Главная / Ҷамъият / Ҷудо шудани рух аз бадан

Ҷудо шудани рух аз бадан

Ҷудо шудани рух аз бадан

Ҳангоми ыудо шудани рӯҳ аз бадан аз осмон се овоз меояд, ки:

Эй ибни Одам, ту дунёро тарк кардӣ ё дунё туро тарк кард?

Оё, ту дунёро ҷамъ кардӣ ё дунё туро ҷамъ кард?

Оё, ту дунёро қабул кардӣ ё дунё туро қабул кард?

Ва чун ҷасад ниҳода шавад бар ҷои ғусл, аз осмон боз, чунин овоз меояд:

Эй писари Одам, куҷост бадани боқуввати ту? Пас чӣ чиз  заъиф кард туро?

Куҷост забони буррои ту? Пас чӣ чиз сукут кард туро?

Куҷост гӯшҳои шунавои ту? Пас чӣ чиз ношунаво кард туро?

Куҷо шуданд дӯстони ту? Пас чӣ чиз танҳо кард туро?

Чун ҷасад ниҳода шавад  дар кафан, боз овоз дода шавад, ки эй фарзанди Одам, хушвақтӣ аст туро, агар бошад ҷои ту  ҷаннат. Вой бар ту ва азоб аст туро, агар бошад рафики ту  хашм ва нохушнудии Худои таъоло.

Эй писари Одам, меравӣ ту ба сафари дароз ба ғайри туша ва берун мешавӣ аз хонаи худ. Пас боз нахоҳӣ омад ба вай  ҳеҷ гоҳ ва меравӣ ба сӯи хонаи хавфҳо.

Чун ниҳода шавад бар тобут, овоз дода шавад ба се овоз, ки эй фарзанди Одам, хушвақтӣ аст туро, агар бошад амали ту нек ва азоб аст туро, агар бошад амали ту бад. Хушвақтӣ аст туро, агар бошӣ ту тавбакунанда ва бошад рафиқи ту ризои Худои таъоло. Азоб аст туро, агар бошад рафиқи ту нохушнудии Худои таъоло.

Чун ниҳода шавад тобут барои намоз, овоз дода шавад ба  се овоз, ки эй фарзанди Одам, ҳар амале, ки кардан, онро хоҳӣ дид, дар ин соат. Агар амали ту нек бошад, ҷазои нек 1 бинӣ ва агар амали ту бад бошад, ҷазои бадро бинӣ.

Хушвақтӣ аст туро агар будӣ, ки умри худро дар салоҳат гузарондаӣ ва азобаст туро агар умри худро ба беҳуда гузарондаӣ.

Гоҳе ки ниҳода шавад тобут бар канораи қабр, овоз дода  шавад ба се овоз, ки эй фарзанди Одам, ту бар пушти ман хандон будӣ, дар шиками ман гирён гаштӣ. Ту бар пушти ман шодмон будӣ, дар шиками ман ғамнок гаштӣ ва ту бар пушти ман гӯё будӣ, дар шиками ман хомӯш гаштӣ.

Чун мардум аз вай баргарданд, Худои азза ва ҷалла гӯяд: – Эй бандаи ман, ягонаву танҳо боқӣ мондӣ ва туро дар торикии қабр гузоштанд. Нофармонӣ кардӣ маро барои онҳо. Пас ман раҳм кунам бар ту имрӯз, раҳме, ки тааҷҷуб кунанд аз он махлуқ ва ман меҳрубонтарам бар ту аз модар бар фарзанди худ.

Илоҳо, оқибати кори ҳамаи мо мусулмононро ба хайр гардонӣ, омин.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …