Главная / Ҷамъият / Иттифоқҳои касаба

Иттифоқҳои касаба

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иттифоқҳои касаба  

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №6, мод. 611;)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъсиси  иттифоқҳои касаба, ҳуқуқу кафолатҳои фаъолияти онҳоро муайян намуда, муносибатҳои иттифоқҳои касабаро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур

Мавзӯи танзими Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки вобаста ба амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ, таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва (ё) барҳамдиҳии иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) онҳо, ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба  (минбаъд-иттифоқҳои касаба) ба вуҷуд меоянд.

itifoqi-kasaba

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

иттифоқи касаба – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд;

ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба – иттиҳодияи ихтиёрии дар асоси оиннома ва ё низомномаи иттифоқи касаба амалкунандаи аъзои иттифоқи касаба, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот, ҷамъият новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ кор мекунанд ё дар як муассисаи таълимӣ  таҳсил менамоянд (минбаъд- корхона);

аъзои иттифоқи касаба – шахсони ба синни 15 расидае, ки ихтиёран ба иттифоқи касаба дохил шудаанд, оинномаи (низомномаи) онро эътироф менамоянд ва дар қайди ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба буда, ҳаққи аъзогӣ мепардозанд;

ҳаққи аъзогӣ – пардохти ихтиёрии маблағи узви иттифоқи касаба ба ташкилоти иттифоқи касаба, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавӣ истифода карда мешавад;

иттиҳодияи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба – иттиҳодияи ихтиёрии соҳавии ташкилотҳои ибтидоӣ ва вилоятии иттифоқҳои касаба, ки бо манфиатҳои умумии иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва касбӣ алоқаманданд;- мақомоти иттифоқи касаба – мақомоте, ки мутобиқи оинномаи (низомномаи) иттифоқи касаба, иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба таъсис ёфта, тавассути онҳо иттифоқи касаба ваколатҳои худро амалӣ менамояд;

иттиҳодияи минтақавии иттифоқҳои касабаи байнисоҳавӣ – иттиҳодияи ихтиёрии минтақавии иттифоқҳои касабаи байнисоҳавӣ, ки  дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ё ноҳия амал менамояд;

ташкилоти минтақавии иттифоқи касаба – иттиҳодияи ихтиёрии аъзои иттифоқҳои касабаи ибтидоии як иттифоқи касаба, ки дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд;

намояндаи иттифоқи касаба – роҳбари иттифоқи касаба ё шахси дигаре, ки мутобиқи оиннома (низомнома) ё бо қарори мақомоти дахлдори иттифоқи касаба барои намояндагӣ ваколатдор карда шудааст.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  иттифоқҳои касаба

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  иттифоқҳои касаба ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  

Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Амали Қонуни  мазкур ба фаъолияти иттифоқҳои касаба, ташкилот ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иттифоқи касаба, намояндаи иттифоқи касаба дар доираи ваколатҳояш, корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо, ҳамчунин ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ паҳн мегардад.
  2. Хусусияти хоси татбиқи Қонуни мазкур дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои хизматчиёни ҳарбӣ), мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ин соҳаҳо  муқаррар карда мешавад.

Моддаи 5. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳид шудан дар иттифоқи касаба

  1. Шаҳрвандон барои ҳимояи манфиатҳои худ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ, бе иҷозати пешакӣ ташкилоти иттифоқи касаба таъсис диҳанд, бо шарти риояи оиннома (низомнома) ба иттифоқи касаба дохил ва аз он хориҷ  шаванд.
  2. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар корхонаҳо, агар дар онҳо на камтар аз се нафар муттаҳид шуда бошанд, ташкилотҳои иттифоқи касаба таъсис диҳанд.
  3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави он зиндагӣ ва кор мекунанд, метавонанд ба иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ташкилоти иттифоқи касаба таъсис диҳанд.
  4. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои алоҳидаи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, метавонанд ба иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шаванд.

Моддаи 6. Ҳуқуқи  иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои онҳо ба ташкили иттиҳодияҳо

  1. Иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои онҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои оинномавии худ  ҳуқуқ доранд дар асосҳои  умумӣ аз рӯи аломатҳои соҳавӣ, ҳудудӣ ё аломатҳои дигар иттиҳодияҳо (шӯроҳо, федератсияҳо, конфедератсияҳо ва ба он монанд иттиҳодияҳо) таъсис диҳанд (агар ин дар оиннома пешбинӣ шуда бошад), ҳамчунин ба ҳайати иттиҳодияҳо озодона дохил шаванд ва аз онҳо бароянд.
  2. Иттифоқҳои касабае, ки хоҳиши ташкил намудани иттиҳодияҳои иттифоқҳои касабаро доранд, бо ҳам созишнома мебанданд ва оинномаи (низомномаи) иттиҳодияро тасдиқ менамоянд.

3  Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои иттифоқҳои касабаро мутобиқи Қонуни мазкур, ҳамчунин оинномаи (низомномаи) ин иттиҳодия иттифоқҳои касабае муайян мекунанд, ки ин иттиҳодияҳоро ташкил намудаанд.

Моддаи 7. Узвият  ба иттифоқи касаба

  1. Узви иттифоқи касаба шахсе шуда метавонад, ки дар корхона, дар хоҷагии шахси воқеии истифодабарандаи меҳнати кироя кор мекунад, ҳамчунин шахсе, ки мустақилона меҳнат мекунад.
  2. Шаҳрванд иттифоқи касабаеро, ки ба он хоҳиши шомил шудан дорад озодона интихоб менамояд. Барои дохил шудан ба иттифоқи касаба аризаи корманд ба ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба асос мебошад.
  3. Ҳеҷ касро барои шомил шудан ё нашудан ба иттифоқи касаба  маҷбур кардан мумкин нест.
  4. Дар оинномаи (низомномаи)  иттифоқи касаба узвият ба иттифоқи касаба нисбат ба шахсе, ки ба кори эҷодӣ машғул аст, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, шахсони воқеӣ – субъектони фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, инчунин шахсе, ки дар муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ ё таҳсилотҳои олии касбӣ таҳсил менамояд, шахсе, ки бо сабаби ба нафақа баромадан аз кор ё хизмат озод шудааст ва ё шахсе, ки муваққатан кор намекунад, метавонад пешбинӣ карда шавад.
  5. Узви иттифоқи касаба ҳаққи аъзогиро ба ташкилоти иттифоқи касабаи ҷои кор ё таҳс пардохт менамояд. Тартиб, андоза ва мӯҳлати пардохти ҳаққи аъзогӣ дар оинномаи (низомномаи) иттифоқи касабаи дахлдор муайян карда мешаванд.
  6. Ҳаққи аъзогие, ки аз ҷониби аъзои иттифоқи касаба пардохта шудааст, бозгардонида намешавад.

Моддаи 8. Сохтори ташкилӣ ва тартиби таъсиси иттифоқҳои касаба

1.Сохтори ташкилии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, кумитаҳои соҳавии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои муштараки вилоятии иттифоқҳои касаба ташкил медиҳанд.

2.Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба дар корхонаҳо ё ҳангоми муттаҳид намудани аъзои иттифоқи касабае, ки мустақилона худашонро бо кор таъмин кардаанд ё дар корхона ё дар назди шахси ҳуқуқии меҳнати кирояро истифодабаранда кор мекунанд, таъсис дода мешаванд, дар сурати мавҷуд будани шумораи на камтар аз се аъзо.

3.Иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ (шаҳрӣ, ноҳиявӣ) на кам аз ду ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи дар корхонаҳои як воҳиди марзиву маъмурӣ амалкунандаро муттаҳид карда метавонанд.

4.Иттифоқҳои касабаи вилоятӣ ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи як соҳаи дар воҳидҳои марзиву маъмурии вилоят амалкунандаро муттаҳид месозанд.

5.Иттифоқҳои касабаи соҳавии ҷумҳуриявӣ ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи як соҳаи дар удуди ҷумҳурӣ амалкунандаро муттаҳид менамоянд.

  1. Иттиҳодияи умумиҷумҳуриявии иттифоқи касаба иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ, иттифоқҳои касабаи ташкилотҳои муштаракро бо мақсади ҳамоҳангу муттаҳид сохтани амалиёти ташкилотҳои ҳамаъзо ба таври ихтиёрӣ муттаҳид менамояд.

Моддаи 9. Мустақилияти иттифоқҳои касаба

  1. Иттифоқҳои касаба дар фаъолияти худ мустақил буда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корфармоён, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ вобаста нестанд ва ба онҳо ҳисоботдиҳанда намебошанд.
  2. Дахолати мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо ба фаъолияти иттифоқҳои касаба, ба ҷуз аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
  3. Иттифоқҳои касаба аз рӯи ӯҳдадориҳои дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо ва дар навбати худ онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои иттифоқҳои касаба ҷавобгар нестанд.
  4. Иттифоқҳои касаба оиннома (низомнома) ва сохтори худро мустақилона таҳия ва тасдиқ мекунанд, мақомоти роҳбарикунандаро интихоб ва фаъолияти худро ташкил намуда, маҷлису конференсияҳо ва пленуму анҷуманҳо мегузаронанд.
  5. Ҳамаи иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар назди қонун баробаранд, барои амалӣ намудани намояндагӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 10. Манъи маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи  аломати узвият ба иттифоқҳои касаба

  1. Узвият ба иттифоқҳои касаба ба ягон маҳдудияти ҳуқуқҳои меҳнатӣ, инчунин иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, шаҳрвандӣ ва озодиҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додаанд, сабаб шуда наметавонад.
  2. Ҳар гуна маҳдудияти ҳуқуқӣ ё муқаррар намудани бартарӣ  хангоми бастан, тағйир додан ё қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ вобаста ба узвият ба иттифоқҳои касаба ё ба иттифоқи касабаи  мушаххас, ба шомил шудан ба он ё баромадан аз он манъ аст.

Моддаи 11. Ҳамкории иттифоқҳои касаба бо мақомоти давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо

  1. Ҳамкории иттифоқҳои касаба бо мақомоти давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳои (иттифоқҳои, ассотсиатсияҳои) онҳо дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва ҳамкории тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва намояндагони онҳо, инчунин дар заминаи низоми шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ ба роҳ монда мешавад.
  2. Иттифоқҳои касаба дар қатори дигар шарикони иҷтимоӣ ҳуқуқи баробари иштирокро дар идоракунии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, шуғл, суғуртаи тиббӣ, нафақа ва дигар фондҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ташаккул меёбанд, инчунин ҳуқуқи назорати ҷамъиятиро нисбат ба истифодабарии ин фондҳо доро мебошанд.
  3. Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳо (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо) ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи рушди табобати санаторию курортӣ, муассисаҳои истироҳатӣ, сайёҳӣ, тарбияи ҷисмонии оммавӣ ва варзиш  ҳамкорӣ кунанд.
  4. Иттифоқҳои касаба дар муайян ва татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ширкат меварзанд.
  5. Иттифоқҳои касаба бо тартиби муқарраршуда тавассути намояндагони ваколатдори худ ҳуқуқ доранд дар кори ҳайати мушовараи вазоратҳо ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии корхонаҳо иштирок намоянд.

Моддаи 12. Оинномаи (низомномаи) иттифоқҳои касаба

  1. Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи (низомномаи) худ фаъолият менамоянд.
  2. Оинномаи (низомномаи) иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо дар анҷуманҳо, конференсияҳо, маҷлиси таъсисии  иттифоқҳои касабаи сатҳи дахлдор қабул карда мешаванд ва набояд хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
  3. Оинномаи (низомномаи) иттифоқи касаба бояд масъалаҳои зайлро дарбар гирад:

– мақом ва номи пурраи иттифоқи касаба, номи ихтисоршудаи он, маҳалли ҷойгиршавии мақоми интихобии он (нишонии ҳуқуқӣ);

– мақсад ва вазифаҳои иттифоқи касаба;

– шарт ва тартиби қабул ба аъзогии иттифоқи касаба;

– ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои иттифоқи касаба, шартҳо, тартиб ва асосҳои хориҷ кардан аз узвияти иттифоқҳои касаба;

–  доираи фаъолияти соҳавӣ, минтақавӣ ё касбӣ;

– сохтори ташкилии иттифоқи касаба, ваколатҳои ташкилоти он, мақомоти интихобӣ, тартиби ташаккули ҳайати онҳо;

– шарт, мӯҳлат, тартиби даъвати анҷуманҳо, конференсияҳо ё маҷлиси умумии аъзои иттифоқи касаба ва тартиби қарор қабул кардани онҳо;

– тартиб ва мӯҳлати ҳисоботи мақомоти интихобии иттифоқи касаба дар назди аъзои он, тартиби назорат кардан ба фаъолияти мақомоти интихобии иттифоқи касаба;

– манбаъҳои воридшавии (ташаккули) маблағҳои иттифоқи касаба, инчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва самтҳои истифодаи онҳо;

– тартиби амалӣ намудани фаъолияти хоҷагӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавӣ заруранд;

– тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи (низомномаи) иттифоқи касаба;

– шарт ва тартиби қатъ намудани фаъолияти иттифоқи касаба ва ҳалли масъалаҳои моликият;

– тартиби ташкили мақомоти иттиҳодияҳои иттифоқи касаба ва ваколати онҳо;

–  мӯҳлати ваколати мақоми иттифоқҳои касаба;

– тартиби азнавташкилдиҳӣ, қатъ намудани фаъолияти иттиҳодияи иттифоқи касаба ва истифодаи моликияти он дар ин ҳолатҳо;

– дигар масъалаҳое, ки мухолифи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, ба фаъолияти иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба дахл доранд.

  1. Мақомоти болоии иттифоқҳои касаба дар доираи ваколатҳои дар оиннома (низомнома) пешбинишуда низомномаҳои ташкилотҳои иттифоқҳои касабаро тасдиқ менамоянд.

Моддаи 13. Бақайдгирии давлатии иттифоқҳои касаба

  1. Бақайдгирии давлатии иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳоро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он (раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
  2. Барои ба қайди давлатӣ гирифтани иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои иттифоқхои касаба  муассисони онҳо ё ки роҳбарони мақомоти интихобии онҳо ба мақоми бақайдгиранда бо  ариза муроҷиат менамоянд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин – оиннома (низомнома), протоколи анҷуман, конференсия, маҷлиси муассисони аъзои иттифоқи касаба бо қарор дар бораи тасдиқ намудани ин ҳуҷҷатҳо, маълумот дар бораи мақомоти интихобӣ, рӯйхати ташкилотҳои иттифоқи касаба, ки ба  ҳайати ин иттифоқи касаба ё иттиҳодияи  иттифоқи касаба  дар воҳиди марзиву маъмурии дахлдор дохил шудаанд, ҳамчунин маълумот дар бораи муассисони иттиҳодияҳо илова карда мешаванд.
  3. Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мақоми бақайдгирандаи давлатӣ иттифоқи касаба ё иттиҳодияи иттифоқи касабаро дар муддати 1 моҳ ба қайд мегирад ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиро ба муроҷиаткунанда месупорад.
  4. Мақоми бақайдгирандаи давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифтани иттифоқҳои касабаро рад карда наметавонад. Дар сурати мутобиқат накардани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми бақайдгирандаи давлатӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб мекунад. Дар мавриди рад кардани  бақайдгирии давлатии иттифоқи касаба бо тартиби пешниҳоднамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан   мумкин аст.
  5. Ташкилотҳои иттифоқҳои   касабаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, соҳавӣ, ҷумҳуриявӣ ва федератсияи иттифоқҳои касаба, ки дар асоси оинномаи (низомномаи) худ амал мекунанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
  6. Ташкилоти иттифоқи касаба, иттиҳодияи иттифоқҳои касаба аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунанд.
  7. Барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои нодуруст ҳангоми бақайдгирии давлатӣ шахсоне, ки ин ҳуҷҷатҳоро омода ва пешниҳод кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 14. Робитаҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба

Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқ доранд бо иттиҳодияҳои иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ба  онҳо шомил шаванд, дар фаъолияти онҳо иштирок кунанд ва дигар амалҳоеро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, анҷом диҳанд.

Моддаи 15. Рамзи иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо

  1. Иттифоқҳои касаба метавонанд рамзҳои худро дошта бошанд ва онҳоро истифода баранд.
  2. Рамзҳои иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо  мутобиқи оиннома (низомнома) аз ҷониби мақомоти болоии онҳо тасдиқ гардида, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
  3. Рамзҳои иттифоқҳои касаба набояд ба рамзҳои давлатӣ ё ин, ки динӣ ва ё рамзҳои дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ монанд бошанд.

БОБИ 2. ҲУҚУҚҲОИ АСОСИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ОНҲО

Моддаи 16. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии аъзои худ

  1. Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқҳои меҳнатии аъзои худро ҳимоя намуда, дар таҳияи сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ширкат варзида, оид ба ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки бинобар ихтисор шудани кор ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз  корхона аз кор озод мегарданд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.
  2. Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон – аъзои иттифоқи касабаро ҳангоми бастан ё қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳифз мекунанд, дар якҷоягӣ бо корфармо шахсони нав ба кор қабулшударо бо мазмуни созишнома ва шартномаи коллективӣ ва ҳуҷҷати таъсисии шахси ҳуқуқӣ шинос менамоянд.
  3. Дар сурати номувофиқии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишнома ва шартномаи коллективӣ иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд аз корфармо тағйир додани  шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро ба манфиати корманд – узви иттифоқи касаба талаб намоянд.
  4. Барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии корхонаҳо ва қисмҳои таркибии сохтории онҳо, қисман ё пурра боздоштани истеҳсолот бо ташаббуси корфармо, соҳибмулк ё мақомоти идоракунии ваколатдори он, ки боиси ихтисори ҷойҳои кор ё бадшавии шароити меҳнат мегарданд, метавонад танҳо дар ҳолати пешакӣ огоҳ намудани (тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон) иттифоқҳои касабаи дахлдор ва гузаронидани гуфтушунидҳо оид ба риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон амалӣ гарданд.

Моддаи 17. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба дар соҳаи  ҳифзи меҳнат ва муҳити зист

  1. Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд дар таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва пешгирии касалиҳои касбӣ ва бехатарии экологиро ба тартиб медароранд, ширкат варзанд.
  2. Иттифоқҳои касаба нисбати риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҷамъиятӣ мебаранд.
  3. Иттифоқҳои касаба тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар ташхиси бехатарии шароити меҳнати иншоотҳои ба лоиҳа гирифташуда, сохташаванда ва истифодашавандаи истеҳсолӣ, инчунин механизму асбобҳои ба лоиҳа гирифташаванда ва истифодашаванда, аттестатсияи ҷойҳои корӣ доир ба шароити меҳнат иштирок намоянд.
  4. Дар ҳолатҳои ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид мекунанд, иттифоқҳои касаба, нозирони ҷамъиятии онҳо оид ба ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд аз корфармо ҳатман бартараф намудани ин ҳуқуқвайронкуниҳоро талаб намоянд, ҳамзамон ба мақомоти давлатӣ ва хадамоти назорати меҳнат барои андешидани чораҳои зарурӣ муроҷиат намоянд.
  5. Дар мавриди иҷро накардани талабот оид ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан дар ҳолати таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандон, иттифоқҳои касаба, нозирони ҷамъиятии онҳо оид ба ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд то аз тарафи мақомоти дахлдор қабул шудани қарор аз корфармо боздоштани корҳоро талаб намоянд.

Моддаи 18. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ба бурдани музокироти коллективӣ ва бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ

  1. Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва мақомоти онҳо барои бурдани музокироти коллективӣ, бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
  2. Корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд дар музокироти коллективӣ, бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ иштирок намоянд.
  3. Намояндагии иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо барои аз номи кормандон бурдани музокироти коллективӣ, бастани созишномаҳо  ва шартномаҳои коллективӣ дар сатҳи умумидавлатӣ, соҳавӣ ё минтақавӣ мутаносибан бо шумораи аъзои иттифоқи касаба, ки онҳо муттаҳид менамоянд, муайян карда мешавад.

Моддаи 19. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ба ҳифзи иҷтимоии кормандон

  1. Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо бо корфармоёни дахлдор, иттиҳодияҳои онҳо ва мақомоти идоракунии давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии аъзои худ, муайян намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ, андозаи ҷубронпулиҳо вобаста ба болоравии нархҳо, муқаррар намудани ҳаҷми маблағи камтарин барои рӯзгузаронӣ ва вобаста ба индекси нархҳо сари вақт таҷдиди назар кардани музди меҳнат, мукофотпулӣ, кӯмакпулиҳо, назорати иҷрои ин чорабиниҳо, инчунин оид ба дигар масъалаҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд созишнома ва шартномаҳо банданд.
  2. Иттифоқҳои касаба бо  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсими манзили истиқоматӣ, инчунин маблағе, ки барои сохтмони манзил равона карда шудааст, иштирок намуда, дар корхонаҳо дар бобати баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки ба беҳтар намудани шароити манзил ниёз доранд, истифодабарии манзили идоравӣ ва хизматӣ, хобгоҳҳо ва дигар манзилҳои истиқоматӣ назорати ҷамъиятиро ба роҳ мемонанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ба амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ  ба рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ

  1. Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд ба рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ назорати ҷамъиятӣ баранд.
  2. Дар сурати риоя накардани шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд ба тарафи дигари созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ оид ба рафъи  ин қонуншиканиҳо пешниҳод равон намоянд, ки он дар мӯҳлати муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баррасӣ гардад.
  3. Тарафи қабулкардаи пешниҳод ӯҳдадор аст, ки дар бораи қарори қабулнамудааш ба тариқи хаттӣ дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқи касабаи дахлдорро хабардор намояд.
  4. Дар сурате, ки тарафи қабулкардаи пешниҳод қонеъ намудани  талаби иттифоқи касабаро рад кунад ва ё дар ҳолати ба мувофиқа наомадани тарафҳо, ихтилофи байни онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 21. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо  дар ҳалли  баҳсҳои  меҳнатии фардӣ ва коллективӣ

  1. Иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқ доранд манфиати аъзои иттифоқи касабаро дар мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ намояндагӣ кунанд.
  2. Намояндагони иттифоқҳои касаба дар баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар кори комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва дигар мақомот иштирок  менамоянд.

Моддаи 22. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ба амалӣ намудани назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва иттифоқҳои касаба

  1. Иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқ доранд назорати ҷамъиятии риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва иттифоқҳои касабаро аз ҷониби корфармо, соҳибмулк ё намояндаи ваколатдори мақомоти идоракунандаи он амалӣ намоянд, инчунин рафъи қонуншикании ошкоршударо талаб намоянд.
  2. Бо мақсади амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва манфиатҳои аъзои худ иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд бозрасии техникӣ ва ҳуқуқии меҳнат ва хадамоти ёрии ҳуқуқӣ дошта бошанд, ки салоҳияти онҳоро оинномаи (низомномаи) иттифоқҳои касаба ва санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  3. Намояндагони иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд бо мақсади санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат аз ҷониби корфармо, шахсони мансабдори он ба корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар он аъзои иттифоқи касаба фаъолият менамоянд, бе мамониат ворид шаванд.

Моддаи 23. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ба дастрас намудани маълумот

Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корфармо, субъектҳои хоҷагидорӣ, иттиҳодияҳои онҳо, инчунин аз мақомоти идоракунии давлатӣ оид ба масъалаҳои меҳнат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи ҳисоботи омории муқарраршуда ба таври ройгон маълумот дастрас намоянд.

Моддаи 24. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ба иштирок дар таълим ва такмили  ихтисоси  кадрҳои иттифоқҳои касаба

  1. Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дошта, омӯзиш, бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба, таълими кормандон ва аъзои иттифоқи касабаро амалӣ намоянд.
  2. Маблағгузории ин муассисаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои басташуда, метавонанд аз ҳисоби маблағҳои иттифоқҳои касаба, корфармо ва дигар манбаъҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шаванд.

Моддаи 25. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Иттифоқҳои касаба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро дар мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъмини иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ифода ва ҳимоя намуда, фаъолияти онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати ҷамъиятӣ қарор медиҳанд.

Моддаи 26. Ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба дар соҳаи ҳифзи саломатӣ

  1. Иттифоқҳои касаба моликияти ба онҳо мансуби муассисаҳои санаторию курортӣ ва истироҳатгоҳҳоро идора намуда, дар таъсис ва ташкили кори курортҳо, санаторияҳо, профилакторияҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои солимгардонии кӯдакону наврасон, ташкилотҳои  зерсохтор кӯмаки моддию молиявӣ мерасонад ва ба рушди мадании оммавӣ, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
  2. Иттифоқҳои касаба бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷумҳуриявии корфармоён созишнома баста, корҳои беҳтар намудани муолиҷаи санаторию курортӣ ва рушди муассисаҳои истироҳатӣ, сайёҳӣ, тарбияи ҷисмонии оммавӣ ва варзишро ба роҳ мемонанд.

Моддаи 27. Ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳои осоишта, намоишҳо, корпартоиҳо

Иттифоқҳои касаба мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳоро чун воситаи мубориза барои беҳтар намудани шароити меҳнат, баланд бардоштани музди кор, кам кардани бекорӣ, муттаҳид намудани меҳнаткашон дар мубориза барои ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, муҳофизат аз худсарии корфармо, таъсир расонидан ба мақомоти давлатӣ бо мақсади пеш бурдани ҳамон сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ, ки ба талаботи аъзои иттифоқи касаба ҷавобгӯ бошад, ташкил менамоянд ва мегузаронанд.

БОБИ 3. КАФОЛАТИ  ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Моддаи 28. Кафолати фаъолияти иттифоқи касаба

Аъзои мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқ доранд:

– аз корхонаҳое, ки дар онҳо аъзои иттифоқҳои касаба кор мекунанд, бемамониат дидан намоянд, ба муҳити кори онҳо шинос шаванд;

– аз корфармо, шахси дигари мансабдор ҳуҷҷати дахлдор, маълумот ва тафсироте, ки ба шароити меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба меҳнат дахл доранд, талаб карда гиранд;

– ба корфармо, шахси мансабдор оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат бевосита ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ муроҷиат намояд.  

Моддаи 29. Кафолатҳо барои кормандоне, ки ба ҳайати мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба интихоб шудаанд

  1. Ба кормандони корхона, муассиса ё ташкилоте, ки ба мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба интихоб шудаанд, барои иҷрои ваколатҳояшон кафолат дода мешавад.
  2. Корфармо шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бо кормандоне, ки роҳбари мақомоти иттифоқи касаба мебошанд, танҳо бо розигии пешакии мақомоти болоии иттифоқи касаба қатъ карда метавонад.
  3. Ба аъзои мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба, ки аз кори истеҳсолии худ озод нашудаанд, тибқи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ имтиёзҳо пешбинӣ шуда метавонанд.
  4. Мувофиқи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ аъзои мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба дар вақти ба сифати вакил дар анҷуману конференсияҳое, ки иттифоқҳои касаба даъват мекунанд, иштирок карданашон, инчунин ҳангоми иштирокашон дар кори мақомоти он бо пардохти музди миёнаи моҳонаашон аз ҳисоби маблағҳои иттифоқҳои касаба ва корфармоён аз кори истеҳсолот озод карда мешаванд.

 

Моддаи 30. Ӯҳдадории корфармо оид ба муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти иттифоқҳои касаба

  1. Корфармо вазифадор аст оид ба муҳайё намудани шароити муносиб  барои фаъолияти иттифоқҳои касаба дар корхона мусоидат намояд.
  2. Мутобиқи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ корфармо метавонад мақоми интихобии иттифоқи касабаро бо бинои корӣ, таҷҳизоти зарурӣ, гармӣ, равшанӣ, воситаҳои алоқа, нақлиёт ва дигар воситаҳое, ки барои фаъолияти он заруранд, таъмин намояд.
  3. Дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии кормандоне, ки аъзои иттифоқи касаба мебошанд, корфармо ҳар моҳ аз музди меҳнати аъзои иттифоқи касаба, ҳаққи аъзогии онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ба суратҳисоби иттифоқҳои касабаи дахлдор мегузаронад. Корфармо ҳуқуқ надорад, ки интиқоли маблағи мазкурро ба таъхир андозад.

 

БОБИ 4. ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

 

Моддаи 31. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар корхона

  1. Ташкилотҳои иттифоқи касаба дар корхона ва қисмҳои таркибии сохтории онҳо ҳуқуқу

манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии аъзои иттифоқи касабаро  ҳимоя менамоянд. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба тавассути мақомоти интихобии мутобиқи оинномаи (низомномаи) соҳавӣ таъсисдода ё тавассути намояндагии иттифоқи касабае, ки ваколатдори намояндагии манфиатҳои аъзои  иттифоқи касаба аст ва дар доираи муқаррароти пешбининамудаи ҳамин Қонун ва оинномаи (низомномаи) иттифоқи касаба амал менамояд, ваколатҳои худро амалӣ менамояд.

  1. Дар сурати дар корхонаҳо мавҷуд будани якчанд ташкилоти  иттифоқи касаба бо мувофиқаи байни онҳо ташкилоти  иттифоқи касабае, ки аксарияти кормандонро муттаҳид месозад, ё дигар мақомоти намояндагии ташкилоте, ки теъдоди бештари кормандонро муттаҳид менамояд, тарафи созишнома ва ё шартномаи коллективӣ шуморида мешавад.

 

Моддаи 32. Ваколатҳои мақомоти интихобии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар корхона

  1. Мақомоти интихобии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар корхонаҳо чунин ваколатҳо дорад:

– созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ мебанданд ва иҷрои онро назорат менамояд, дар бораи иҷрои он дар маҷлиси умумии коллектив (конференсия) ҳисобот медиҳад, аз мақомоти дахлдор ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдореро, ки шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро иҷро накардаанд, талаб менамояд;

– якҷоя бо корфармо масъалаҳои ҷорӣ, таҷдиди назар ва  тағйир додани меъёрҳои меҳнатро ҳал менамояд;

– якҷоя бо корфармо масъалаҳои музди меҳнати кормандони корхона, шаклҳо ва низоми пардохти музди меҳнат, нархгузорӣ, ҷадвали тариф, тарҳи маошҳои вазифавӣ, шартҳои ҷорӣ намудан ва андозаи иловапулиҳо, изофапулӣ, мукофотпулӣ ва дигар пардохтҳои ҳавасмандгардонию ҷӯброниро ҳал менамояд;

– якҷоя бо корфармо масъалаҳои  вақти кор ва вақти истироҳатро ҳал менамояд,  ҷадвали бастҳо ва додани рухсатиҳо, ҷорӣ  кардани  ҳисоби якҷояи вақти корро мувофиқа менамояд, ба изофакорӣ ва кор дар рӯзҳои истироҳат иҷозат медиҳад;

– якҷоя бо корфармо масъалаҳои рушди иҷтимоии корхона, беҳтар намудани шароити ҳифзи меҳнат, хизматрасонии моддию маишӣ ва тиббии кормандонро ҳал менамояд;

– дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, муайян ва тасдиқ кардани рӯйхат ва тартиби ба кормандон додани имтиёзҳои иҷтимоӣ иштирок менамояд;

– дар таҳияи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии корхона иштирок менамояд;

– ба бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманд бо ташаббуси корфармо розигӣ медиҳад ё онро рад менамояд;

– дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш, бемориҳои касбӣ ва садама, дар кори комиссия оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат иштирок менамояд;

– ҷиҳати аз тарафи корфармо пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъин намудани нафақаи  кормандон ва аъзои оилаи онҳо назорати чамъиятӣ мебарад;

– манфиати шахсони суғурташударо дар комиссияи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ҳимоя намуда, кормандонро тибқи шартҳои пешбининамудаи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ба санатория, профилактория, истироҳатгоҳҳо, муассисаҳои сайёҳӣ, пойгоҳҳо ва муассисаҳои солимгардонӣ равон мекунад ва ташкили хизматрасонии тиббиро ба  кормандон ва аъзои оилаи онҳо месанҷад;

– манфиати кормандони корхонаҳои қарздорро дар марҳилаи муфлисшавӣ ҳимоя  менамояд.

  1. Мақомоти интихобии ташкилоти иттифоқи касаба, инчунин ҳуқуқҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.

 

Моддаи 33. Тартиби додани розигӣ барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

  1. Мақомоти интихобии ташкилоти ибтидоии  иттифоқи касаба дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории меҳнат дар давоми даҳ рӯз пешниҳоди асосноки корфарморо дар бораи қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманд баррасӣ менамояд.
  2. Дар сурати ба ҷаласа ҳозир нашудани корманд ё намояндаи ӯ, баррасии пешниҳод то ҷаласаи дигар дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда мавқуф гузошта мешавад.
  3. Дар сурати такроран бе сабаби узрнок ба ҷаласа ҳозир нашудани корманд, мумкин аст пешниҳод дар ғоибии ӯ баррасӣ карда шавад.
  4. Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба корфарморо аз  қарори қабулкарда дар мӯҳлати як ҳафта аз санаи қабули он ба тариқи хаттӣ хабардор менамояд.
  5. Қарори иттифоқи касаба дар бораи додан ё надодани розигӣ  ба  қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд асоснок бошад.

 

БОБИ 5. МОЛИКИЯТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА, ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГӢ ВА МОЛИЯВӢ

 

Моддаи 34. Моликияти иттифоқҳои касаба

  1. Иттифоқҳои касаба мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиистон ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк ва маблағҳое мебошанд,  ки  молики онҳоянд.
  2. Моликияти иттифоқи касаба бинову иморат, иншоот, нақлиёт, муассисаҳои санаторию курортӣ, сайёҳӣ, варзишӣ, муассисаҳои солимгардонӣ, истироҳатгоҳҳо, марказҳои фарҳангию равшаннамоӣ, илмию таълимӣ, ташкилот, фонди  манзилӣ, нашриёт, матбаа, қоғазҳои қиматнок, ҳаққи аъзогии иттифоқи касаба ва дигар маблағу моликияте буда метавонанд, ки аз ҳисоби манбаъҳои худ ташаккул ёфтаанд, инчунин аз  шахсони сеюм ба ихтиёрдории мақомоти иттифоқҳои касаба вогузошта шудаанд.
  3. Манбаъ, тартиби ташаккул ва истифодаи маблағи буҷети иттифоқи касабаро оинномаи (низомномаи)  иттифоқҳои касаба муайян менамояд.
  4. Иттифоқҳои касабаро аз ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифодабарии молу мулке, ки барои идоракунии хоҷагидорӣ дода шудааст, танҳо бо қарори суд аз рӯи асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан мумкин аст.
  5. Моликияти иттифоқҳои касабаро қонун ҳимоя менамояд.

 

Моддаи 35. Фаъолияти молиявию хоҷагии иттифоқҳои  касаба

  1. Фаъолияти молиявию хоҷагии иттифоқҳои касаба мувофиқи оинномаи (низомномаи)  онҳо амалӣ мегардад.
  2. Иттифоқҳои касаба мувофиқи оиннома (низомнома) ва мақсаду вазифаҳояшон ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои  тиҷоратӣ, фондҳои ҷамъиятӣ ва дигар фондҳо таъсис диҳанд, инчунин бо фаъолияти  ноширӣ  ва молиявию хоҷагӣ машғул шаванд.

 

Моддаи 36. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо дар бобати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор

  1. Мақомоти иттифоқҳои касаба (на поёнтар аз сатҳи ноҳиявӣ) ҳуқуқ доранд аз роҳбари корхона, агар он қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ва  созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро вайрон намояд, қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро талаб намоянд.
  2. Баррасии талаби мақомоти иттифоқи касаба ҳатмӣ мебошад.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани

Қонуни мазкурШахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Дар бораи аз эътибор соқит донистани

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо”Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 1992 “Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо” (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, №7, мод. 101; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 9, мод.117) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал  қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 

2 августи соли 2011,

№757

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …