Главная / Илм / ИШТИҲО

ИШТИҲО

ishtihoИШТИҲО (Appetitus), ифодаи эҳсосоти рағбатноки организми одам ба хӯроки муайян. И. аз ҳисси гуруснагӣ фарқ мекунад. Ҳисси гуруснагӣ эҳтиёҷи организм ба моддаҳои ғизоӣ буда, одатан нофорам аст. И. ҳисси форам мебошад ва одатан баъди истеъмоли ғизо рафъ мегардад.
И. дар натиҷаи ангезиши қисмҳои муайяни асабияи марказӣ ташаккул меёбад. Дар як вақт оби даҳон ва шираи ҳозима ҷудо мешавад, кори меъдаю рӯда шиддат гирифта, узвҳои ҳозима ба қабули хӯрок омода мегарданд. Ғизои хушлаэзат, намуди хуш ва бӯи форами он, зебо оростани дастархон И. – ро зиёд мекунанд. Баръакс, ғизои дилнокаш ва бӯи нофорами он И.-ро баста, ба фаъолияти узвҳои ҳозима таъсири номатлуб мерасонад.
Организми шахсе, ки тартиби истеъмоли хӯрокро риоя мекунад, дар вақти муайян миқдори лозимаи шираи ҳозима ҷудо менамояд. Вайрон кардани тартиби истеъмоли ғизо, хӯрдани нони хушк (ғизои сахт), дар сари дастархон гап задан, китоб хондан ё машғули кори дигар шудан, боиси халал ёфтани И., бемории меъдаю рӯда ва мубодилаи моддаҳо мегардад. Хастагии асаб ва беҳад монда шудан низ ба камиштиҳоӣ оварда мерасонад. Тағйири тартиби муқаррарӣ (мас., дар мактаббачагон ва кӯдаконе, ки соли аввал ба мактаб ё боғча рафтаанд), инчунин ба вояи ғизо ҳамроҳ кардани хӯроквории нав, баъзан сабаби кам шудани И. мешаванд. Дар вақти баъзе бемориҳои асаб ва рӯҳӣ, инчунин ҳомилагӣ И. таҳриф ёфта, одам чизҳои нохӯрданиро низ мехӯрад.
Беиштиҳоӣ (анорексия) ва иштиҳои қозгир (билумия) сабаби бемориҳои гуногун мебошанд. Аз ин рӯ, дар аснои ихтилоли И. ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …