Главная / Илм / КАФИДАГИИ МАҚЪАД

КАФИДАГИИ МАҚЪАД

kafidani-makadКАФИДАГИИ МАҚЪАД, бемориест, ки бо нуқси луобпардаи мақъад падид омада, бо дард ва хуншорӣ ҷараён мегирад. Сабаби К. м. бо душворӣ қазои ҳоҷат кардан, таваллуди вазнин ва диг. омилҳо мебошанд. Ба пайдоиши К. м. илтиҳоби луобпардаи рӯдаи рост ва мақъад (проктит, криптит, папиллит) ва бавосир мусоидат менамоянд.
Ҳангоми К. м. дард бардавом (то 5 – 6 соат) буда, дар вақти қазои ҳоҷат ва баъди он хуруҷ меёбад. Ҷараёни К. м. шадид ва музмин аст. Дар аснои шадид будани маризӣ дард бошиддат буда, бемор маҷбур мешавад қазои ҳоҷатро қатъ кунад. Дар натиҷа наҷосат ба луобпарда фишор оварда, онро беш аз пеш озурда менамояд. Агар дар вақти шадид будани беморӣ дард ҳангоми қазои ҳоҷат пайдо шавад, пас дар аснои музмин гаштани он дард, одатан, баъди қазои ҳоҷат ба вуҷуд меояд.
Дар мавриди К. м. тадқиқи ректалиро бояд эҳтиёткорона гузаронд. Қабл аз тадқиқ ба ангушт марҳами карахтсозанда мемоланд. Ректоскопия фақат баъди ба ҷои кафида фиристодани 4 – 5 мл маҳлули 1%-аи новокаин ҷоиз аст.
Бемории шадидро бо дору, парҳези қатъӣ, давоҳои дарунрон, истеъмоли равған (вазелин, равғани офтобпараст, ангат, моҳӣ), микроклизмаҳо, обзанҳои гарм бо маҳлули сусти перманганати калий (баъди қазои ҳоҷат) муолиҷа мекунанд. Ҳангоми натиҷаи дилхоҳ надодани ин ҳама ва ҷараёни музмин касб кардани беморӣ аз инҳисори спирту новокаинӣ истифода мекунанд ё ба ҷои кафида маҳлули равған (равғани шафтолу), доруҳои рафъи дарди таъсирашон бардавом, ҳамчунин фенол, спирт равон месозанд. Агар ин ҳама бесамар анҷом ёбад, пас ба ҷарроҳӣ даст мезананд.
Фарҷоми беморӣ хуб аст. Барои пешгирӣ кардани К. м. ба қабзияти шикам роҳ додан лозим нест. Ҳамчунин бемориҳои қулун ва рӯдаи рост бояд саривақт муолиҷа карда шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …