Главная / Илм / КАМПИЛОБАКТЕРИОЗ

КАМПИЛОБАКТЕРИОЗ

kampilobakteriozКАМПИЛОБАКТЕРИОЗ, як навъ бемории сироятӣ, ки бо аломатҳои зарар ёфтани роҳи меъдаю рӯдаҳо падид меояд. Ангезандаи К. Campylobacter jejini буда, он ҳангоми ҷӯшондан зуд маҳв мешавад.
Манбаи ангезандаҳои беморӣ ҳайвоноти гуногун (гов, хук, гӯсфанд, паррандаҳои хонагӣ, сагу гурбаҳо, мушу калламушҳо) мебошанд. Баъзан одам низ метавонад ангезандаи маризиро паҳн кунад. Ангезандаҳо ба тавассути наҷосат хориҷ шуда, ба организми одам аз шир, гӯшт, сабзавот мегузаранд.
Давраи ниҳонии беморӣ 1 – 2, баъзан то 6 рӯз аст. Он ба таври шадид оғоз ёфта, сустию беҳолатӣ, дилбеҳузурӣ, қай ба вуҷуд меояд, зери қабурға дард мекунад. Ҳарор. бадан баланд (38 – 40°), банду буғум ва мушакҳо дардманд мешаванд, дарун меравад (наҷосат бадбӯй аст). Беморӣ некфарҷом аст. Барои пешгирии он ба қоидаҳои таҳияи ғизо ва тозагӣ риоя кардан лозим.

Ш. Матинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …