Главная / Илм / ҚАДУ ҚОМАТ

ҚАДУ ҚОМАТ

kadu-komatҚАДУ ҚОМАТ, вазъи муқаррарии ҷуссаи одам дар ҳолати оромӣ ва ҳангоми ҳаракат; аз давраи кӯдакӣ дар рафти сабзишу инкишоф ва тарбия ташаккул меёбад. Қ. қ.-и дуруст пайкари одамро зебо мегардонад, ба фаъолияти мӯътадили узвҳои ҳаракат ва тамоми организм мусоидат мекунад.
Агар Қ. қ. дуруст бошад, хамии табиии сутунмӯҳра мӯътадил буда, шонаҳо мутаносиб ҷойгир мешаванд; китфҳо баробар ва андаке рост, шикам хурд, пойҳо рост, равоқи панҷаи по боэътидол, мушакҳо қавӣ, роҳравӣ зебо мегардад. Ҳангоми нодуруст будани Қ. қ., махсусан дар давраи сабзиш, устухонбандӣ иллат пайдо мекунад, кори узвҳои нафаскашӣ, гардиши хун, ҳозима, пешобронӣ бад шуда, фаъолияти асаб ва ҷиҳози таҳрика халал меёбад, дарди сар, хастагӣ, камиштиҳоӣ ба вуҷуд меоянд.
Қомати хамида, андоми заиф ва сутунмӯҳраи каҷ – аломати Қ. қ.-и нодурустанд. Ҳангоми қомати хамидае, ки бинобар инкишофи сусти мушакҳои тахтапушт ба вуҷуд меояд, сутунмӯҳраи қафаси сина ҷаста мебарояд; сар ба пеш хамида, сандуқи сина танг, китфҳо ба ҳам наздик, шикам калон мегардад.
Бемориҳои гуногун, хусусан рахит, гипотрофия, фарбеҳӣ, амрози сироятӣ, сапалпоӣ, тағзияи номукаммал, мебели нодуруст интихобшуда, нодуруст бардоштани партфел ва ғ. боиси халал ёфтани сабзиши Қ. қ.-и бачагон мешаванд.
Пешгирии иллати Қ. қ.-и носоз нисбат ба ислоҳи он хеле осон аст. Бинобар ин волидону хешу табор, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ бояд аз паи ташаккули дурусти Қ. қ.-и бачагон бошанд. Тағзияи бамаврид ва хушсифат, ҳавои тоза, масҳ ва варзиш, андешидани тадбирҳое, ки организмро обутоб медиҳанд, мувофиқи Қ. қ. интихоб намудани мебел аҳамияти калон дорад. Набояд барои дар ҷогаҳи бисёр нарм ва доимо ба як паҳлӯ хобонидани бачагон роҳ дод. Дар моҳҳои аввали ҳаёт ба зери сари тифл болишт намегузоранд. То 6-моҳагӣ кӯдакро шинондан, то 9-моҳагӣ ба пояш рост мондан мумкин нест. Кӯдак, одатан, аз 6-моҳагӣ ғайри ихтиёр мешинад, аз 9-моҳагӣ рост меистад. Бо истифода аз асбобҳои махсус ба кӯдак роҳгардиро омӯхтан лозим аст. Бояд аз паи он шуд, ки кӯдак дуру дароз диккак, ба зонуи одами калонсол, ба сари миз нашинад. Дар мавриди машғулият ва истеъмоли ғизо ба дуруст нишастани кӯдак эътибор додан лозим. Баҳри пешгирии инкишофи нодурусти Қ. қ. рафъи сапалпоӣ зарур аст. Зеро паҳн шудани кафи по ба фаъолияти он таъсири номусоид мерасонад, устухонбандии кос ва сутунмӯҳраро тағйир медиҳад. Ҳаёти кӯдак бояд ҳам машғулиятҳои серҳаракат ва ҳам камҳаракатро дарбар гирад. Ба устувор гаштани мушакҳои ӯ диққати калон бояд дод. Аз синни 1,5 – 2- моҳагӣ масҳ кардан хеле муҳим аст. Ба машқҳои қату рост кардани дасту по аз 3 – 4-моҳагӣ, вақте ки таранҷиши физиологии мушакҳои қаткунанда ва мушакҳои росткунандаи даст як хел мешаванд, шурӯъ менамоянд. Бо кӯдакони 3-сола ва калон машқҳои гимнастикӣ, бозиҳои серҳаракат, варзиши пагоҳӣ мегузаронанд, сайру гашт мекунанд. Ҳангоми бозиҳои серҳаракат сарулибос бояд васеъ бошад, ба ҳаракат халал нарасонад. Кори ҷисмониро аз рӯи меъёр ва пайваста бо истироҳат иҷро мекунанд. Хонае, ки дар он бачагон машғулият доранд, бояд равшан бошад. Дар мавриди нағз равшан набудани хона онҳо қоматро хам карда, нодуруст мешинанд. Тадбирҳои обутоби организм ба ташаккули дурусти Қ. қ. мусоидат мекунанд. Ҳангоми хамидақомат будан бо шиноварӣ машғул шудан муфид аст. Хоби кофӣ, ки ба асабу мушакҳо фароғат бахшида, гаронии сутунмӯҳра ва банду буғумҳои бачаро бартараф мекунад, аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …