Главная / Илм / КАРАМ

КАРАМ

karamКАРАМ, сабзавотест маъмул. К. сабзавоти қадимист. 4 ҳаз. сол пеш баргкарам, гулкарам, карамшалғам, каллакарам ва ғ.-ро мепарвариданд. Бино ба маъхазҳои таърихӣ, каллакарами сафед аслан аз мамлакатҳои соҳили б. Миёназамин аст. Каллакарами сафед маъмултарин навъи К. буда, дар тамоми мамлакатҳо парвариш мешавад. К. ба миқдори зиёд карбогидратҳо, сафеда, намакҳои минералӣ ва витаминҳои С, А,В, РР, К дорад. К.-ро тару тоза, пухта, дам карда ва очоронида истеъмол мекунанд.
К. ҳазми хӯрокро беҳтар сохта, бемориҳои зангила, истисқо ва ниқрисро пешгирӣ менамояд. Оби К.- и тару тоза аҳамияти хуби муолиҷавӣ ва таъсири рафъи уфунат ва зиддиилтиҳобро дорад. К.-ро барои муолиҷаи бемориҳои зардпарвин, бемориҳои испурч, бронхит, касалии ҷигар, гастрит, колит, махсусан захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта истифода мебаранд. Кӯфтаи барги К.-ро ба рӯй мегузоранд. Он пӯстро нарму ботароват мегардонад (хусусан агар ба он асал ва як қошуқ йогурт илова карда шавад). Истеъмоли оби К. ба захми рӯдаи дувоздаҳангушта шифо мебахшад, дарунро тоза мекунад. Якҷоя истеъмол намудани оби сабзӣ ва оби барги К. пайдоиши бемории пародонтозро пешгирӣ менамояд. Рӯзе 2 – 3 маротиба истеъмол кардани 1 – 2 истакон оби ширгарми К. (пеш аз таом) давои гастрити музмин, бемориҳои ҷигар ва сипурз, камии шираи меъда маҳсуб мешавад. Оби К. бо қанд сурфаи куҳна ва гирифтагии овозро нафъ дорад, ҷӯшоби К. бо асал амрози роҳи нафасро бартараф месозад. Дар мавриди бемориҳои сипурз оби К.-ро як соат пеш аз таом рӯзе 2 – 3 маротиба (1 – 2 истаконӣ) истеъмол мекунанд. Ҳангоми саратони меъда ва рӯда, камхунӣ, бемории Базедов оби К. якҷоя бо асал ё қанд истеъмол карда мешавад. Ба банду буғум гузоштани барги тару тозаи К. дарди ниқрисро таскин мебахшад, 2 – 3 рӯз баста гаштани он ба экзема, радикулит нафъ мерасонад. Агар собуни ҷомашӯиро аз турбтарошак гузаронида, шаб якҷоя бо барги К. ба сутунмӯҳра банданд, остеохондрозро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …