Главная / Ҷамъият / ИСЛОМ ВА ПОКИЗАГӢ

ИСЛОМ ВА ПОКИЗАГӢ

Ислом-ин дини покизагист. Чунки тозагӣ асоси ибодат аст. Покизагии бадани МО, либоси МО, ахлоқи МО нишонаҳои мусулмонии МО аст. Тозагӣ барои саломатӣ ва билохир барои ҳаёт бениҳоят зарур мебошад. Бинобар ин, дини МО ба тозагӣ аҳаммияти чиддӣ медиҳад. Дар Қуръон гуфта шудааст: «Либоси худро тоза нигоҳ дор». Ин шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.

Ва Пайғамбар (с) низ гуфтааст: «Покизагӣ нисфи ибодат аст». (Муслим. Таҳорат.1), ки ин низ шаҳодати алоқаи қавии покизагй ва имон он аст. Дини МО ба тозагии муҳит аҳаммияти калон медиҳад. Пайғамбар (с) мехост, ки МО ба Ӯ пайравй намуда, муҳити зисти худро тоза НИГ0Ҳ дорем. у касонеро, ки ЧОИ истиқомати худро ва дигаронро тоза НИГ0Ҳ дошта, нопокиҳоеро, ки монеъаи тозагй мешаванд, бартараф менамуданд, бо хабари ба Биҳишти човидон ворид гардиданашон хушнуд менамуд. «Як шахсе шохи шикастаи дарахтро дар роҳ дид ва гуфт: “Қасам баХудо ман инҳоро барои он аз роҳ мебардорам, ки то ба мусалмонҳо халал нарасонанд” ва Аллоҳ таъоло ӯро дар Биҳишт ҷой дод». (Бухорй, Азон, 32, Муслим, 28).

tahoratМувофиқитаълимоти Ислом тозагй ин танҳо дур кардани чирки бадан нест. Масалан, вақте ки МО себи чиркинро аз замин гирифта мешӯем, МО худи чиркро дур мекунем. Аммо агар ин себи дӯздида шуда бошад, он хеч ГОҲ тоза ва пок (халол) намешавад. Ин себ харом, яъне нопок мемонад. Аз НИГ0ҲИ ахлоқу одоб ин себ хӯрданбоб нест.

Чи тавре ки чирк бадани МО, либоси МО ва муҳити моро ифлос мекунад, гунох, сухани бад ва муносибати бад низ ДИЛИ моро ифлос мегардонад.

Барой хушбахтона зиндагй кардан, аз фасоди рӯҳӣ ва маънавию ахлоқӣ тоза шудан лозим аст. Покшавй аз фасоди рӯхию ахлоқӣ бо тавба, ибодат ва кори нек ба амал меояд. Худованд дар ин бора мегӯяд: «Дар ҳақиқат Аллоҳ тавбакунандагон ва покшавандагонро дӯст медорад».

(Сураи Бақара-222).

Бинобар ин, МО бояд бадан, либоси худ ва он чи ки моро ихота намудааст пок нигох дорем ва ахлоқи худро хамида гардонида аз сухану амалхои бад дурй ҷӯем.

Тозагӣ ва мусулмон

Тозагию ростгӯӣ,
Ҳаст асоси дини МО.
Нест гапе росттар,
Ғайри гуфтори Худо.

Ҳар касе, ки тавба карду Хони худро пок бинмуд,
Шубҳаҳо аз Ӯ гурезанд, Шарри шайтон монд бесуд.

Ҳаст хушбахт он, ки доим Гашт пойи ботахорат,
Ки ба ҳар як хатраи об, Резад аз тан сад гуноҳат.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …