Главная / Гуногун / Ислом барои бунёди илмҳои дақиқ

Ислом барои бунёди илмҳои дақиқ

Савол: Устод, маро бубахшед, ҳар он чи ки дар замони Сомониён аз тарафи олимони тоҷик карда шудаанд ин натиҷаи таъсир ва заминаи бойи гузаштаи халқи тоҷик аст. Оё пас аз ғалабаи дини Ислом, аз тарафи аҳли Ислом барои бунёди илмҳои дақиқ, бевосита ягон ҳисса ё чорае дида шуда буданд ё на?!

Ҷавоб: Пас ба таърих рў меорем: Дини Ислом ҳанўз ба саҳнаи таърих набаромада дасти имдодхоҳона ба гаҳвораи тамаддун-Мовароуннаҳру Хуросон дароз кард. Дере нагузашта иддае  аз олимони бофарҳангро ба Арабистон ҷалб карданд. Абўҳаниф Нўъмон ибни Сабит бо тахаллуси Имоми Аъзам машҳур шуд, ки ў дар Ислом пас аз Муҳаммад шахси дуюм гардид. Дар қатори Имоми Аъзам даҳҳо нафар мутафаккирони тоҷик аз қабили Абдуллоҳ ибни Муборак, Аҳмад ибни Ҳанбал, Исҳоқ ибни Раҳовайҳ, Ҳайсам ибни Курайш, Абубакр Аҳмад ибни Муҳаммад, Сайиди Бухоро, Иброҳим ибни Мақил ан Насафӣ, Наъима ибни Ҳаммад ал-Марвазӣ, Ҳофиз ал-Хоразмӣ, Ҷамолиддин ан-Насафӣ, Шиблии Истаравшанӣ, Абулҳасан ибни Муҳаммад ас-Самарқандӣ ва дигарон барои ба саҳнаи таърих баромадани дини Ислом хизмати шоистае карданд.

talab-kardani-ilmМаҳз бо маслиҳату ёрии он иддае, ки мо, алъон, номбар кардем аҳли Ислом ба тайёр кардани мутарҷимон ба забонҳои койна (юнонӣ), лотинӣ, форсӣ, ибрӣ, сурёнӣ, наботӣ, ҳиндӣ машғул шуданд. Дар ин давра алакай нахустин китоби Ибни Ҷубайр (соли 104 ҳиҷрӣ), китоби Ибни Мунейҳ (соли 116 ҳиҷрӣ), китоби Муслими Заҳрӣ (соли141 ҳиҷрӣ), дар илми наҳв китоби Даилӣ ва луғати Ибни Халил (шогирди олими забардасти забони арабӣ- Себўяи Форсӣ) дарҷ гардиданд. Аҳли Ислом, сипас, баъд аз тайёр кардани тарҷумонҳо ба Юнону Рим ва дигар мамлакатҳои мутамаддини дунё мутахассисонро бо пули зиёд фиристоданд, ки маҳз китобҳои гуногунро дар бораи илмҳои табиатшиносӣ дарёфт карда биёранд. Хулоса, бори нахуст ба воситаи як рўҳонии насронӣ чанд китоби юнониро доир ба илми санъат ва нуҷум ба даст оварда, ба забони арабӣ тарҷума карданд. Сипас аз Рим китоби Уқлидус ва «Маҷастӣ»-ро оварда ба арабӣ тарҷума карданд. Мувофиқи маълумоти «Одоб-ул-луға» «китобҳое ки дар он замон ба арабӣ тарҷума шуда аз садҳо ҷилд зиёд мебошанд ва минҷумла аз китоби Афлотун 8 ҷилд, аз Арасту 19 ҷилд, аз Буқрот 10 ҷилд, аз Ҷолинус 38 ҷилд ва аз осори Уқлидус, Аршамидус, Аблуниюс, Монолоус, Батламиюс, Абрахас, Динофантас чандин ҷилд ва ҳамчунин аз форсӣ 30 ҷилд, аз ҳиндӣ 20 ҷилд ва аз лотинию ибриву сурёнӣ ва наботӣ чандин ҷилд» тарҷума карда шуданд.

Аз рўи навишти китоби «Уюн-ул-анбо»: «Дар ҷамъоварии китобҳо аз билоди мухталифи олам эҳтимом варзида ва дар он роҳ сармоягузорӣ мекарданд. Ва ҳамчунин дар роҳи тарҷумаи онҳо ба забони арабӣ ҳаққи  қалами зиёд ба мутарчимон медоданд, ки аз он ҷумла яке Муҳаммад ибни Абулмалик аз-Зайёт аст, ки моҳе 12 ҳазор динори тилло ба мутарҷимон медод, то он ки китобҳоро  ба номи ў тарҷума кунанд.

Албатта аз нимаи дуюми асри 7-и милодӣ якуякбора ин қадар ба китоб дода шудани мардуми Шарқ як сабаби асосӣ дорад. Ин сабаб ба шарофати Яздигурди Се – шаҳаншоҳи охирини импераияи бузурги Сосон вобастагӣ дорад.

Савол: Чи тавр?

Ҷавоб: Чун пас аз эҳёи дини мубини Ислом Империяи бузурги Сосон барҳам хўрд, Яздигурди Се ба ҷойи боигарии дар тўли зиёда аз ҳазор сол – яъне аз абтидои Империяи Паҳлавӣ то интиҳои империяи Сосон ҷамъ шударо ба арабҳо гузошта, тамоми китобҳои дар ин давра дар пойтахти Форс – Мадоину Тайсафун ҷамъ шударо ба уштурҳо бар карда ба Осиёи Миёна, аниқаш ба Бохтар овард. Ҳеҷ касс ин боигарии ба арабҳо гузоштаи шаҳаншоҳи ҷавон – Яздигурди Серо тасаввур карда наметавонад, ба ҷуз муҳаққиқони ин ду империяи бузург – Паҳлавӣ ва Сосон. (ниг., И. Умарзода. «Таърихи тамаддуни ориён» Душанбе, с 2006. аз саҳ. 374 то 525).

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …