Главная / Ҷамъият / Ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №13, мод.194)

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунад, ки баъди поён ёфтани ҷанги гражданӣ, дар рафти тадриҷан бартараф намудани оқибатҳои он, дар натиҷаи меҳнати пуршиддати халқ, ҷидду ҷаҳди мақомоти ҳокимият ва идораи марказӣ ва маҳаллии давлатӣ ва бо дастгирии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои ба амал овардани дигаргуниҳои қатъӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шуд. Ҳоло барои кушодани роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ дар Тоҷикистон, таъмини пурратари кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва обрӯю эътибори он дар байни аҳли олам тамоми имкониятҳо мавҷуданд.

sarqonun

Муҳокимаи ҳалқии лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳҳои апрел-июни соли 1994 баргузор шуд ва дар рафти он лоиҳа мавриди дастгирии хеле васеъ қарор гирифт, бо камоли итминон зарурати харҷи зудтар амалӣ сохтани ислоҳоти конститутсиониро собит месозад ва дар зудтарин вақт бо роҳи овоздиҳии халқӣ (рефе­рендум) қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекунад.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин қайд мекунад, ки шакли идораи президентӣ, ки дар лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, аз тарафи аксарияти иштирокчиёни муҳокимаи он маъқул дониста шуд ва ин имконият медиҳад, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон кор вусъат дода шавад.

Бо дар назардошти фавқ ва дар асоси Изҳороти сиёсии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов, ки Шӯрои Олӣ 28 декабри соли 1993 онро маъқул донист,

ба мақсади собитқадамона амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ, таъмини идома ва фаъолияти самарабахши ҳамаи шоҳаҳо ва савияҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ дар рафти навсозии дарпешистода, фароҳам сохтани шароит барои сари вақт амал кардани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таҳкими замина барои аз буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ баромадани ҷумҳурӣ, минбаъд муътадил гардидани вазъи сиёсии дохилӣ, ба даст овардани ризояти ҷамъиятӣ,

бо саъю кушиш барои муҳайё сохтани имконият ба халқ, ба шуму­ли гурезаҳо-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худашон тақдири кишвари худро муайян кунанд,

Эъломияро дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор дода ва мувофиқи моддаҳои 1, 2, 5, 99 ва 103-юми Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:  

Моддаи 1. Лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки комиссияи оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бо назардошти ҷамъбасти муҳокимаи халқӣ маъқул дониста ва он ба овоздиҳии халқӣ (референдум) гузошта шавад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате қабулшуда ҳисоб мешавад, ки ба он бештар аз нисфи интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар референдум иштирок кардаанд, овоз до­да бошанд.

Рӯзи овоздиҳии халқӣ (референдум) рӯзи қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ид эълон карда мешавад ва ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.  

Моддаи 2. Мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар як вақт бо референдум оид ба қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар ин иҷлосия қабул гардид, гузаронида шавад.

Моддаи 3. Референдум барои қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 1994 таъин карда шавад.

Моддаи 4. Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шавад.

Ташкил ва гузаронидани овоздиҳии халқӣ (референдум)-ро барои қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонба зиммаи Комиссияи марказии интихоботи оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои интихоботии поёнӣ оидба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба комиссияҳои оид ба гузаронидани референдум ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии зарурӣ расонанд. Ҳар гуна амалиётеро, киба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мамониат мерасонанд, пешгирӣ намоянд.

Моддаи 5. Хароҷоти вобаста бо гузаронидани референдум ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.

Моддаи 6. Муқаррар карда шавад, ки то мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро мувофиқи Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Моддаи 7. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи расман нашр шудани он мавриди амал қарор дода мешавад. Аз худи ҳамон рӯз амали Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шудааст, бо ҳамаи тағйирот ва иловаҳои ба он дохил кардашуда қатъ мегардад.

Моддам 8. Қонунҳои пештар қабулкардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои  ҳуқуқии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷузъе, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надорад, амали худро ҳифз мекунанд.Ҳамаи қонунҳо ва санадҳои мазкури ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду соли мавриди амал қарор гирифтани он қабул карда шаванд.

Қонунҳое, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсионӣ номида шудаанд, бояд баъди як соли мавриди амал қарор гирифтани он қабул карда шаванд.

Моддаи 9. Баъди мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва ваколатҳои худро то кушода шудани иҷлосияи якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон ҳифз мекунанд. Ин мӯҳлат аз мӯҳлати ваколатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум зиёд буда наметавонад.

То кушода шудани аввалин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, Раёсати он ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ваколатҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати он ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад, иҷро мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯъ намудан ба вазифа дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум савганд ёд мекунад.

Моддаи 10. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ташкили Ҳукумати нав ваколатҳои Ҳукуматро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро менамояд.

Моддаи 11. Шахсони мансабдор, ки онҳоро Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб намудааст, мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъин ё интихоб мешаванд.

Баъди мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати судяҳои судҳои Тоҷикистон то интихобот ё таъини нави онҳо боқӣ мемонад. Мӯҳлати ин ваколатҳо аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад.

Моддаи 12. Шӯрои депутатҳои халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва кишлоқҳо, кумитаҳои иҷроияи онҳо ваколатҳои худро то ташкили мақомоти нави маҳаллии ҳокимият мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мавҷуда дар ҷузъе, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, иҷро намоянд.

Моддаи 13. Судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода мешаванд.

Моддаи 14. Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷкистон то интихоботи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Моддаи 15. Ин Қонун дорои эътибори Қонуни конститутсионӣ мебошад ва аз рӯзи қабул шуданаш мавриди амал қарор мегирад.

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  20 июли соли 1994

№ 974

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …