Главная / Илм / КАМОЛ

КАМОЛ

kamolКАМОЛ (Ferula), кумот, номи умумии чанд навъ гиёҳи бисёрсола. Аз 2 то 3 м қад мекашанд. Баргҳои бурришнок, тӯдагули чатршакл, гулҳои майдаи зард ё сафедча доранд. Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди он мерӯяд. К.-ро метавон дар маҳалҳои кӯҳсор дучор омад. Аз К. зифт, самғ, эфир, дору ва ғ. мегиранд, мас., асса-фетида, галбан, сапаген, аммониакум ва ғ. Асса-фетида, ки аз F. assa-foetida ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи бемориҳои асаб истифода мешавад. Рошак (F. primaeva), касруф (F. Eugenii), ров (F. foetidissima) мансуби ҷинси К. мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …