Главная / Илм / КАҲЧИМ

КАҲЧИМ

kahchimКАҲЧИМ (Allochrusa paniculata), хасғелак, гиёҳест бисёрсола. Дарозии тиррешааш аз 30 то 70 см. Пояаш борики сершох (25 – 100 см қад мекашад), баргаш нештаршакли бехор (дарозиаш 1 – 3 см), гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, тухмаш майдаи сиёҳ. Моҳҳои июн – июл гул карда, ғӯзааш моҳҳои август – октябр мепазад. Дар нишебиҳои доманакӯҳҳо ва теппаҳо мерӯяд. Решаи онро, одатан, баъди гулшукуфт мекананд.
Дар тибби мардумӣ қиёми К.-ро ҳамчун доруи пешоброн, арақрон, балғамовар (ҳангоми бронхит, сулфа) ва беҳсозандаи мубодилаи моддаҳо тавсия медиҳанд. Қиёми решаи онро дар мавриди бемориҳои гуногуни роҳҳои нафас ба сифати доруи балғамрон ва чун доруи исҳоловар истифода мебаранд. Нақеъи он хосияти зиддимикробӣ дорад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …