Главная / Ҷамъият / Ихтирооти махфӣ

Ихтирооти махфӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ихтирооти махфӢ

Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқй ва истифодабарии ихтирооти махфӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад.

 Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

barq-mexanika-ixtiroot

  Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ариза – маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бо Қонуни мазкур муқарраршуда, ки барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатй ба Идораи патентй пешниҳод карда мешаванд;

ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ – ихтирооте мебошанд, ки дорои маълумоти сирри давлатй буда, тибқи тартиби муқарраршудаи Қонуни мазкур махфй дониста шудаанд;

объектҳои махфии моликияти саноатӣ – ихтироот, намунаҳои саноатй ва моделҳои судманди дорои маълумоти сирри давлатӣ, ки маҳсули фаъолиЯти зеҳнии инсон мебошанд;

шартҳои патентпазирӣ – шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи пешниҳоди ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ;

ҳаммонанди ихтироот – объекте, ки таъиноташ бо таъиноти ихтироъ як буда, маҷмӯи аломатҳои он ба маҷмӯи аломатҳои асосии ихтироъ монанд аст;

ҳуҷҷатҳои мухофизатй – патентҳо ва нахустпатентҳое, ки барои ихтирооти махфй тибқи Қонуни мазкур дода мешаванд;

сатҳи техника – маҷмӯи маълумоте мебошад, ки то санаи аввалияти ихтироот дар ҷаҳон қобили дастрасии умум гардидааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтирооти махфй

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтирооти махфй ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақоми ваколатдори давлати оид ба ҳифзи ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ

Мақоми давлатй оид ба ҳифзи ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ (минбаъд – Идораи патента), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии ин ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ таъмин намуда, аризаҳоро оид ба ихтироот ва кашфиётҳои махфй қабул мекунад, аз рӯи онҳо санҷиш мегузаронад, бақайдгирии давлатии ихтироот ва кашфиётҳои махфиро ба ҷо оварда, ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ медиҳад, инчунин дигар вазифаҳоро, ки мувофиқи ҳуҷҷатхои таъсисии Идораи патента пешбинй шудаанд, амалӣ месозад.

Моддаи 4. Махфигардонии ихтирооти дорои сирри давлатй

  1. Идораи патентй дар ҳолати пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироот, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» сурат мегирад, корро барои ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва махфй гардонидани дархостҳои ин гуна маълумотро дарбаргиранда, ташкил менамояд. Қоидаҳои тартибдиҳй, пешниҳод ва баррасии ариза барои гирифтани патент ба ихтирооти махфй аз тарафи Идораи патентй муайян карда мешаванд.
  2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатй ва идораҳои маъмурӣ (минбаъд-мақомоти давлатӣ) барои маълумоти махфишавандаи худ ҳуқуқ доранд ихтироотеро, ки дорои сирри давлатй мебошад, махфй гардонанд ва тавассути мақоми низоми махфияти худ ба Идораи патентй бо ариза ҷиҳати гузоштани мӯҳри махфияти дахлдор ба онҳо пешниҳод намоянд.
  3. Идораи патентй аризаҳоеро, ки оид ба махфигардонии ихтироот аз тарафи шахсони мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур (минбаъд-аризадиҳандагон) муқарраршуда пешниҳод гардидаанд, тариқи низоми махфияти мақоми марбута ва дар сурати набудани чунин шароит -бевосита аз рӯи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ва Қонуни мазкур барои баррасй қабул менамояд.
  4. Тартиби  махфигардонии  аризаҳои  дорои  сирри  давлатй, муқаррар намудани дараҷаи махфият, ҳамчунин мӯҳлати аз нав дида баромадани онҳоро мақомоти давлатии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатй» ва Қонуни мазкур муайяншаванда амалй мегардонад.

Моддаи 5. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфй ва истифодабарии он

  1. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфй ва истифодабарии он тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатй» вадигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
  2. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфй ва истифодабарии он дар тамоми мӯҳлати махфигардонидашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахси мақомоти давлатии онро махфигардонида, тааллуқ дорад. Истифодабарии ихтирооти махфй бояд бо риояи низоми махфият барои маълумоти дорои сирри давлатй тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатй» амалй гардад.
  3. Истифодабарии ихтирооти махфиро аз тарафи шахсони дигар, агар он ба манфиати давлат бошад, мақоми давлатие, ки онро бо риояи низоми махфият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махфй гардонидааст, иҷозат медиҳад.
  4. Ихтирооти махфй то ба анҷом расидани мӯҳлати махфигардонӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешавад.

Моддаи 6. Муаллифи ихтирооти махфй

  1. Муаллифи ихтирооти махфй шахси воқеие ҳисобида мешавад, ки ихтирооти махфй бо меҳнати эҷодкоронаи вай офарида шудааст.
  2. Агар дар офаридани ихтирооти махфй якчанд шахсони воқей иштирок карда бошанд, ҳамаи онҳо муаллифони ихтирооти махфй ҳисоб мешаванд.
  3. Шахсоне, ки дар офаридани ихтирооти махфй ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузоштаанд, ба муаллиф (муаллифон) танҳо ёрии техники, ташкилй ва ё моддй расонидаанд, ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани  ҳуқуқ ба ихтирооти махфй кӯмак намудаанд, муаллифи ихтирооти махфй ҳисоб намешаванд.
  4. Ҳуқуқи муаллифи ҳуқуқи шахсии бегонанашаванда буда, бемӯҳлат ҳифз карда мешавад.
  5. Муаллифии ихтирооти махфй бо додани патент аз тарафи Идораи патента тасдиқ карда мешавад ва ин барои гирифтани подош ва чуброн барои махфигардонй ва истифодабарии он асос мебошад.
  6. Ҳангоми ба манфиати давлат истифода бурда шудани ихтирооти махфй аз тарафи мақомоти давлатии онро махфигардонида ба муаллифи (муаллифони) он подош пардохт карда мешавад. Андоза, шартҳо ва тартиби пардохти подошро шартномаи байни муаллиф ва макомоти давлатй, ки ихтироотро махфй гардонидааст, муайян менамояд.

Моддаи 7. Тартиби пешниҳод, баррасӣ ва махфнгардонии аризаҳо барои ихтирооти махфй

  1. Ҳуқуқи пешниҳод кардани аризаро барои ихтирооти махфй муаллиф (муаллифон) ва ё вориси ҳуқуқии ӯ (онҳо), аз он ҷумла шахсе, ки ба ин ҳуқуқ ба тариқи гузашт соҳиб шудааст, дорад.
  2. Ҳуқуқи додани ариза барои ихтирооти дорои маълумоти сирри давлатй ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»

эҷодшуда ба корфармо ва ё вориси ҳуқуқии он, аз ҷумла ба шахсе, ки ба ин ҳуқуқ бо роҳи гузашт соҳиб шудааст, тааллуқ дорад, агар дар шартномаи байни корфармо ва муаллифи ихтирооти махфй тартиби дигар пешбинй нашуда бошад.

  1. Аризаҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» тартиб дода мешаванд. Тартиби баррасии аризаҳо ба ихтирооти махфй ва махфигардонии онҳоро Идораи патентй муайян мекунад.

 

Моддаи 8. Шартхои муҳофизатии ихтирооти махфй

 

  1. Ҳангоми муайян кардани ҳифзи ҳуқуқии ихтирооти махфй шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» муқаррар гардидаанд, истифода мешаванд.
  2. Ҳангоми муайянкунии навгонии ихтирооти махфй дар қатори маълумоти мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи ихтироъ» пешбинишуда, ба сатхи техника, бо назардошти аввалияти қаблии он, асноди зерин дохил карда мешавад:

– ҳуҷҷатҳои муҳофизатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои махфии моликияти саноатй;

– ариза барои додани хуҷҷатҳои муҳофизатии объектҳои махфии моликияти саноатй, ки аз тарафи шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд (ба ғайр аз аризаҳои бозхондашуда);

– маълумоте, ки дорои сирри давлатй буда, дар воситаҳои ахбори омма ва сарчашмаҳои дигари иттилоотй ошкор карда шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони конунй ба ин  маълумот иҷозатдошта қабл аз пешниҳоди аввалияти аризаи ихтирооти махфй, дастрас гардидаанд.

  1. Ҳангоми муайян кардани навгонии ихтирооти махфй дараҷаи махфиятнокии маълумотҳои дорои сирри давлатии ба сатҳи техника дохилшаванда набояд аз дарачаи махфиятнокии ихтирооти махфии арзшуда баланд бошад.

Моддаи 9. Аввалияти ихтирооти махфй

 

  1. Аввалияти ихтирооти махфй аз рӯи санаи ба Идораи патентй ворид шудани ариза мувофиқи қисми 3 моддаи 4 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
  2. Аввалияти ихтирооти махфй аз рӯи санаи воридшавии маводи иловагй мукаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводро аризадиҳанда то гузаштани мӯҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патента дар бораи имконнопазирии ба эътибор гирифтани маводи иловагй бинобар моҳияти ихтирооти арзшударо   тағйирдиҳанда пиндошта шуданашон ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.3. Аввалияти ихтирооти махфи аз руи санаи оа Идораи патенти пешниҳод шудани аризаи қаблии ин ихтироотро маънидодкунандаи ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аз рӯи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблй бозхондашуда ҳисобида мешавад.
  3. Аввалияти ихтирооти махфӣ дар асоси якчанд аризаи қаблй, ки барои ҳар яки онҳо шартҳои дар қисми 3 ҳамин модца овардашуда риоя мегарданд, метавонад муқаррар шавад.
  4. Муқаррар намудани аввалияти ихтирооти махфӣ аз рӯи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рӯи он аллакай аввалияти барвақттар дархост шудааст, мумкин нест.
  5. Аввалияти ихтирооти махфй аз рӯи аризаи ҷудокардашуда аз рӯи санаи пешниҳоди аризаи аввали ҳамон як аризадиҳанда, ки дар он ихтироъ кушода шудааст, муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда ба Идораи патента то аз рӯи аризаи нахустин кабул шудани қарор дар бораи рад гардидан оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки имконияти шикоят кардан аз болои он аз даст рафтааст ва дар ҳолати мавҷудияти қарор дар бораи ба аризаи зикршуда додани ҳуҷҷати муҳофизатй то рӯзи бакайдгирии ихтирооти махфй дар Феҳристи давлатии ихтирооти махфй ворид шуда бошад.
  6. Агар дар рафти санҷиш муқаррар карда шавад, ки ихтирооти ҳаммонанд аввалияти якхела доранд, пас ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рӯи аризае дода мешавад, ки пештар фиристода шудани он ба Идораи патента исбот шудааст. Дар ҳолати мувофиқ омадани ин санаҳо бошад, агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад, аз рӯи аризае муайян карда мешавад, ки рақами бакайдгирии пештар додай Идораи патентиро дорад.

Моддаи 10. Санҷнш ва бақайдгирии ихтирооти махфй

 

  1. Тибқи аризаҳо ба ихтирооти махфй, ки мувофиқи моддаҳои 4 ва 7 Қонуни мазкур махфй гардонида шудаанд, санҷиши ихтирооти махфй мутобиқи тартиби гузаронидани санҷиши ихтирооти гайримахфй, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» муқаррар шудааст, бо назардошти хусусиятҳои зерини баррасии ихтирооти махфй гузаронида мешавад:

– санҷиши ариза ба ихтирооти махфй аз санҷиши расмӣ ва моҳиятӣ иборат мебошад;’

– ҳангоми гузаронидани санҷиши моҳиятии ариза Идораи патентӣ ҳуқуқ дорад, ки кормандони мақомоти дахлдори давлатиро ҷалб намояд;

-роҳбарони мақомоти давлатй ӯхдадоранд, ки мутахассисони мазкурро бо шарти нигохдошти музди миёнаи моҳона, ҷуброни роҳкиро ва истиқомат ба сафари хизматӣ фиристонаид;

– санҷиши моҳиятии ариза, ки ба воситаҳои нави аслиҳаи ҳарбӣ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои махсуси техники дахл доранд, баъд аз

гирифтани хулосаи мақомоти давлатии дахлдоре, ки номгуи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, гузаронида мешавад;

– хароҷотро барои гузаронидани санҷиш мақоми давлатие, ки онро махфй гардонидааст, пардохт мекунад.

  1. Аз рӯи натиҷаи санҷиши моҳиятии ариза дар бораи эътироф кардан ва ё накардани объекта арзшуда ҳамчун ихтирооти махфй қарор бароварда мешавад.
  2. Идораи патентй дар асоси карори худ оид ба эътироф намудани объекти арзшуда ҳамчун ихтирооти махфй онро ба Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда, ба муаллиф (ва ё муаллифон) ҳуҷҷатҳои муҳофизатй медиҳад.
  3. Маълумот оид ба ихтирооти махфй ба Феҳристи давлатии ихтирооти махфии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
  4. Иҷозат ба маълумот оид ба ихтирооти махфии ба қайд гирифташуда ва шиносой бо онҳо бо риояи талаботи ҳифзи сирри давлатй, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатй» пешбинӣ шудааст, сурат мегирад.

Моддаи 11. Ч,убронпулй барои махфигардонии ихтироот

 

  1. Ба аризадиҳанда ҷубронпулӣ барои махфигардонии ихтироот дар ҳаҷм ва бо шартҳои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда ва инчунин хароҷоти аризадиҳанда ҳангоми пешниҳод ва баррасии ариза дар бораи ихтирооти махфй пардохта мешавад.
  2. Хароҷоти дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда яквақта аз тарафи мақоми давлатие, ки аризаро дар асоси моддаи 7 Қонуни мазкур махфй гардонидааст, дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи баровардани қарор аз тарафи Идораи патентӣ бобати эътироф намудани ихтирооти пешниҳодшуда ҳамчун ихтирооти махфй ё эътироф накардани он пардохт карда мешавад.

Моддаи 12. Ошкор кардани ихтирооти махфй

  1. Санҷиши зарурати нигохдории дарачаи махфияти муқарраршудаи ихтирооти махфй дар мӯҳлатҳои ҳангоми махфигардонии он муайянкардаи мақоми цавлатие, ки карори махфигардонии онро қабул кардааст, гузаронида мешавад. Чунин санҷиш метавонад бо ташаббуси аризадихднда, муаллиф ё вориси ҳуқуқии ӯ низ гузаронида шавад.
  2. Қарор дар бораи ошкор кардани ихтирооти махфй бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди мақоми давлатие, ки онро махфй гардонидааст, қабул карда мешавад.3. Оид ба қабул кардани қарор дар бор ошкор кардани ихтирооти махфи ба аризадиҳанда, муаллиф, инчунин Идораи патента барои хориҷ кардани ихтирооти махфии мазкур аз Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар до да мешавад..

Моддаи 13. Супормдани ҳуҷҷати муҳофизат ба ихтирооти ошкоркардашуда

  1. Аризадиҳанда дар мӯҳлати як сол аз санаи ошкор кардани ихтирооти махфй метавонад ба Идораи патента барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатй, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинй  шудааст, дархост фиристад. Ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба мӯҳлати боқимондаи эътиборнокиаш, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинӣ шудааст, аз рӯзи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ дода мешавад.
  2. Аввалияти ихтирои махфии ошкоркардашуда аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ариза ба Идораи патентӣ дар асоси моддаи 9 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
  3. Ҳуҷҷати муҳофизатие, ки ба ихтирои ошкоркардашуда дода шудааст, аз рӯзи пешниҳоди ариза дар бораи додани он эътибор дошта, барои дохил кардани ихтирои ошкоркардашудаи ҳифзшаванда ба сатҳи техника аз рӯзи аввалияти он ҳангоми муайян намудани навгонии дигари ихтирооти ғайримахфй тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» асос мебошад.
  4. Патента ба ихтирои ғайримахфии тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» додашуда дар ҳолати додани патент ба ихтирооти ҳаммонанди ошкоршудаи аввалияти қаблидошта беэътибор дониста мешавад. Соҳибҳукуки патенти беэътибордонисташудаи ихтирои ғайримахфӣ, ки истифодаи онро то таърихи пешниҳоди ариза ё омода шудани он амалй кардааст, агар чунин ихтироот новобаста аз муаллифи (муаллифони)  ихтирои ошкоршуда офарида шуда бошад, ҳуқуқи худро барои истифодаи минбаъдаи чунин ихтироот бе афзоиш додани ҳаҷми он нигоҳ медорад.

Моддаи 14. Пардохтҳои ҳатмӣ

Барои амалҳои зерин пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд: – пешниҳоди ариза; додани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ; нигоҳ доштани эътибори он; дароз ва барқарор кардани мӯхлатҳои гузаронидашуда ва инчунин барои иҷрои дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқй дошта, ки ба ҳуҷҷатҳои муҳофизатии ихтирои махфй алоқаманд мебошанд. Номгӯи пурраи амалҳое, ки барои ичрояшон пардохтҳои ҳатмй ситонида мешаванд, андоза ва мӯҳлатҳои пардохти онҳо, инчунин асосҳо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андоза ва ё бозгардондани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Модаи 15. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориҷӣ

Қонуни мазкур нисбати шахсони воқей ва ҳуқуқии хориҷй татбиқ намегардад, агар дар санадҳои ҳуқукии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинй нагардида бошад.

Моддаи 16. Баррасии баҳсҳо

 

Баҳсҳои оид ба ихтирооти махфии бавучудомада аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур

Шахсони воқей ва ҳуқуқй барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал қарор дода шавад.

Президента

Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомали Раҳмон

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010

№624

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …