Главная / Илм / КАРИЮ ГУНГӣ

КАРИЮ ГУНГӣ

kariyu-gungiКАРИЮ ГУНГӣ (Surdomutismus), ҳолати лолӣ ва гӯшкарие, ки модарзод ё айёми кӯдакӣ пайдо шудааст. Кӯдаки гӯшаш вазнини модарзод гап заданро мустақил аз худ карда наметавонад, зеро ба одамони атроф иртиботи нутқӣ надорад. Агар қобилияти сомеаи вай овони кӯдакӣ гум шуда бошад, пас он захираи калимаҳое, ки қаблан дошт, тадриҷан аз байн рафта, К. г. оғоз меёбад. Аз ҳамин сабаб ташхиси бармаҳали гӯшвазнинӣ ё карии тифл баҳри андешидани тадбирҳои муолиҷавӣ зарур буда, аксар вақт натиҷаи мусбат медиҳад. Аз ин рӯ муҳим аст, ки модар ва наздикони ӯ кӯдаконро таҳти назорати доимии худ гиранд. Агар онҳо аз карии тифл пай баранд, пас ӯро ҳатман назди духтури оториноларинголог бурдан лозим аст. Усулҳои замонавии таҳқиқот барои муайян намудани дараҷаи карии ҳатто кӯдаки ширмак низ имконият медиҳад. Баъзан гум шудани қобилияти сомеаи тифл ба аденоидҳо вобаста аст. Дар ин маврид бо усули ҷарроҳӣ аденоидҳоро гирифта мепартоянд. Агар карӣ илоҷнопазир, яъне натиҷаи инкишофи номукаммали гӯши дарунӣ, сарсом ё зарбу лат бошад, он вақт диққати асосӣ ба тараққӣ додани нутқи кӯдак равона мешавад. Бинобар ин, таълими кару гунгон ҳар қадар барвақт оғоз ёбад, натиҷааш ҳамон қадар беҳтар аст.
Муассисаҳои махсуси сурдопедагогӣ мавҷуданд, ки дар он ҷо кару гунгонро нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ меомӯзанд. Ҳанӯз дар а. 16 барои омӯзиши К. г. алифбои дастӣ ё ангуштӣ пешниҳод шуда буд. Ба кару гунгон азбар кардани нутқи хаттӣ ва алифбои дастӣ нисбат ба нутқи шифоҳӣ осонтар аст, зеро онҳо овозҳоро дар нутқи шифоҳӣ асосан бо қувваи босира (аз ҳаракати лабҳо) дарк мекунанд. Ба омӯзиши нутқи шифоҳӣ мавҷудияти осори сомеа – бо ном ҷазирачаҳои шунавоӣ мусоидат менамоянд. Онҳо ба кару гунгҳо имконият медиҳанд, ки овозу задаҳоро шунаванд, баъзе овозҳои садонок ва ҳатто ҳамсадоҳоро фарқ кунанд. Дар ин гуна маврид асбобҳои шунавоӣ, ки овозҳои алоҳидаро интихобан тақвият медиҳанд, кӯмаки калон мерасонанд.
Дар ҷумҳурӣ мо системаи томи таълиму тарбияи кӯдакони кару гунг бунёд ёфтааст. Дар яслию боғчаҳои махсуси кӯдакон доир ба ташаккули нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ, такмили бақияи қобилияти соме кори мунтазам бурда мешавад. Кӯдакон дар он ҷо тарбияи ҷисмонӣ, фикрӣ ва ахлоқӣ мегиранд. Аз 7-солагӣ ба мактабҳои махсуси кару гунгҳо дохил мешаванд; дар он ҷо таълими нутқ идома меёбад. Машғулиятҳо ба тарзи фардӣ мегузаранд, синфхонаҳо бо асбобҳои акустикии замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Кару гунгон баробари таълими нутқ дар устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ (харротӣ, челонгарӣ, дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва ғ.) касб меомӯзанд. Онҳо баъди хатми мактаб метавонанд таҳсилро дар мактаби олӣ давом диҳанд.
Кару гунгҳо дар мамлакати мо шаҳрвандони комилҳуқуқ буда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …