Главная / Биология / Ивазшавии ҷамоаи наботот

Ивазшавии ҷамоаи наботот

Дар ҷамоаи наботот ҳамеша тағйиротҳо ба амал омада меистанд. Растаниҳои калонсол пир мешаванд, мемиранд ва ҷои онҳоро растаниҳои ҷавон ишғол мекунанд. Инчунин, сол ба сол шароитҳои иқлимӣ ҳам тағййр ёфта меистанд. Агар як сол гарму хушк бошад, соли дигар нисбатан салқин ва сернам, соли сеюм гарм ва намнок шуданаш мумкин. Ин ҳолатҳо боиси он мешаванд, ки ҳар сол ягон намуди растанӣ нисбатан боавҷ рӯида гулу меваи фаровон ҳосил мекунад. Авҷу нумӯи намудҳои дигар бошад, он қадар назаррас нестанд.

gulhoi-kuhi

Ба ҷуз тагйиротҳои дохилиҷамоагӣ, боз метавонад ивазшавии як ҷамоаи наботот ба дигараш рӯй диҳад. Яке аз сабабҳои чунин ивазшавиҳо таъсири офатҳои нобаҳангоми табиӣ мебошад. Масалан, тӯфон, гирдбод, сӯхтори ҷангалзорҳо ва ғайра метавонад масоҳати калони ҷангалро фаро гирифта, онро нобуд созад. Дар майдонҳои аз ҷангали сӯзанбарг ва ё паҳнбарг озодшуда тӯс ва сафедор бо осонӣ худро барқарор мекунанд. Зеро меваи инҳо сабуку қанотакдор буда, ба воситаи шамол масофаи зиёдеро (то 1000 м) аз нуқтаи асосии ҷои сабзишашон тай мекунанд. Меватухми тӯс ва сафедор, ки растаниҳои равшанидӯст мебошанд, қобилияти баланди сабзиш дошта, дар шароити баамаломада боавҷ нашъунамо мекунанд. Ва дар шароити равшании барзиёди муҳити зист дарах- тони тӯсу сафедор нисбати дарахти коҷ (растании соядӯст) бештар паҳн мешаванд.

Инчунин, ба ҷамоаи наботот дохил гардидани растаниҳои ба он хоснабуда низ метавонад боиси ивазшавии он гардад. Чунончи, тухми коҷ метавонад тавассути шамолу ҳайвонот ба тӯсзору сафедорзор оварда шавад. Дарахти коҷ ҳамчун растании сояпарвард дар зери ҷангали тӯсу сафедор метавонад нағз нашъунамо кунад. Баробари баланд қад кашидани коч ба ҳолати равшаннокии ҷан- гал дигаргуниҳо ба вуҷуд омада, шароити баамаломада ба сабзишу инкишофи растаниҳои рӯшноидӯст монеъ мегардад. Бо мурури замон тӯсҳои калонсол нобуд мешаванд ва барои аз тухм сабзидани тӯсҳои наврас шароитҳои бавуҷудомада дигар мусоидат наме- кунад. Дар натиҷа ҷангали тӯс ба ҷангали коч иваз мешавад.

Ҳамин тавр, тағйирёбии шароити муҳит ба ивазшавии як ҷамоаи наботот ба дигараш оварда мерасонад. Инчунин, дар шароитҳои дигар, чунончи, дар муҳити намнокии баланди хок ва ба сабзиш шурӯъ кардани растаниҳои намидӯст, ивазшавии ҷамоаи ҷангал ба ботлоқ ба амал омаданаш мумкин аст. Инро дар пӯшиши набоготи минтақаҳои сернами шимол бо осонӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар сохилхои рӯди кӯҳӣ низ ивазшавии ҷамоаи наботот ба амал омада метавонад. Масалан, мирикария ном растании буттагӣ дар соҳили дарёчаҳо, дар ҷойҳои регзамин аввалин шуда пайдо мешавад. Ва дар давоми 2-3 сол соҳилро пурра мепӯшонад. Дар байни буттаҳо навниҳолҳои ангат пайдо мешаванд. Мирикария то он вақте нағз нашъунамо мекунад, ки соҳил ҳар замон зери об монда истад. Вале, вақге ки оби зеризаминӣ чуқуртар (хеле) поён фарояд, мирикария ба хушкшавӣ шурӯъ мекунад. Дар ин вақт ангат тавассути тухм ва бо роҳи нашвӣ боавҷ нашъунамо мекунад. Вай миқдоран хеле зиёд шуда, ҷои мирикарияро тамоман иваз ё соҳибӣ мекунад. Сипас, ба воситаи шамол ё сел ба ангатзор тухм ё навдаҳои бед, сафедор, тӯс оварда мешаванд ва онҳо ба сабзиш шурӯъ мекунанд. Агар сатҳи оби зеризаминии ангатзор дар даво- ми якчанд сол бетағйир монад (яъне об дастрас бошад), ниҳолҳои бед, сафедор ва тӯс босуръат месабзанд. Ангат, ки растании равшанидӯст ба ҳисоб меравад, баробари баланд қад кашидани беду сафедор дар сояи онҳо мемонад. Дар натиҷа сабзиши ангатзор тадриҷан суст шуда, дар соҳил бед, сафедор ва тӯс ҳукмрони асосӣ мешаванд.

Мебояд қайд кард, ки ба ҷамоаи наботот аз ҳама зиёдтар фаъолияти хоҷагидории инсон таъсири калон мерасонад. Инсон барои корхуэи сохтмонӣ ва дигар корхо чангалхоро мебурад, марғзорҳоро барои алафдарав ва ҳамчун чарогоҳ истифода мебарад, ботлокзорҳоро мехушконад, даштҳоро корам мекунад. Инчунин, барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоташ мева, занбӯруғ ва растаниҳои доруиро ҷамъ оварда, ба табиат ва алахусус, ба ҷамоаи наботот таъс ири калон мерасонад.

  1. Дар ҷамоаи наботот чӣ хел тағйиротҳо ба амал омада метавонад?
  2. Ивазшавии як ҷамоаи наботот ба дигараш вобаста ба равшанӣ чӣ тавр рӯй медиҳад?
  3. Ивазшавии растаниҳои равшанидӯст ба соядӯст чӣ тавр ба амал меояд?
  4. Таъсири намнокӣ ба ивазшавии ҷамоаи наботот дар чӣ зоҳир мешавад?
  5. Ивазшавии наботот дар соҳили рӯди кӯҳӣ чӣ тавр рӯй медиҳад?
  6. Фаъолияти хоҷагидории инсон ба ивазшавии наботот чӣ тавр таъсир мерасонад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …