Главная / Илм / КАРДИОСТИМУЛЯТСИЯ

КАРДИОСТИМУЛЯТСИЯ

kardiostimulyatsiyaКАРДИОСТИМУЛЯТСИЯ (Cardiostimulatio; аз кардио… ва лот. stimulato – ангезиш), тавассути барқ таҳрик додани дил; яке аз усулҳои табобати ноҷуриҳои зарби дил, ки тавассути асбобҳои махсус – кардиостимуляторҳо гузаронда мешавад.
Кардиостимулятор генератори доимии импулсҳои электрии дар давраҳои муайян такроршаванда аст. Он вазифаи уқдаҳои асабро иҷро карда, автоматизми фаъолияти дилро, ки хоси одами солим аст, ба низом медарорад. Кардиостимулятор аз ду қисми асосӣ – электродҳо (бештар ба мушаки дил – миокард насб мекунанд) ва манбаи электр иборат аст.
Асбобро метавон барои таҳрики доимии дил истифода бурд. Онро тавассути ҷарроҳӣ дар бадани инсон ҷойгир мекунанд: электродҳоро дар миокард, манбаи энергияро ба зери пӯсти шикам, сандуқи сина ё зери каш ҷой медиҳанд. Кардиостимулятори радиобасомадро бемор барои фурӯ нишондани алоими тахикардия истифода мебарад. Ҳамчунин стимуляторҳое ихтироъ шудаанд, ки ҳангоми суст ё зиёд гаштани басомади таппиши дил ба таври автоматӣ ба кор даромада фаъолияти онро ба низом медароранд. Аз с-ҳои 70 инҷониб усули аз вариди даст ё гардан бевосита ба ҷавфи дил (меъдачаи рост) гузарондани электродҳоро кор карда истодаанд. Ҳолати электродҳо дар рафти муоинаи рентгенологӣ бо ёрии дастгоҳҳои махсусе, ки асбобҳои табдили электронию оптикӣ доранд, назорат карда мешавад. Кардиостимуляторро барои муолиҷаи беморони синну солашон гуногун истифода бурдан мумкин аст. Ин кор дар муассисаҳои ҷарроҳии дил иҷро карда шуда, аксар вақт натиҷаи хуб мебахшад. Баъди К. бемор бояд ба набзи худ (суръати он ҳама вақт як хел, тақр. 68 ¬¬¬– 80 зарб дар як дақиқа мешавад), инчунин ба ҳолати захмҳои баъди ҷарроҳӣ, ки баъзан мадда мекунанд, назорат кунад.
Баъзан дар натиҷаи шикастани электродҳо ва муҳаррикҳо нуқсонҳои техникӣ ба амал меоянд. Чунин ҳолат ҷарроҳии нав ва бартараф кардани иллатҳоро талаб менамояд. Агар манбаи энергия тамом шавад, онро иваз мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …