Главная / Илм / КАҶАКГУЛ

КАҶАКГУЛ

kachakgulКАҶАКГУЛ (Scutellaria hissarica), кулоҳгули ҳисорӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 50 см қад мекашад. Пояаш борик, қисми болояш сершохча. Баргаш думчадори байзашакл ё сегӯша. Гулаш сурхи баланд. Май – июн гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар минтақаи бешаи дарахтони паҳнбарг, шахсор ва нишебиҳои серсангу шағали қ-кӯҳи Ҳисору дарвоз (дар баландии 1100 – 1700 м аз с.б.) мерӯяд. Бино ба маълумоти сокинони деҳаҳои Харангон ва Гажнӣ ноҳ. Варзоб гули К.-ро чой карда ҳангоми хунравии бинӣ, зуком ва нуқсонҳои меъдаву рӯда менӯшанд. Барои табобати тарбоди шадид, сурфакабутак, дилзанӣ, бехобӣ ва саръ давои хуб меҳисобанд. Онро ба сифати давои нерубахш, зидди ташаннуҷ ва табшикан низ тавсия медиҳанд.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …