Главная / Илм / ИПОХОНДРИЯ

ИПОХОНДРИЯ

ippohondriaИПОХОНДРИЯ (Hypochondria), тоса, ҳолати носолимиест, ки одам аз ҷиҳати саломатӣ дар изтироб афтода, худро гирифтори бемориҳое меҳисобад, ки дар асл вуҷуд надоранд. Ҳангоми И. шахс рӯҳафтода ва серҳаяҷон мегардад. Ин гуна беморон бадгумон буда, ба вазъи саломатии худ диққати зиёд медиҳанд, ҳангоми андаке тағйир ёфтани вазъи организм худро бад ҳис мекунанд, ба духтур муроҷиат намуда, аз муоинаҳои сершумор мегузаранд. Чунин ашхос аксар вақт гирифтори бемориҳои талқинӣ шуда, ба вазъи организми худ диққати зиёд медиҳанд, бовар доранд, ки атрофиён нисбат ба онҳо бепарвоянд, ҳол он ки худашон нисбати дигарон хеле беаҳамият мебошанд. Дар мавриди И. баъзан бемор қобилияти кориро гум мекунад, хушиҳои ҳаётро намедонад, худро бадбахт меҳисобад, муносибаташ бо атрофиён хеле бад аст. Одатан, хешовандон ба чунин беморон ду хел муносибат доранд: ё косаи сабри онҳо лабрез шуда, бо ӯ ҷангу ҷидол менамоянд ё ба бемории хаёлӣ бовар ҳосил намуда, маризро низ ба ин водор месозанд. Чунин рафтор нодуруст аст. Зеро аксар бемориҳои ҳақиқӣ ба таври пинҳонӣ, бо ҳиссиёт ва нишонаҳои норавшан сар мезананд. Агар онҳоро И. гумон кунанд, пас мумкин аст вақти муолиҷа гузарад. Фаромӯш набояд кард, ки И. дар кӯдакон пайдо намешавад. Ҳангоми бад гаштани вазъи саломатӣ ба духтур муроҷиат намудан зарур аст. Агар дар мавриди муоина муайян шавад, ки вазифаи узвҳои дохилӣ халал наёфтааст, пас бояд ба равонпизишк муроҷиат кард. И. нишонаи носолимии табиати одам набуда, падидаи беморист ва онро муолиҷа кардан лозим аст. Ба И. невроз, психопатия, афсурдарӯҳӣ ва диг. бемориҳои рӯҳӣ сабаб мешаванд.
Ҳар як бемории рӯҳӣ ба И. нишонаи хос мебахшад. Ин ба психиатр имкон медиҳад, ки бемориро дуруст ташхис ва муолиҷа кунад. Хешовандони бемор ба иҷрои таъиноти духтур бояд қатъӣ риоя кунанд, зеро ӯ аксар вақт худро рӯҳан солим ҳисобида, аз муолиҷа саркашӣ менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …