Главная / Илм / КАДУДОНА

КАДУДОНА

kadudonaКАДУДОНА, мӯяккиҷа, остритса, навъе аз киҷҷа. Дар рӯдаи одам зиндагӣ мекунад. Дарозиаш 3 – 12 мм. Одам ҳангоми бо гарду чанг ба роҳи нафас афтодани тухми онҳо сироят меёбад. К. дар назди мақъад тухм гузошта, боиси хоришу сӯзиши он мешавад. Тавассути дасти ифлос ва хӯрокворӣ низ сироят ёфтан мумкин аст. Бо мақсади пешгирии сирояти К. баъди қазои ҳоҷат ва пеш аз хоб мақъадро шуста вазелин кардан лозим аст. Либоси таг, хусусан трусиро ҷӯшонда, нағз дарзмол кардан барои пешгирии сирояти К. аҳамияти калон дорад. Ниг. низ Гелминтҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …