Главная / Гуногун / Иқтисодиёти Ҷумҳурии Қазоқистон

Иқтисодиёти Ҷумҳурии Қазоқистон

Ҷумҳурии Қазоқистон. Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ тамоюли мусбӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Қазоқистон нигоҳ дошта шуда, суръати афзоиши ММД 3,8 фоизро ташкил намуд.

иқтисодиёти Ҷумҳурии ҚазоқистонДар ҳашт моҳи соли ҷорӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,7 фоиз, кишоварзӣ 2,4 фоиз ва сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 21,4 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба 2,9 фоиз баробар гардид.

ХБА рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Қазоқистонро дар соли ҷорӣ бо назардошти афзоиши истихроҷи ҳаҷми нафт ва фаъолнокии савдо дар сатҳи 3,7 фоиз пешгӯӣ менамояд, ки ин нисбат ба пешгӯии қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон рушди ММД-ро дар соли 2018 дар сатҳи 3,8 фоиз баҳодиҳӣ менамояд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …