Главная / Илм / КАРДИОМЕГАЛИЯ

КАРДИОМЕГАЛИЯ

kardiomegaliyaКАРДИОМЕГАЛИЯ (Cardiomegalia), дилкалонӣ, аз андозаи муқаррарӣ бузург шудани дил. Мумкин аст як ё ҳар чор даҳлези дил калон шавад. Муқаррар кардани он ки кадоме аз даҳлезҳои дил калон аст, кори душвор буда, тадқиқоти махсусро тақозо мекунад. Дар одамони тандуруст андоза ва сохтори дил вобаста ба конститутсия, геометрияи сандуқи сина, тарзи ҷойгирии дил дар қафаси сина, давраи нафаскашӣ ҳангоми тадқиқот ва усули кор гуногун мебошад. Дили хурд ҳамеша нишонаи мӯътадилии он нест; дили калон низ маънои бемории миокард ё осеби даричаҳои дилро надорад.
К. дар мавриди муоинаи физикӣ ё бисёр вақт рентгенографияи сандуқи сина муқаррар карда мешавад. Калон шудани дилро, одатан, фақат баъди васеъ гаштани ҷавфи он ошкор менамоянд. Гипертрофияи возеҳи меъдачаҳои дил бидуни васеъ шудани ҷавфи он муддати мадид аз назар пинҳон мемонад. Аз 10 то 20 мм ғафс гаштани девораи меъдачаи чапи дил далели гипертрофияи возеҳ аст, вале як сантиметри зиёдатиро дар мавриди муоинаи физикӣ ё рентгенографияи сандуқи сина наметавон ошкор сохт.
Дар сурати гумонбар шудан аз К. духтур бояд сабаби онро муқаррар созад. Бинобар ин барои ташхиси К. силсилаи дилу рагҳоро мудом тадқиқ кардан лозим аст. Бисёр вақт дар мариз аломатҳои бемории дил мушоҳида мешаванд. Азбаски дар одамони калонсол К. бисёр вақт ба васеъ шудани меъдачаҳои чап ё рост вобаста аст, ҳангоми ғундоштани анамнез маҳз ба ихтилоли фаъолияти меъдачаҳо эътибор додан лозим меояд. Хусусан дар мавриди оромӣ ё кори ҷисмонӣ дамкӯтоҳ шудан ё нашудани бемор ба ташхиси К. кумак мерасонад. Хуруҷи дард дар сандуқи сина, мавҷудияти парикардит, тарбод, гипертензияи шараёнӣ, диабети қандӣ, бемориҳои сироятии аз сар гузаронда, дилбастагӣ ба истеъмоли шароб, истифодаи доруҳо (гидролазин, новокаинамид, метилдоф, адриамитсин) ва диг. омилҳо низ баҳри ташхиси К. аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …