Главная / Гуногун / Ҷобаҷогузории таҷҳизоти матбах (Ошхона)

Ҷобаҷогузории таҷҳизоти матбах (Ошхона)

Бояд дар матбах (Кухни – Ошхона) ҳар як ҷузъи ҷиҳози он ҷой ва макони аниқи худро дошта бошад. Аз ин рӯ тартиби ҷобаҷогузории ашёҳои матбах вуҷуд дорад. Таҷҳизоти матбахро ба тартиби зерин гузоштан ба мақсад мувофиқ аст: яхдон, ҷои зарфшӯӣ, ҷевони корӣ, миз, манқали (плитаи) газ, барқи, мизи хӯрокхӯрӣ. ҳангоми кор аз чап ба рост ҳаракат намудан қулайтар аст.

oshxona-matbax

Мебел ва дигар ашёи матбахро ба якдигар зич ва дар як қатор гузоштан беҳтар аст. Масофаи байни таҷҳизоти асосӣ ва девори муқобил (ё таҷҳизоти иловагии рӯбарӯ) бояд аз 110 см камтар набошад. Агар ҳаҷм ва тарҳи матбах имконият диҳад, таҷҳизотро дар кунҷи байни 2 девори ба ҳамдигар перпендикуляр ҷой додан мумкин аст, ки инро   ҷобаҷогузории кунҷӣ низ мегӯянд.

Дар ин маврид миз – ҷевони кунҷиро низ истифода бурдан лозим аст Дар матбахҳои дарозрӯя таҷҳизотро қад-қади деворҳои ба ҳам муқобил мегузоранд. Он гоҳ ашёи асосӣ, зарфшӯяк, миз – ҷевони корӣ ва плитаи таомпазиро дар як қатор ҷойгир мекунанд. ҳангоми дар матбах ҷой додани мизи хӯрокхӯрӣ ва дигар ҷиҳози иловагӣ, гузоштани роҳрав барои гузаштан ва дар сари миз нишастани одамон мувофиқи мақсад аст, вагарна ҷиҳози изофагӣ матбахро танг ва озодона кор карданро душвор мегардонад.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …