Главная / Гуногун / Ислоҳоти пулии Кадфизи II

Ислоҳоти пулии Кадфизи II

Кадфизи II дар сиёсати пул ислоҳоте ба амал оварда, тангаҳои тиллоро ба муомилот андохт. Одатан, чунин ақида маъмул буд, ки вазни тангаҳои тиллоии Кадфизи II дар асоси меъёри вазни тангаҳои римӣ – «динариус ауреус» муқаррар шуда буд, вале гуфтан лозим, ки дар байни тангаҳои Кадфизи II динорҳои дучанда, динорҳои муқаррарӣ, нимдинориҳо ва чорякидинориҳо ҳам буданд (вазни як динор қариб 8 г). Аз охири асри ХIХ масъалае муҳокима мешуд, ки ин меъёри вазн ба меъёри вазни тангаҳои тиллоии римӣ, ки Август сикка мезаду вазни онҳо ҳам 8 г буд, чи қадар робита дорад. Дар саҳифаҳои адабиёти хориҷӣ ва русӣ дар ин асос борҳо даъво мешуд, ки вазни тангаҳои тиллоии худро Кадфизи II аз вазни тангаҳои Август гирифтааст ва зиёда аз ин, тангаҳои тиллоии Кадфизи II дар замоне баромадаанд, ки ба давраи аҳди Август хеле наздик мебошанд. Вале ҳаминаш маълум, ки Август соли 14 пеш аз милод мурдаасту тангаҳои аз ҳама сервазнтари вай хеле пештар – аз солҳои 19 пеш аз милод сикка зада мешуданд. Баъд аз сари Август вазни тангаҳои тиллоии римӣ тадриҷан кам шуда, пас аз ислоҳоти соли 64 милодӣ 7,3 г муқаррар карда шуд. Лохвизен де Леев дар ин асос ба хулосае омад, ки Кадфизи II тангаҳои худро пеш аз ин ислоҳот, яъне пеш аз соли 64 милодӣ сикка мезадааст[1].

Вале ба қарибӣ Д.Макдоуэлл нишон дод, ки ин масъала саҳли мумтанеъ аст. Аввалан, дар Рим тангаҳои сервазни тиллоӣ баъди сари Август ҳам сикка зада мешуданд ва ин кор то худи соли 97 милодӣ давом кард. Сониян, тангаҳои тиллоии вазнашон қариб ҳаштграммӣ дар аҳди Август фақат аз соли 19 то соли 12 милодӣ бароварда мешуданд ва зимнан, баъдтар онҳо аз муомилот баромаданду дигар дар хазинаҳои мансуби нимаи якуми асри I милодӣ дучор намешаванд. Дар он вақт дар Рим фақат тангаҳое роиҷ буданд, ки вазни онҳо аз вазни тангаҳои Кадфизи II кам буд. Илова бар ин, (ҳар кадом схемаи хронологиро кор фармоем ҳам) мутлақо имкон надорад, ки аҳди Кадфизи II ба охири асри I пеш аз милод бурда шавад.

krass_parfiya_kadfizНа фақат мулоҳизаи мазкури Д.Макдоуэлл, балки чунин хулосаи вай ҳам ҷолиби диққат аст, ки навигариҳои Кадфизи II дар ин соҳа айнан нусхабардории қонуну қоидаҳои Рим набуд ва буда ҳам наметавонист. ҳам дар Рим ва ҳам дар Кушон ин тангаҳои тиллоӣ сарвати андак набуд. Зотан, ин тангаҳо ба сабаби гуногунии вазни худ ба ҷои ҳамдигар роҳ намерафтанд, вале тоҷироне, ки бо муомилоти моли бисёр машғул буданд, ин тангаҳоро дар тиҷорати байналхалқӣ кор мефармуданд, зеро дар ин хели тиҷорат масъалаи муовиза душвор нест. Ба ақидаи ин муҳаққиқ, тангаҳои тиллоии Рим ва Кушон на он гуна тангаҳое буданд, ки «дар як ва ҳатто дар кишварҳои ҳамҷавор паҳлу ба паҳлу гардиш карда тавонанд»[2].

Вале сарфи назар аз ин, мо ба маълумоти фаровони роҷеъ ба равобити ти-ҷоратии империяи Риму ҳиндустон, аз ҷумла, давлати Кушон, ба бозёфтҳои сершумори тангаҳои Рим дар хоки ҳиндустон[3], ба таъсири баҳснопазири усули сикказании римӣ ба тарзи сикказании кушонӣ чашм пӯшида наметавонем [4]. Вале ҳамаи ин касро ба андешае водор менамояд, ки сабаби дар муомилоти пулии Кушониён роиҷ шудани тангаҳои тилло эҳтиёҷоти тиҷорати байналхалқӣ буд ва дар бобати муқаррар шудани вазни тангаҳои тиллоии Кушониён таъсири меъёри тангаҳои Рим бошад ҳам, аммо гуфтан мумкин, дар ин бобат нусхабардорӣ ҷой надошт.

Е.В.Зеймал таъкид кардааст, ки дар як давлати бекарони муқтадир муттаҳид шудани мулкҳои парешону пароканда ва ба туфайли ҳамин хеле афзудани имконияти иқтисодиёти мамлакат яке аз заминаҳои асосии ислоҳоти мазкур гардиданд, ки дар айни он аз тангаҳои нуқра даст кашида, тангаҳои тиллоро ҷорӣ намуданд[5]. Ба фикри мо, ин даъвои Е.В.Зеймал, бешубҳа, дуруст аст.

«Маълум ки шоҳони давлати Кушониёни Кабир аз сикка задани тангаҳои нуқра тамоман даст кашида буданд,– менависад Е.А.Давидович,– вале ин масъала тадқиқоти махсусро тақозо дорад, аммо дар ин масъала ҳатман ду ҷиҳатро ба эътибор гирифтан лозим – аввал, тамом шудани нуқра дар конҳои нуқра ва сонӣ, барои эҳтиёҷи сиккахонаҳо ба қадри кофӣ ҷамъ нашудани нуқра. Аз афти кор, аз ҳама дурусташ ҳамин, ки таъсири ҳар ду омил ба назар гирифта шавад ва аҳамияти он омилҳо бо давраҳои гуногуни таърихӣ – бо шароити тағйирёбандаи сиёсӣ (давраҳои омадани йуҷиҳо, давраҳои вуҷуди панҷ мулки тобеъ, давраҳои вуҷуд доштани панҷ мулки мустақил, давлати Кушониёни Кабир; васеъ шудани ҳудуди мамлакат) ва иқтисодӣ (ҳатман равнақ ёфтани истеҳсолоти молӣ, ки хеле зиёд шудани миқдори пулро талаб мекард) вобаста карда шавад.

Баъди суқути давлати Юнону Бохтар дар муддати мадид ислоҳоти пулии Кадфизи II як дигаргунии сифатие мебошад, ки ба туфайли, умуман, инкишоф ёфтан ва дигар гаштани шароити сиёсию иқтисодӣ ва ҷузъан равнақ ёфтан ва пеш рафтани сикказанӣ ва муомилоти пулӣ, ба амал омада буд»[6].

[1] Van Lohuizӯn-dӯ Lӯӯuw J.Ӯ., 1949, р. 365.

[2] Mac Dowall D.W., 1960, р. 63–68.

[3] Whӯӯlӯr M., 1955, р. 141–202; Margaӣandho C., 1955, р. 316–322.

[4] Göӣl R., 1960, р. 76.

[5] Зеймаль Е. В., 1967, с. 61.

[6] Давидович Е. А., 1976, с. 76–77.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …