Главная / Илм / ЮНУЧҚА

ЮНУЧҚА

younuchqa-660x330Юнучқа — инро дар як қатор маҳалҳои тоҷикон ришқа меноманд, ки шакли адабии тоҷикиаш ҳамин асл, вале «юнучқ» аз туркӣ дохил шудааст. Ин растанӣ ба ҳама маълум мебошад, зироат мекунандаш. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Баъзеҳо дар дарачаи дувум гарм ва хушк низ гуфтаанд. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, қуввати боҳ мебахшад, вале шикамро дам низ менамояд. Агар бо шакар бо мудовамат бихӯранд, баданро фарбеҳ менамояд, хуни солим аз он пайдо мешавад.

Инро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варами хунукро тахлил медиҳад; бо сирко сиришта гузошта банданд, варами гармро мегардонад. Агар юнучқаро пухта, рӯзе ду бор ба мабдоъи асабҳо гузошта банданд, иллати ларзакро дафъ мекунад.

Тухмаш дар давогӣ назар ба қисмҳои дигари он қавитар аст, вале хислати қабзкунандагӣ дорад. Агар инро бихӯранд, манӣ ва шир пайдо мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, ҳайзро равон месозад, хусусан дар ҳаммом ва ё баъд аз ҳаммом кардан тановул намоянд, дар ин амал қавитар аст; барои дагалии узвҳои даруни сина ва сурфа дору мешавад. Қувваташ то панҷ сол бокӣ мемонад.

Микдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз аз 7 то17,5 грамм аст. Аз юнучқа равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ:

  1. Тухмашро кӯфта, камтар оби гарм бар он пошида нам гиронда, баъд ба воситаи фишор додан равғанашро меситонанд.
  2. Оби барги тару тозаашро гирифта, баробари он об аз болояш равғани зайтун андохта, дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Ҷӯшишаш басанда гардад, зуд аз оташ фуруд меоваранд — ин равғани юнучқа ҳисоб меёбад.

yunuchqa-768x231Молидан ва хӯрданаш каҷ шудани рӯй ва ларзакро шифо мебахшад. Агар юнучқаи хушкро бихӯранд, дарунро мебандад. Гулаш дар давогӣ назар ба тухмаш зиёдтар мебошад. Агар дуди инро бардавом бигиранд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …