Главная / Ҷамъият / Камбағалӣ духтарони тоҷикро куҷо мебарад

Камбағалӣ духтарони тоҷикро куҷо мебарад

Ман Санам, ҳабдаҳсолаам. Падар надорам. Модари бечораам дар саҳро кор карда, рӯзи ман ва ду хоҳарамро бо як азоб мегузаронад.  Зиндагиамон хеле бад аст.

Духтари аълохон будам, вале се сол пеш мактабро тарк кардам. Ҳамсинфонам либосҳои хуб доштанду ба ҳоли мани ҷандапӯш механдиданд. Дар танаффуси калон онҳо ба ошхона даромада хӯрок мехӯрданду ман бо даҳони воз мемондам. Пули китоб ва дигар лавозимоти мактабиро дода натавониста, ҳамеша дар назди муаллимон сурху сафед мешудам. Билохира бепулӣ маро маҷбур кард, ки тарки мактаб намоям.

duxtaron

Камбағалӣ айб нест мегӯянд, вале ин гап сафсатта ва дурӯғ аст. Камбағалро касе одам намешуморад. Дар ин замона саг қадр дорад, вале одами камбағал не. Ин ҳақиқати талх аст. Инсоф, муруват, дасти афтодаро гирифтан калимаву ибораҳои зебоянд, вале дар асл вуҷуд надоранд. Имону инсоф афсонае беш нест. Ин гапҳоро барои фиреб кардани мардуми камбағал бофта баровардаанд. Инро ман аз таҷрибаи талхи зиндагии худам мегӯям. Худованд ба ман ҳусну ҷамоли зебо додааст. Бачаҳои ҳамсоя ва ҳатто падаронашон бо ман бо чашми шаҳват назар карда, гап мепартоянд, ҳатто як ҳоҷии ҳамдеҳаамон, ки панҷ вақт намозашро дар масҷид мехонад, ошкоро ба ман пешниҳод кард, ки агар як бор ба оғӯшаш дароям, сару либос харида медиҳад. Ҳамин қадар имон доранд, ҳамин қадар Худоро мешиносанд ин одамони зоҳиран худопараст ва тақводор!

Маро касе келин кардан намехоҳад, чунки бадномзада ҳастам. Ҳамсояҳои худозадаамон вақте диданд, ки дасташон ба домони мани камбағал намерасад, бо туҳмат тамғаи фоҳишаро ба ман часпондаанд. Худо шоҳид аст, ки ҳама гапҳои ин одамони беимон дурӯғу туҳмат аст, вале касе ба ман бовар намекунад. Масҷиди деҳаи мо хонаи Худо не, ғайбатхона гаштааст. Барои ибодат ба хонаи Худо рафта, то як поси шаб зану духтарҳои мардумро ғайбат карда мешинанд.

Пеши худ аҳд кардам, ки зани ягон маймун ё албастӣ мешавам, вале зани чунин мардони номард не. Дилам аз одаму олам мондааст, баъзан шайтон васваса мекунад, ки эй духтар, баро рав, бо ҷавонони пулдор кайфу сафо кун, беҳтарин либосро мепӯшӣ, гули хӯрокро мехӯрӣ ва роҳати зиндагиро мебинӣ, аммо боз гиребони тавба медорам, чунки аз Худо шарм медорам, аз расвогии рӯзи қиёмат метарсам.

Шабҳо бо модару хоҳараконамон дарро қуфл карда хоб меравем, то ягон марди бехудо ба хонаамон зада надарояд. Аслан ин дар қудрати моро ҳифз кардан надорад, зеро чунон фарсуда аст, ки бо як мушт пора- пора мешавад, аммо ёри мискину бечорагон Худост. Мо ҳар шаб тақдири худро ба дасти Худованд супурда ба бистари хоб медароем.

Ростӣ,  ин зиндагии сагона ба дилам задааст, мехостам худкушӣ кунам, вале як роҳгузар маро наҷот дод. Як марди бегона бори нахуст маро «духтарам» гуфту модарамро «хоҳарам». Умедатро аз Худо накан, Худованд меҳрубон аст гӯён, чунон насиҳатҳое кад, ки дар умрам аз касе нашунида будам. Он раҳгузарро шояд Худо фиристод, шояд фаришта ё малоика буд, зеро чӣ хеле, ки омад, ҳамон хел ноаён баромада рафт.

Бо вуҷуди ин, ман дигар ба касе бовар надорам. Ба назарам чунин менамояд, ки аз одам дида ҳайвони ваҳшитар дар тамоми дунё нест.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …