Главная / Ҷамъият / ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ

ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1997, № 10, мод.147; соли 1998, 10, мод.74; соли  2002, № 4, қ-1, мод.179, 188; соли 2007, №6, мод. 434, 437; Қонуни ҶТ аз 03.07.2012с., №872;)

Ин Қонун муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот танзим мекунад.

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳуми асосии танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

spirti-tojikiston

Таҳти мафҳуми танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот низоми истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машруботи бо қонунгузорӣ муқарраргардида ва дар асоси он санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда фаҳмида мешавад.

Спирти этилӣ ошомӣ, арақ, ликёр, хелҳои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру меваҷот ва дигар озуқаи дорои спирти этилӣ, ки аз ашёи хоми хӯрокворӣ истеҳсол шуда, беш аз якуним фоизи миқдори воҳиди машруботро дорад, аз ҷумлаи машрубот аст.

Тахти муомилоти спирти этилӣ ва машрубот содироту воридот, молрасонӣ, хариду фурӯши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этилӣ) фаҳмида мешавад.

Моддаи 2. Қонунҳо дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Қонунҳо дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот аз ҳамин Қонун ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии тибқи он қабулшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд.

Амали ин Қонун ба маҳсулоти зерин дахл намекунад:

машруботе, ки шаҳрванд (шахси воқеӣ) на барои фурӯш истеҳсол кардааст;

спирти этилӣ, ки шахси юридикӣ ё ашхоси юридикӣ дар асоси шартнома аз ҳар хели ашёи хом истеҳсол кардаанд ва онро танҳо дар ҷараёни технологӣ вақти тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд.

Моддаи 3. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот аз инҳо иборатанд:

ташкили назорати давлатӣ ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;

муқаррар намудани маблағи акцизи спирти этилӣ ва машрубот;

муқаррар кардани меъёри қоидаҳо, стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

муқаррар намудани тартиби лицензиядиҳӣ барои истеҳсол кардан ва ба муомилот баровардани спирти этилӣ ва машруботе, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз спирт дошта, ҳаҷми истеҳсол ё муомилоти он ба ҳисоби машруботи холис соле аз 0,02 млн. декалитр зиёдтар аст, инчунин лицензиякунии намудҳои фаъолияти зикршуда;

муайян кардани саҳмияи (квотаи) ҳаҷми спирти этилие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст;

татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки ҳуқуқи истеъмолгарон ва истеҳсолкунандагони моли ватаниро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спири этилӣ ва машрубот ҳифз мекунанд.

Масъалаҳои дигари танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, ки дар ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва бо ин Қонун танзим гардонида нашудаанд.

 

БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ

 

Моддаи 4. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:

иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

манъ кардани фурӯши чаканаи спирти этилӣ;

муқаррар намудани стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

амалӣ гардонидани назорати давлатии сифати спирти этилӣ.

Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар менамояд.

 

Моддаи 5. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Фаъолият дар соҳаи дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси  иҷозатнома  ба амал мебароранд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

Иҷозатнома  дар соҳаи  истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад.

 

БОБИ III. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАШРУБОТ

 

Моддаи 6. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот ин корҳоро пешбинӣ менамояд:

иҷозатномадиҳи фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти машруботтибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

сертификатсияи машрубот ва таҷҳизоти истеҳсоли он;

муқаррар намудани акцизи ҳамаи хелҳои машрубот;

назорати риояи ҳуқуқи истемолкунандагони машрубот;

муқаррар намудани стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти машрубот. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машруботро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мекунад.

 

Моддаи 7. Шароит барои истеҳсол ва муомилоти машрубот

Истеҳсол ва муомилоти машруботро ашхоси юридикие ба амал мебароранд, ки барои фаъолияти мазкур дар сурати мавҷуд будани лицензияҳои дахлдор шароите доранд, ки ба меъёру қоидаҳои санитарию гигиенӣ мувофиқат мекунад.

Барои истеҳсоли машрубот бояд спирти этилие истифода шавад, ки танҳо аз ашёи хоми озуқа ҳосил шудааст.

Машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи савдои чакана фурӯхта мешавад, аз ҷумла машруботи хориҷӣ бояд оиди сертификатсия, коди истеҳсолкунанда, аломати мувофиқат, номгӯи стандартҳои давлатӣ, ки машрубот бояд ба талаботи ҳатмии онҳо мувофиқ бошад, оиди ҳаҷми зарф, таркиб, оиди моддаҳои барои саломатӣ зиёновари таркиби он нисбати талабҳои ҳатмии регламентҳои техникӣ ва оиди ғайри қобили истеҳсол маълумот дошта бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

 

Моддаи 8.  (Хориҷ карда тибқи Қ  ҶТ аз 13.06.07с №278).

 

Моддаи 9. Акцизи машрубот

Акцизи машрубот бо тартибу шартҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Маблағи акциз ба воҳиди миқдори спирти этилии таркиби машрубот ҳисоб карда мешавад.

Акцизи машруботи воридотӣ ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани он ситонида мешавад.

Бо мақсади пурра ситонидани маблағи акциз ва пешгирии пинҳонӣ овардану фурӯхтани молҳои мавриди акциз тартиби тамғазании тамоми машрубот бо тамғаҳои маблағи акцизи муқаррар карда мешавад.

Намунаи тамғаҳои маблағи акциз, тартиб ва ҳаҷми пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 10. Сифати машруботи воридотӣ

Сифати машруботи воридотӣ аз сифати пешбининамудаи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникии ҳамин намуд машруботи ватанӣ набояд паст бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

 

(Моддаи 11. Хориҷ карда шуд тибқи ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

 

Моддаи 12. Шартҳо ва тартиби фурӯши маҳсулот

Фурӯши машруботи ватанӣ ва воридотиро ташкилотҳо ба таври яклухт ва чакана, соҳибкори инфиродӣ ба таври чакана дар сурати доштани лицензия амалӣ мегардонанд.

Ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ машруботро танҳо дар ҷойҳои муайянкардаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) фурӯхта метавонанд.

Дар айни замон фурӯши яклухт ва чаканаи машрубот:

дар муассисаҳои бачагона, таълимӣ, динӣ ва табобатию профилактикӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

бо миқдори спирти этилии зиёда аз 20 фоиз дар ташкилотҳои номуносиби маҳалҳои серодам ва серхавф (вокзалу фурудгоҳҳо, объектҳои таъиноти ҳарбӣ) ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо, ҳамчунин аз даст, дӯкончаҳо ва автомашинаҳо, павильону хаймаҳои таҷҳизонидашудаи савдо ва дигар биноҳои барои фурӯши ин маҳсулот номувофиқ, дар ташкилотҳои илмӣ ва истеҳсолӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

ба ашхоси то синни 18 – сола;

бе сертификати мувофиқат ва тамғаи маблағи акцизӣ манъ аст.

Шартҳо ё маҳдудиятҳои дигари фурӯши чаканаи машруботро дар ҳудуди муайян мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) махсус бо мақсади ҳифзи сиҳати аҳолӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва риояи меъёрҳои ахлоқии рафтор муқаррар карда метавонанд.

 

БОБИ IV. НАЗОРАТИ РИОЯИ ИН ҚОНУН ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОН

 

Моддаи 13. Назорати давлатии риояи ин Қонун

Ба истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мақомоти махсуси босалоҳияти давлатӣ назорати давлатӣ мекунанд.

Системаи мақомоти назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ва вазифаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Назорати давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот назорати додани иҷозатномаҳоро барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот, назорати риояи шартҳои ҳатмии барои машрубот ва ашёи хоми истеҳсоли он муқарраршуда, сифати этилӣ ва машруботро дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

Мақомоте, ки бо масъалаҳои танзим ва назорати давлатии истеҳсол, муомилот, воридот ва хариди спирти этилӣ ва машрубот, додани лицензия сару кор доранд, метавонанд як қисми пули пардохтҳо ва боҷро бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти худ харҷ намоянд.

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз  шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 14. Манъи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ин корҳо манъ аст:

барои истеҳсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми ғайриозуқавӣ истеҳсол шудааст;

фурӯши чаканаи спирти этилӣ;

истеҳсол ва муомилоти машрубот бе лицензияҳои дахлдор;

фурӯши машрубот бе сертификатҳои мувофиқат ё бе тамғаҳои боҷи акцизӣ;

фурӯши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтаҳои зиёди зарарнок доранд;

фиристодани машрубот дар зарфҳое, ки ба талаботи ҳатмии ҳуҷҷати меъёрию техникӣ мувофиқат намекунанд;

реклама кардани машруботи ба талабҳои ҳамин Қонун мувофиқа накунанда.

Мансабдорони ташкилотҳое, ки спирти этилӣ ва машруботро бе риояи талабҳои ин Қонун истеҳсол мекунанд ва ба муомилот мебароранд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 15 май соли 1997

№ 451

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …