Главная / Илм / КАРДИОНЕВРОЗ

КАРДИОНЕВРОЗ

kardionevrozКАРДИОНЕВРОЗ (Cardioneurosis), ихтилоли рӯҳию ҷисмӣ, ки дар мавриди он фаъолияти силсилаи дилу рагҳо табоҳ мегардад. К. бо аломатҳои ҳисси фишору тазйиқ ва дард дар мавзеи дил (кардиалгия), тез шудани таппиши дил ва бесуботии низоми он (тахикардия, экстрасистолия), баланд шудани фишори хун, серарақӣ, хунук гаштани дасту по, дермографизми сафеди устувор ва ғ. падид меояд. Аз нигоҳи рӯҳӣ дар маризон зуҳуроти парешонхотирӣ, афсурдарӯҳӣ, хуруҷи таҳлука, ки марбут ба омолҳои берунӣ намебошанд, ба мушоҳида мерасад. Дар чунин маризон зери таъсири хуруҷи таҳлука низоми кори дил тағйир ёфта, ҳисси чарх задани сар ва сустию беҳолӣ ба вуҷуд меояд, эҳсоси ба китфи чап ва байни шона гузаштани дард пайдо мешавад. Муолиҷаи К. вазифаи духтури амрози рӯҳӣ ва кардиолог мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …