Главная / Гуногун / Калиди ҳамаи дарвозаҳои биҳишт

Калиди ҳамаи дарвозаҳои биҳишт

Аз Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (раз) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) дар зимни каломи тӯлоние фармуд: «Ҳар касе аз шумоён ба таври комил таҳорат бинамояд ва баъд аз таҳорат кардан ин калимотро бигӯяд, ҳар ҳашт дарвозаи биҳишт барояш кушода хоҳанд шуд ва аз ҳар дарвозае, ки бихоҳад, метавонад вориди биҳишт шавад». Калимот ин аст:

bihshat

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ.

 Фариштаҳо ҳангоми хоб дар ивази ҳар некӣ

даҳ-даҳ гуноҳ аз инсонро пок мегардонанд

Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Вақте инсон мехобад, фаришта ба шайтон мегӯяд, ки: «Номаи аъмоли ӯро бидеҳ». Ӯ номаи аъмолашро ба фаришта медиҳад. Баъдан дар ивази ҳар некие, ки анҷом додааст, даҳ-даҳ бадӣ аз вай маҳв гардонида мешавад ва онҳоро табдил ба некӣ мекунанд. Бинобар ин ҳар яке аз шумо вақте қасди хобиданро мекунад, 33-маротиба «Субҳоналлоҳ» ва 33-маротиба «Алҳамду лиллоҳ» ва 34-маротиба «Аллоҳу акбар» бигӯяд, ки инҳо бо ҳам сад маротиба мешаванд».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …