари мазкур аз «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино, «Ал-Ҳовӣ», «Ал-Комил»-и Абӯбакри Розӣ ва ғ. истифода бурдааст. «Қ. Қ.» аз 49 фасл иборат буда, дар он усулҳои шустану хушконидани дорувор ва аз омехтаҳо тайёр намудани доруҳои хока, хамира, ҳаб ва қурс, инчунин тарзи истеъмоли онҳо баён гаштаанд. Ғайр аз ин, ӯ дар асараш дар бораи хусусиятҳои доруии баъзе заҳрҳо, доруҳои зидди ҳашарот, тариқи ивази як дору ба доруи дигар (ҳангоми дарёфт нашудани доруи даркорӣ), инчунин оид ба вазни ченакҳои тиббӣ низ маълумот додааст. «Қ. Қ.» дар омӯзиши таърихи дорушиносии шарқ аҳамияти калон дорад. Аз «Қ. Қ.» ду нусха дастхат маълум буда, яке дар китобхонаи Берлин ва дигаре таҳти рақами 3925 дар фонди дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АИ ӯзбекистон маҳфузанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …