Главная / Илм / КАДМИЙ

КАДМИЙ

kadmiyКАДМИЙ (лот. Cadmium, аз юн. kadmeia – маъдани руҳ), элементи химиявии гурӯҳи II ҷадвали элементҳои Менделеев; рақами ат. 48, массаи ат. 112,40; металли сафеди нуқратоб. С. 1817 Ф. Штромейер кашф кардааст. К. 8 изотопи собити адади массаашон 106, 108, 110 – 114, 116 дорад.
К металли вазнин, нарм ва ёзанда, ба кӯфт тобовар; t гуд. 320,9°С, t ҷӯш. 767°С; зичиаш 8650 кг/м3 (20°С). Пайвастҳояш дувалента аст. Дар ҳаво бо қабати тунуки оксиди тира – CdO пӯшида мешавад. Дар ҳарор. муқаррарӣ бо галогенҳо ва сулфур пайваст гашта, дар кислотаҳо нағз ҳал мешавад; ба таъсири ишқорҳо устувор аст. Намакҳои асосӣ, дучанда ва комплексии К. сершуморанд. Пайвастҳои К. (хусусан буғи оксиди К.) заҳрнок мебошанд. К. дар мубодилаи карбогидратҳо, синтези кислотаи гиппур дар ҷигар, фаъолияти баъзе ферментҳои организм аҳамияти муҳим дорад.
Пайвастҳои К. заҳрноканд, мас., CaO, CdSO, CaS. Ҳамаи онҳо таъсири ангезишовар дошта, ба силсилаи асабҳои марказӣ ва канорӣ, шуш, гурда, ҷигар, мушакҳои скелет, бофтаҳои устухон таъсири номатлуб мерасонанд. Барои пешгирӣ кардани зиёни К. дар корхона бояд ба қоидаҳои бехатарии меҳнат риоя карда шавад.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …