Главная / Гуногун / ИШҚ ВА ҶАВОНӢ – ҲИКОЯТ

ИШҚ ВА ҶАВОНӢ – ҲИКОЯТ

Ҳасани Маймандиро гуфтанд:
– Султон Маҳмуд чандин бандаи соҳибҷамол дорад, ки ҳар яке бадеъи чоҳонеанд. Чӣ гуна афтодааст, ки бо ҳеҷ як бо эшон майлу муҳаббате надорад, чунон ки бо Аёз, ки зиёдат ҳусне надорад?
Гуфт:
– ҳар чӣ ба дил фурўд ояд, дар дида накў намояд.

ИШҚ ВА ҶАВОНӢҲар ки султон муриди ў бошад,
Гар ҳама бад кунад, накў бошад.
В-он киро подшаҳ бияндозад,
Касаш аз ҳайли хона нанвозад.

***
Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад,
Нишони сурати Юсуф диҳад ба нохубӣ.
В-агар ба чашми иродат нигаҳ кунӣ дар дев,
Фариштаест намояд ба чашми каррубӣ.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …