Главная / Ҷамъият / Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни конститутсионӣ оиди Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, № 13,  мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1999, № 9,  мод.238; соли  2005, №12,  мод.626.)

 rahmon_nabiev1

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1.Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 кам нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад.

Вайрон кардани талаботи ин модда боиси беэътибор дониста шудани интихоботи Президент мегардад.

Моддаи 2. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон 

Дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ шахсоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расидааст.

Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқ надоранд иштирок кунанд, ки суд онҳоро ғайриқобили амал донистааст ё бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Ҳар гуна маҳдудкунии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҳолатҳое, ки ин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст, манъ аст. 

Моддаи 3.Принсипҳои гузаронидани интихоботи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ ихтиёрӣ ва дарасосҳои баробар иштирок мекунанд.

Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ пинҳонӣ мебошад ва шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад.

Назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест. 

Моддаи 4.Ошкорбаёнӣ дар тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва гузаронидани интихоботи Президент иштирок мекунанд, фаъолияти худро рӯирост ва ошкор амалӣ менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷунбишҳои оммавӣ, коллективҳои меҳнатӣвашаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба тарафдорӣ ё зиддиҳарномзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқот бурданро кафолат медиҳад.

Ташвиқот дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.

Ҳамаи қарорҳои мақомоти дахлдор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президент дар давоми ҳафт рӯз аз лаҳзаиқабул шуданашон нашр ва ба воситаи радио ва телевизион пахш карда мешаванд.

Комиссияи интихоботӣ дар бораи ҳайати худ, маҳалли воқеъ шудани участкаҳои интихоботӣ, вақти кори он ва руйхати интихобкунандагон ба аҳолӣ сари вақт хабар медиҳанд.

Дар вақти маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ, ҳангоми овоздиҳӣ, вақти ҳисобкунии овозҳо дар участкаҳои интихоботӣ, инчунин ҳангоми муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣҳақ доранд як нафарӣ намоянда аз ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз мақомоти намояндагии маҳаллииҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилониҳалқи ноҳияҳовашаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президент пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва дар сурати зарурат мушоҳидачиён аз давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок намоянд. Намояндагон бояд ҳуҷҷатеро, ки аз тарафи ташкилотҳои онҳоро фиристода ва ваколатҳои онҳоро тасдиқкарда дода шуда, ки шакли онро Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян кардааст, дошта бошанд.

Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллииҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилонихалқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба Президентӣ пешбарӣ кардаанд, камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот дар бораи намояндаҳои худ ба комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ хабар медиҳанд.

Дахолати мустақим ё ғайримустақими намояндагон ва мушоҳидатчиёни мазкур дар ҷараёниовоздиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои инти­хоботӣ манъ аст. 

Моддаи 5.Таъминоти моддии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Хароҷоти вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президент аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо барои тай­ёрӣ дидан ва гузаронидани интихобот биноҳо ва таҷҳизоти заруриро ройгон дар ихтиёри комиссияҳои интихоботӣ мегузоранд. Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои интихоботӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ истифодабурда мешаванд.

Ҳар гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони воқеӣ дар кори бо пултаъминкунӣ ва дигар хел дастгирии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ манъ аст. 

2. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Моддаи 6.Таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонна дертар аз ду моҳи хатми ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.

Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президенти Ҷyмҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Хабар дар бораи рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот чоп карда мешавад. 

Моддаи 7. Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи  комиссияҳои интихоботӣ гузошта мешавад. Комиссияҳои  интихоботӣба таври дастаҷамъӣ кор мекунанд. Тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ рӯирост ва ошкор амалӣ карда мешавад. 

Моддаи 8.Ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ 

Ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд.

Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ бо зикри сарҳадҳои онҳо вa шумораи интихобкунандагон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз 50 рӯз пеш аз интихобот чоп карда мешавад. 

Моддаи 9.Ташкили участкаҳои интихоботӣ 

Участкаҳои интихоботӣаз тарафи Комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 40 рӯз пеш аз рӯзи интихобот аз ҳисоби аз 20 то 3000 интихобкунанда дар як участка ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихоботӣ бо назардошти сарҳадҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои шаҳрӣ бо мақсади фароҳам сохтани шароити ҳарчи бештар муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихоботӣ инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда шуда, мувофиқи маҳалли воқеъгардидаи қисмҳо ба ҳавзаҳои интихоботӣ дохил мешаванд. Сарҳадҳои участкаҳои интихоботӣ набояд сарҳадҳои ҳавзаҳои интихоботиро бурида гузаранд.

Участкаҳои интихоботӣ метавонанд дар дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ, дар маҳалли буду боши шаҳрвандон, ки дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар воқеъ гардидаанд, ташкил карда шаванд. Ин участкаҳои интихоботӣбаҳавзаҳои интихоботӣ мувофиқи маҳалли воқеъгардидаашон дохил мешаванд.

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот бохабаркунии  интихобкунандагонро дар бораи сарҳадҳои ҳар участкаи интихоботӣ бо зикри маҳалли воқеъ гардидани комиссияи участкавии  интихобот ва бинои овоздиҳӣ ташкил менамоянд. Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботиро Раиси шаҳр, ноҳия ҷудо мекунад.

Участкаҳои интихоботӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз сарҳади Тоҷикистон мебошанд, намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари ҷои иқоматашон аст ва дар сурати дар қаламрави он кишвар вуҷуд надоштани намояндагии Тоҷикистон участкаҳои интихоботӣ аз тарафи Комиссияи марказии интихобот вараъйпурсӣбо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Масъалаиба ҳавзаи интихоботӣ бақайдгирии участкаи интихоботӣ, ки дар хориҷи Тоҷикистон воқеь гардидааст, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣҳал карда мешавад.

3.КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Моддаи 10.Системаи комиссияҳои интихоботӣ 

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо барпо карда мешаванд:

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

Комиссияҳоиҳавзавииинтихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Комиссияҳои участкавии  интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Моддаи 11.Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми доимоамалкунанда мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил мегардад. 

Моддаи 12.Ваколатҳои  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дорои чунин ваколатхо мебошад:

1) дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба иҷрои ин Қонуни конститутсионӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар ҳудуди ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои ташкили интихобот дастурамал мебарорад ва тавзеҳот медиҳад;

2) ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва шуморагузорӣ мекунад;

3) комиссияҳои ҳавзавии интихобот ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалливоқеъ гардидани онҳо маълумот нашр менамояд;

4) ба кори комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, тартиби  ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян мекунад, қарорҳои комиссияҳои ҳазавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сурате, ки бо ин Қонуни конститутсионӣ ихтилоф дошта бошанд, бекор менамояд;

5) масъалаҳои ба қайди ҳавзаи интихоботӣ гирифтани участкаҳои интихоботиро, ки хориҷ аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, ҳал мекунад;

6) барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар муҳайё месозад;

7) тартиби иштироки воситаҳои ахбори умумро дар маъракаи интихоботӣ ва истифодаи онҳоро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ муайян мекунад;

8) воситаҳои пулиро дар байни комиссияҳои интихоботӣ тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияҳои интихоботӣ бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа назорат мекунад, дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро ҳал менамояд;

9) шаклҳои бюллетени интихоботро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйхати интихобкунандагон, варақаҳои интихобот, протоколҳои маҷлисҳои Комиссияҳои интихоботӣ, дигар ҳуҷҷатҳои интихобот, намунаҳои қуттиҳои интихобот ва мӯҳри комиссияҳои интихоботӣ, тартиби ҳифзи ҳуҷҷатҳои интихоботиро муқаррар мекунад;

10) ахбороти роҳбарони, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

11) номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад, натиҷаҳои интихоботро дар тамоми ҷумҳурӣҷамъбаст менамояд, маълумотро доир ба ҷамъбасти интихобот дар матбуот чоп мекунад, Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад, ба ӯ шаҳодатномаи Президент интихоб шуданашро месупорад;

12) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарор ва амали комиссияҳои интихоботӣ баррасӣ менамояд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

13) ба мақомоти прокуратура дар бораи вайрон карда шудани Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки масъулияти ҷиноӣ дорад, маълумот медиҳад;

14) ба бойгонӣ супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба гузаронидан ва ташкили интихоботро таъмин менамояд;

15) овоздиҳии такрорӣ, интихоботи такрориро ташкил мекунад;

16) дигар ваколатҳоро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Маҷлисҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар он сурат боэътибор шумурда мешаванд, ки агар дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия дар рӯзи ҷаласа ҳузур дошта бошанд. 

Моддаи 13.Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва камаш чор нафар аъзо ташкил карда мешаванд. 

Моддаи 14. Ваколатҳои комиссияи ҳазавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи ҳавзавии интихобот  оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:

1) ба иҷрои ин Қонуни конститутсионӣ дар қаламрави ҳавзаи интихоботӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд;

2) ба кори участкаҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад;

3) маблағҳоро дар байни комиссияҳои интихоботӣ тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани ҳавзаҳои интихоботӣ бо бино, нақлиёт, воситаҳои алоқа назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддӣ-техникии интихоботро дар ҳавзаи интихоботӣ баррасӣ менамояд;

4) барои иштироки номзадхо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар таъмин мекунад;

5) ахбори намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

6) ба тартиб додани рӯихати интихобкунандагон ва пешниҳоди онҳо барои шиносоии умумӣ назорат мекунад;

7) натиҷаҳои интихоботро дар ҳавза ҷамъбаст мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣмесупорад;.

8) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарорҳо ва амали комиссияҳои ҳазавии интихобот баррасӣ мекунад ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. 

Моддаи 15.Ташкили комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи комиссияи ҳазавии интихобот ташкил карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот на дертар аз 35 рӯз то интихобот дар ҳайати 5 – 19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис ва котиб ташкил карда мешавад. Агар комиссия дар ҳайати то 7 нафар ташкил карда шавад, он гоҳ раис ва котиб интихоб мешаванд.

Дар мавридҳои зарурӣ шумораи ҳайати комиссияи ҳавзавии интихобот метавонад зиёд ё кам карда шавад. 

Моддаи 16.Ваколатҳои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зайл мебошад:

1) рӯйхати интихобкунандагонро дар участка тартиб медиҳад;

2) интихобкунандагонро бо рӯйхати интихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои рӯйхат қабул ва бappaсӣ намуда, масъалаи ба рӯйхат дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳалмекунад;

3) лифофаҳои интихоботии интихобкунандагонеро, ки наметавонанд дар рӯзи интихобот дар маҳалли зисти худ бошанд ва дар овоздиҳӣ иштирок намоянд, қабул мекунад;

4) ба аҳолӣ дар бораи рӯзи интихобот ва маҳалли овоздиҳӣ хабар медиҳад;

5) омодасозии бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботиро таъмин мекунад;

6) овоздиҳиро дар участкаи интихоботӣ дар рӯзи интихобот ташкил медиҳад;

7) овозҳоеро, ки дар участкаи интихоботӣ дода шудаанд, ҳисоб мекунад;

8) ариза ва шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот, ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд;

9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад. 

Моддаи 17.Узвият дар комиссияҳои интихоботӣ 

Узви комиссия бо аризаи шахсӣ, инчунин дар сурати аз ваколат маҳрум карда шуданаш, аз иҷрои вазифаи худ озод карда шуда метавонад.

Барои узви комиссияро аз ваколат маҳрум кардан, дар сурате, ки вай талаботи ин Қонуни конститутсиониро вайрон ё мунтазам ба вазифаи худ беэътиноӣ карда бошад, мақоме ҳуқуқдорад, ки комиссияро ташкил додааст.

Даp мавриди зарурат узви нави комиссияи интихоботӣ ба тартибе, ки ин Қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, таъин карда мешавад.

Номзадҳо ба мансаби Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо аъзои комиссияи интихоботӣ буда наметавонанд.

Як шахс узви фақат як комиссияи интихоботӣ буда метавонад. 

Моддаи 18.Ташкили кор ва мӯҳлати ваколати комиссияҳои интихоботӣ 

Маҷлиси комиссияи интихоботӣ он гоҳ босалоҳият дониста мешавад, киагар дар он на камтар азсе ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия, ки дар рӯзи маҷлис ҳузур доранд, иштирок карда бошанд. Қарори комиссия дар овоздиҳии кушод бо аксарияти овози аъзои комиссия, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он норозианд, ҳуқуқ доранд фикри махсуси худро изҳор намоянд, ки он ба таври хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати тақсими овозҳо овози раисикунанда ҳалкунанда мебошад.

Иҷрои қарори комиссияи интихоботӣ, ки дар доираи ваколатҳои он қабул карда шудааст, барои комиссияҳои интихоботии поёнӣ, инчунин барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳоваташкилотҳо ҳатмӣ мебошад.

Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор бояд ба комиссияҳои интихоботӣ дар иҷрои ваколатҳояшон мусоидат намоянд, маълумотҳоеро, ки барои кори онҳо зарур аст, дар ихтиёрашон гузоранд.

Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот заруранд, ройгон дар ихтиёри комиссияҳои интихоботӣқарор медиҳанд.

Комиссияи интихоботӣҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои вобастаботайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат кунад, ки онҳо бояд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихоботӣҷавоб диҳанд.

Узви комиссияи интихоботӣ бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо  ҳифзи маоши миёнааз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудокарда шудааст, озод карда шуда метавонад.

Мӯҳлати ваколати  комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъди ба вазифа cap кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима меёбад. 

Моддаи 19.Баррасии шикоят нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ

 Нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ дар давоми даҳ рӯзибаъд аз қабули онҳо ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Нисбати қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз баъди қабул карда шудани қарор шикояткардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди ворид шуданаш, агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад—фаврӣ  мавриди баррасӣқарор дода шавад.

 

4. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН 

Моддаи 20.Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

 Рӯйхати интихобкунандагон аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот доир ба ҳар участкаи интихоботӣ тартиб дода ва аз тарафи раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо карда мешавад.

Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат дар асоси маълумот дар бораи интихобкунандагон, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод кардаанд, тартиб дода мешавад.

Рӯйхати интихобкунандагон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалҳои воқеъ гардидани қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, дар асоси маълумоте, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ пешниҳод  мекунанд, тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, ба рӯйхати интихобкунандагон мувофиқи маҳалли истиқомат дар асосҳои умумӣ дохил карда мешаванд.

Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дар дармонгоҳҳо, профилакторияҳо,хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дар дигар муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, инчунин дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ташкил карда шудаанд, дар асоси маълумотҳое, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад.

Рӯйхати интихобкунандагон дар шакле, ки барои ташкили овоздиҳӣ муносиб аст, тартиб дода мешавад. 

Моддаи 21.Ба рӯйхати интихобкунандагон дохил намудани шаҳрвандон 

Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан доранд, дохил карда мешаванд.

Ба рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат шаҳрвандоне дохил карда мешаванд, ки дар вақти тартиб додани рӯйхат дар қаламрави участкаҳои дахлдори интихоботӣ доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ мекунанд.

Бa рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дар дармонгоҳҳо, профилекторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ташкил карда шудаанд, ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯзи гузаронидани интихобот дар маҳалҳо ва муассисаҳои мазкур мебошанд, дохил карда мешаванд.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил карда шуда метавонад. Шаҳрвандоне, ки ба участкаи интихоботӣ баъди барои шиносоии умумӣ гузоштани рӯйхати интихобкунандагон омадаанд, ба рӯйхати иловагӣ дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 22.Шинос намудани шаҳрвандон бо рӯйхати интихобкунандагон 

Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, киаз рӯи маҳалли истиқомат тартиб дода шудааст, 15 рӯз пеш аз овоздиҳӣ, дар дигар участкаҳои интихоботӣ ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ барои шиносои умумӣ пешниҳод карда мешавад.

Ба шаҳрвандон имконият муҳайё карда мешавад, ки дар бинои комиссияҳои участкавии интихоботи дахлдор бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд, инчунин дурустии маълумотҳои дар бораи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашударо тафтиш намоянд.

Ба ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дода мешавад, ки дар бораи ба рӯйхат дохил карда нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат партофтан, инчунин хатогиҳое, ки дар рӯйхат дар бораи интихобкунанда ҷой доранд, шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихобот  дар муддати на камтар аз се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣфавран мавриди баррасӣқарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи  участкавии интихобот фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризаи вай медиҳад. Нисбати қарор ба комиссияҳои интихоботии болоӣ ё ба суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ) шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз, дар арафа ва рӯзи интихобот—фавран баррасӣ намуда, қарори қатъӣқабул мекунад. Дар су­рате, ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад. Комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад. 

Моддаи 23.Шаҳодатнома барои ҳуқуқи овоздиҳӣ 

Дар сурате, ки интихобкунанда дар давраи байни пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ ва рӯзи интихобот ҷои будубоши худро тағйир диҳад, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши интихобкунанда ва бо пешниҳод намудани ҳуҷҷат, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ медиҳад. Зимнан дар рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда мешавад.

Бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ Комиссияи участкавии интихобот  дар рӯзи овоздиҳӣ интихобкунандаро ба рӯйхати иловагии интихобкунандагон дар участкаи интихоботии маҳалли будубоши вай дохил мекунад. 

 5. ПЕШБАРӢ ВА БА ҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Моддаи 24. Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафиҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлиси намояндагони вакилонихалқи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд. Mеъёри намояндагӣ ва тартиби ташкил ва гузаронидани Маҷлиси намоян­дагони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурироКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад.

Аз тарафи ҳар ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаимустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ фақат як нафар номзад ба мансаби Президент пешбарӣ шуда метавонад.

Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони анҷуман ё конференсияи ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин бо аксарияти овози шумораи умумии намояндагони вакилони Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣқабул карда мешавад. Шакли овоздиҳиро мақоми дахлдоре, ки номзадро ба мансаби президентӣ пешбарӣ кардааст, муайян менамояд. Дар бораи пешбарии номзад прото­кол тартиб дода мешавад.

Номзади ба мансаби Президент пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд, тарафдорӣ карда шавад.

Ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофиқи тартиб ва мӯҳлате, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Toҷикистон, ки хилофи ин Қонуни конститутсионӣ гузаронида шудааст, беэътибор дониста мешавад.

Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президент дар муддати 50 рӯз гузаронида шуда, надертар аз 30 рӯз то интихобот ба охир мерасад.

Шумораи умумии номзадҳо ба мансаби Президент маҳдуд карда намешавад.

Қарор дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз баъди қабул кардани он, фиристода мешавад. Дар бораи қарори қабул кардашуда ба номзад ба мӯҳлати на дертар аз ду рӯз хабар дода мешавад.

Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллииҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба Президентӣ пешбарӣ кардаанд, ҳуқуқ доранд ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бекор кунанд. Ин гуна қapop ба тартибе, ки барои пешбарӣ кардани номзадҳо дар назар дошта шудааст, қабул карда мешавад.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар вақт метавонад аз номзадии худ даст кашида, дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо ариза муроҷиат намояд.

Ба мансаби Президент шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доранд ва он мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун бардошта ё ботил карда нашудааст, ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ пешбарӣ шуда наметавонанд.

Дар сурате, ки ягон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда нашуда бошад ё ҳамаи номзадҳои пешбаришуда номзадии худро пас гирифта бошанд, номзадҳо бамансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонпешбарӣ карда мешаванд. Дар ин сурат номзадҳое пешбаришуда ҳисоб мешаванд, ки дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз тарафиаксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шудаанд.

 

Моддаи 25. Бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо 

Бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президент пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давомисерӯзаз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.

Қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад:

протоколи маҷлиси мақоми олии (анҷумани, конференсияи) ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилиТоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ;

бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо  тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд;

маълумоти тарҷимаи ҳоли номзад ба мансаби Президент;

аризаи номзад дар бораи розигиаш барои худро ба мансаби Президент номзад кардан.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони боэътимоди номзад наметавонанд дар ягон Комиссияи  интихоботӣоид ба интихоботи Президент дохил бошанд. Дар сурате ки агар узви яке аз Комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президент ба мансаби Президент номзад ё шахси боэътимод пешбарӣ шуда бошад, вай аз вазифаи узви комиссия аз лаҳзаи ҳамчун номзад ба мансаби Президент ё шахси боэътимод ба қайд гирифта шуданаш озод кардашуда ҳисоб меёбад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дар давоми ду рӯз баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад.

Агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бақайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кунад, дар ин бораазтарафи ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилиТоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи марказ, ки номзади мазкурро пешбарӣ кардаанд, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст ва шикоят дар мӯҳлати як ҳафта баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дар мӯҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи бақайдгирӣ бо зикри фамилия, ном, насаб, сол ва маҳаллӣ таваллуд, вазифа ва ҷои кор, ҳизбият, маҳалли зист, аҳволи оилавии номзад, инчунин номи мақоме, ки номзадро ба мансаби Президент пешниҳод кардааст, хабар чоп мекунад. 

Моддаи 26.Бюллетени интихобот 

Шакл ва матни бюллетени интихобот оид ба интихоботи Президенти ҷумҳурӣ аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ карда мешавад. Дар бюллетен ба тартиби алифбо рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президент бо зикри фамилия, ном, насаб, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа ва ҷои кор дохил карда мешавад.

Бюллетенҳои интихоботӣ на дертар аз 10 рӯз то интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо забони давлатӣ ё  забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботӣ бо он гап  мезананд, аз ҷониби  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣбарои ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ тайёр карда  мешавад. Комиссияҳои интихоботӣ бюллетенҳои интихоботиро бо акт месупоранд.

Бюллетенҳои интихобот ба комиссияи участкавии интихобот  на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот расонида мешаванд.

Биное, ки бюллетенҳои интихобот дар он нигоҳ дошта мешаванд, мӯҳр карда, ба муҳофизаи мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад.

 

6. КАФОЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Моддаи 27. Кафолати фаъолияти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо

 

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асосҳои баробар иштирок карда, барои истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.

Барои ҳамаи номзадҳои бaқaйдгирифташудaи мансаби Президент шароити баробари таъминоти моддию техникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ таъмин карда мешавад.

Номзад ба мансаби Президент ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон чи дар маҷлисҳо ва чи дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо гузаронад. Комиссияҳои интихоботӣ, мақомотиҳокимияти маҳаллӣ ба номзадҳои мансаби Президент барои гузаронидани маҷлисҳо биноҳои муҷаҳҳаз муҳайё мекунанд. Дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани маҷлисҳо ва вохӯриҳо ба интихобкунандагон пешакӣ хабар дода мешавад.

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба номзадҳои мансаби Пре­зидент дар ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, гирифтани маводҳои зарурии маълумотӣ ва ахборотӣ мусоидат намоянд.

Номзад ба мансаби Президент метавонад бо барномаи фаъолияти ояндааш баромад кунад. Барномаи номзад набояд бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад.

Номзадҳои ба қайд гирифташудаи мансаби Президент дар вақти гузаронидани маъракаи пешазинтихоботӣҳуқуқ доранд аз иҷроивазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи музди меҳнати миёнаи ҷои кор аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудокарда мешавад, озод карда шаванд.

Номзадҳо ба мансаби Президент ва шахсони боэътимоди онҳоберозигиашон аз кор озод карда, инчунин ба кор ё вазифаи дигар гузаронида шуда наметавонанд.

Номзадҳо ба мансаби Президент барои истифодаи ройгон аз тамоми намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ё байнишаҳрӣ (ба истиснои таксӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Номзад ба мансаби Президент наметавонад бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣба масъулияти ҷиноӣ кашида шавад, ҳабс гардад, дастгир шавад ё мавриди ҷаримаи маъмурӣ, ки ба таври судӣ сурат мегирад, қарор дода шавад. 

Моддаи 28.Шахсони боэьтимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Номзад ба мансаби Президент ҳақ дорад то 15 нафар шахсони боэътимод дошта бошад, ки онҳо ба вай барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ ёрӣ мерасонанд, барои интихоб шудани ваӣ ташвиқот мебаранд, манфиатҳои вайро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои интихоботӣ муҳофизат мекунанд. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони боэътимодро мувофиқи салоҳдиди худ муайян мекунад ва дар бораи онҳо ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар медиҳад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шахсони боэъти­модро ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатнома медиҳад.

Шахсони боэътимод аъзои комиссияҳои интихоботии дахлдор буда наметавонанд.

Шахсони боэътимод бо хоҳиши номзад ба мансаби Президент аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ бо ҳифзи музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда меша­вад, озод карда шуда метавонанд.

Ваколатҳои шахси боэътимод ҳар вақт то интихобот бо аризаи вай, инчунин бо таклифи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ шуда метавонад, ки дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар дода мешавад. 

7. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИЧАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 29. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ 

Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6 то 20 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар бораи вақт ва ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобо­т на дертар аз панҷ рӯз то интихобот ба интихобкунандагон хабар медиҳад.

Дар участкаҳои интихоботӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, маҳалли будубоши шаҳрвандон воқеъ дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар, инчунин дармонгоҳҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои  табобатӣ ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии  интихобот метавонад ҳар гоҳ хатми овоздиҳиро эълон кунад, агар ҳамаи интихобкунандагони ба рӯихат дохил кардашуда овоз дода бошанд. 

Моддаи 30.Ташкили овоздиҳӣ 

0воздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудо кардашуда, ки дар онҳо бояд барои овоздиҳии пинҳонӣ ба миқдори кофӣғурфаҳо ё хонаҳо таҷҳизонида, ҷойҳои додани бюллетенҳои интихоботӣ муайян карда, қуттиҳои интихоботӣ гузошта шуда бошанд, гузаронида мешавад. Қуттиҳои инти­хоботӣ тавре гузошта мешаванд, ки овоздиҳандагон дар вақти рафтан ба назди онҳо ҳатман аз ғурфа ё хона барои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд.

Барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини изҳори пинҳонии иродаи инти­хобкунандагон, муҷаҳҳаз намудани хонаҳо ва нигоҳ доштани тартиботи зарурӣ дар онҳо комиссияи участкавии интихобот масъул мебошад.

Дар рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣқуттиҳои интихоботӣ тафтиш карда, аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи интихоботӣ сурғуч ё мӯҳр карда ме­шаванд.

Ҳap интихобкунанда шахсан овоз медиҳад, овоздиҳӣ ба ҷои шах­сони дигар мумкин нест. Бюллетенҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияи интихоботии дахлдор дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботӣ бо пешниҳоди паспорт ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дода мешавад. Ҳар интихобкунанда барои гирифтани бюлле­тени интихоботӣ дар муқобили фамилияи худ дар рӯйхати интихобкунандагон имзо мекунад.

Интихобкунандае, ки наметавонад дар рӯзи интихобот дар маҳа­лли истиқомати худ бошад, метавонад аз комиссияи участкавии  интихоботи маҳалли истиқомати худ варақаҳои интихоботро талаб кунад, нисбати номзад ба мансаби Президент қарор қабул кунад ва варақаҳои пур кардашудаи интихоботро дар лифофаи баста дар комиссияи участкавии интихобо­т монад. Интихобкунанда дар бораи гирифтани варақаи ин­тихобот дар рӯйхати интихобкунандагон имзо мекунад. Шакли варақаи интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кар­да мешавад.

Дар мавридҳое, ки баъзе интихобкунандагон ба нисбати вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигар наметавонанд ба ҷои овоздиҳӣҳозир шаванд, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши онҳо метавонад камаш ба ду нафар аъзои комиссия супориш диҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои будубоши он интихобкунандагон ташкил диҳанд.

Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунанда­гон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсият ва маҳалли истиқоматашонро тасдиқ мекунад, ба замимаи руйхати интихобкунан­дагон дохил карда мешаванд. 

Моддаи 31.Гузаронидани овоздиҳӣ 

Бюллетенҳои интихоботро овоздиҳандагон дар ғурфа ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пуркунии бюллетенҳо ғайри овоздиҳанда ҳозир будани шахси дигар мумкин нест. Интихобкунандае, ки наметавонад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳақ дорад ба ғурфа ё хонаи овоздиҳӣ шахси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихоботӣ, мувофиқи салоҳдиди худ даъват намояд.

Интихобкунанда аз бюллетен фамилияи номзадҳоеро, ки ба муқобилашон овоз медиҳад, хат мезанад. Бюллетени пур кардашударо овоздиҳанда ба қуттии интихобот мепартояд.

 

Моддаи 32.Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ 

Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот оиди ҳар номзад алоҳида-алоҳида  сурат мегирад.

Қуттиҳои интихоботро комиссияи интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзоён баъди аз тарафи раиси комиссия эълон карда шудани анҷоми овоздиҳӣ мекушояд. То анҷоми овоздиҳӣ кушодани қуттиҳои интихобот мум­кин нест. Пеш аз кушодани қуттиҳои интихобот ҳамаи бюллетенҳои истифоданашудаи интихоботро комиссияи интихоботӣҳисоб карда, онҳоро ботил месозад ва дар ин бора акт тартиб медиҳад.

Пеш аз кушодани қуттиҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи участкавӣ лифофаҳои сарбаста бо варақаҳои интихоботӣ ба қуттиҳо партофта мешаванд.

Комиссияи участкавии интихобот мувофиқи рӯйхати асосии интихобкунандагон ва замимаи он шумораи умумии интихобкунандагони участка, инчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетени интихо­ботӣ ва варақаҳо гирифтаанд, муайян мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ, ки дар қуттиҳои интихобот мавҷуданд, комис­сия шумораи интихобкунандагонеро, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳои ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳои зидди ҳар номзад додашуда, шумораи варақаҳо ва бюллетенҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад. Аз рӯи фамилияҳое, ки интихобкунандагон ба бюллетенҳо ва варақаҳо илова кардаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд.

Бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботии намунаашон ғайримуқаррарӣ, инчунин бюллетенҳо ва варақаҳое, ки дар онҳоҳангоми овоздиҳӣ фамилияҳои беш аз як номзад гузошта шудаанд, беэътибор дониста мешаванд. Дар вақти ба миён омадани шубҳа дар бораи ҳақиқӣ будани бюллетен ва варақаи интихобот масъала аз тарафи комиссияи участкавии интихобот бо роҳи овоздиҳӣҳал карда мешавад.

Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавии интихобот муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад.

Протокол аз тарафи раис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо карда, ба комиссияи интихоботии ҳавзаи дахлдор ба тартибе, ки Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, фиристода мешавад. 

Моддаи33. Муайянкунии натиҷаи интихобот дар ҳавза 

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комис­сияи ҳавзавии интихобот  шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаи интихобот ги­рифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кар­даанд, шумораи овозҳое, ки ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳое, ки зид­ди ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.

Натиҷаи интихобот дар ҳавза дар маҷлиси комиссияи интихоботӣ муайян ва ба протокол дохил карда мешавад. Протокол аз тарафи ра­ис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо ва ба тартиби муқар­рар кардашуда ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣфиристода мешавад. 

Моддаи 34.Муайянкунии натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси протоколҳои аз комиссияҳои интихо­ботии ҳавзаҳо расида, шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳурӣ, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаҳои интихобот ги­рифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳое, ки ба «тарафдорӣ» ва шумораи овозҳое, ки «зидди» ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.

Интихоботи Президент дар сурате баргузоршуда дониста мешавад, агар дар он беш аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардашуда, иштирок карда бошанд.

Он номзаде ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар интихобот беш аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст.

Интихобот умуман ё аз рӯи ҳавзаҳои алоҳида ё участкаҳои алоҳида аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайронкуниҳо, ки ба натиҷаи интихобот таъсир расонидааст, беэътибор дониста шуда метавонад. Қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣқабул карда мешавад ва нисбати он ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст.Ҳуқуқи шикоят кардан барои беэътибор донистани интихобот ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар сурати дар ҳавзаҳо ё участкаҳои алоҳида беэътибор донистани интихобот бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣнатиҷаи овоздиҳӣ дар ин ҳавзаҳо, участкаҳо аз натиҷаи умумии интихобот хориҷ карда мешавад, ба шарте ки бе онҳо ҳам умуман баргузор шудани интихобот эътироф карда шавад.

Хабар дар бораи натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дар муддати на дертар аз даҳ рӯз баъди интихобот дар матбуот чоп карда мешавад. 

Моддаи 35.Овоздиҳии такрорӣ 

Агар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ду нафар номзад ба овоз монда шуда бошанд ва ягон нафарашон шумораи даркории овозҳоро нагиранд, он гоҳ бо иштироки ду номзаде, ки шумораи бештари овозҳоро гирифтаанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад. Агар дар натиҷаи баромада рафтани номзадҳо як номзад боқӣ монад, овоздиҳии такрорӣ аз рӯи номзадии ӯ гузаронида мешавад. Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи овоздиҳии такрориро дар ҳудуди як моҳ, баъди рӯзи гузаронида шудани интихобот, вале на пештар аз понздаҳ рӯзи гузаронидани интихобот таъин мекунад.

Хабар дар бораи гузаронидани овоздиҳии такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад.

Номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар овоздиҳии такрорӣ назар ба номзади дигар шумораи бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст, ба шарте, ки дар овоздиҳӣ бештар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашуда иштирок карда бошанд ва шумораи овозҳои ба ин номзад додашуда аз шумораи овозҳое, ки ба муқобили вай дода шудааст, зиёд бошад.

Агар дар вақти овоздиҳии такрорӣ ягон номзад Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрории Президенти Ҷумҳуриро таъин мекунад. 

Моддаи 36.Интихоботи такрорӣ 

Дар сурате, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорнашуда ё беэътибор дониста шавад ё агар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз ду номзад ба овоз монда шуда бошанду ягоннафарашон шумораи даркории овозҳои ннтихобкунандагонро нагирад ё ҳангоми овоздиҳии такрорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрориро таъин мекунад. Зимнан вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот  дар ҳайати нав қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон участкаҳои интихоботӣ ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои гузаронидани интихоботи асосӣ тартиб дода шудаанд, гузаронида мешавад.

Ташкили комиссияҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои дигари вобаста ба гузаронидани интихоботи такрории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки ин Қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Хабар дар бораи гузаронидани интихоботи такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад. Интихоботи такрорӣ на пештар аз ду моҳ баъд аз гузаштани интихоботи асосӣ гузаронида мешавад.

Моддаи 37.Масъулият барои вайрон кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Шахсоне, ки бо роҳи зӯрӣ, фиреб, таҳдид ё бо роҳи дигар ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳуқуқи Президенти ҷумҳурӣ интихоб кардан ва интихоб шудан, бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ мамониат мекунанд, инчунин аъзоёни комиссияҳои интихо­ботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба сохтакории ҳуҷҷатҳои интихобот роҳ дода, дидаю дониста овозҳоро нодуруст ҳисоб кардаанд, овоздиҳии пинҳониро вайрон кардаанд ё ба ди­гар вайронкунии ин Қонуни конститутсионӣ роҳ додаанд, мувофиқи қонун мавриди масъулият қарор дода мешаванд. Инчунин шахсоне, ки дидаю дониста маълумоти дурӯғро, ки шаъну эътибори номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳуриро паст мезанад, чоп кардаанд ё ба тариқи дигар паҳн намудаанд, ё нисбати аъзоёни комиссияи интихоботӣ ба таҳқир роҳ додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳангоми аз тарафи номзад ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ вайрон кардани ин Қонуни конститутсионӣКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадро огоҳ мекунад, дар сурати такроран вайрон намудан вай метавонад қарори ба қайдгирии номзади мазкурро ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ бекор кунад.

Аризаҳое, ки дар бораи вайрон карда шудани ин Қонуни конститутсионӣ ба комис­сияи интихоботӣ, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ дар давраи тайёрии ин­тихобот ё баъди интихобот расидаанд, бояд дар мӯҳлати се рӯз ва аризаҳои дар рӯзи интихобот расида – фавран баррасӣ карда шаванд. ­ 

Моддаи 38.Ба иҷрои вазифа шурӯъ  кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд кардани савганд, тибқи матни пешбининамудаи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  (моддаи 67) ба вазифа шурӯъ мекунад.

 

Раиси

ШЎрои Олии

ҶумҲурии Тоҷикистон                    Э. РАҲМОНОВ

 

шаҳри Душанбе, 21 июли соли 1994

№1042.

 

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …