Главная / Гуногун / Ислоҳоти Шералихон дар Афғонистон

Ислоҳоти Шералихон дар Афғонистон

Соли 1863 Дӯстмуҳаммадхон вафот кард ва барои тоҷу тахти Афғонистон дар байни писарони ӯ муборизаи мусаллаҳона сурат гирифт. Оқибат соли 1868 дар ин мубориза Шералихон ғолиб баромада, амири Афғонистон шуд.

019pho000000127u00044000-svc1

Шералихон ба Ҳиндустон сафар карда, ба навгониҳои аз Англия ба он ҷо роҳёфтаи буржуазӣ шиносоӣ пайдо намуда, баъди ­ба ватан баргаштан ба ислоҳоти давлатӣ даст зад. Ислоҳоти андози Шералихон мадди назар дошт, ки аз андози натуралӣ ба андози пулӣ бояд гузашт. Ислоҳоти ҳарбӣ азнавсозии артиш ва таъсиси сипоҳи муназзами муосирро дар назар дошт. Ба Шералихон муяссар гардид, ки артиши Афғонистонро пурқувват карда, шумораи онро то ба 50 ҳазор нафар расонад, ҳокими марказиро мустаҳкам кунад, мақомоти махсуси машваратӣ ва политсияи давлатиро ташкил намояд. Ғайр аз ин ӯ ба ислоҳоти тиҷорат ва фарҳанг ҳам шурӯъ кард. Дар мамлакат шаб, алоқаи почтаро ташкил кард, барои беҳтар кардани роҳҳо чораҳои зарурӣ андешид. Соли 1873 рӯзномаи аввалини Афғонистон “Шамс-ун-наҳор” ба чоп расид. Вале ба татбиқи пурраи ислоҳоти Шералихон таҷовузн нави ҳарбии Англия халал расонид.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …