Главная / Илм / ИНСОН дар Канзи Шифо (Китоб)

ИНСОН дар Канзи Шифо (Китоб)

Дар таркиби бадани инсон (одам) чизҳои фоидабахш ва зарарнок бисёранд. Беҳтарини инсон барои истифодаи қисмҳои бадани он ҷавони тандуруст, пайкараш хушрехта ва сокини маҳалли иқлимаш мӯътадил бошад. Хислатҳои шифобахши он: агар чирки гӯшашро бихӯранд, дарунро пурбод ва касро беҳуш мекунад. Агар онро ос карда гузошта банданд, дарди нимсарро шифо мебахшад; ос кардаи онро чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм ва гули ба он афтодаро дафъ мекунад. Хӯрдани устухонаш бемориҳои хатарнокро ба зуҳур меоварад, аз ҷумла, агар бардавом бихӯранд, кӯр мекунад. Пӯсидаи онро кӯфта, ба решҳои хӯранда бипошанд, сиҳат мебахшад, хусусан устухони каллааш дар ин бобат қавитар аст. Агар онро сӯхта, ҳар рӯз 4,5 грамм бо 4,5 грамм шакар то се рӯз бихӯранд, барои бемориҳои саръ (припадка) ва ирқуннасо (радикулит) даво мешавад.

Оби даҳани каси дили наҳор доштаро дар гӯш чаконанд, кирми гӯшро мекушад ва ҳавоеро, ки дар даруни он банд шуда бошад, пароканда менамояд. Агар ба ҷойи газидаи каждум ва ғунда бимоланд, заҳри он ҷоро дафъ мекунад ва агар онро бимоланд, шукуфаҳои пӯст, доғҳои кунҷидак, доғҳои захм ва решҳо, нуктаҳои сурхи хунинро дар чашм ва гули чашмро дафъ мекунад ва ба даҳани мор туф кунанд, фавран он мемирад, хусусан соҳиби туф каси сафровимизоҷ бошад.

Саргини гунҷишкро бо оби даҳани инсон хамир карда, ба озахҳо шукуфаҳои пӯст гузошта банданд, онҳоро дафъ мекунад. Агар оби даҳанро танҳо бимоланд, аз ягон ҷойи пӯсти бадан хун равон бошад, онро манъ мекунад ва даҳани ҷароҳатҳоро ба ҳам меоварад. Бо асал даромехта бимоланд, доғҳои кунҷидак ва доғҳои решу захмҳоро аз пӯсти бадан пок мекунад. Чун гандумро ҳангоми дили наҳор будан хоида, ба варам гузоранд, варамро таҳлил медиҳад ва агар ба пучакҳо бигузоранд, онҳоро мепазонад.

Чирки бехи дандонро ҳангоми дили наҳор будан ҷамъ карда, ба шукуфаҳои пӯсти кӯдакон бимоланд, онҳоро хушк ва нест мекунад; ба доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯст бимоланд, онҳоро пок месозад. Заҳраи (талхаи) инсонро бихӯранд, баданро фарбеҳ менамояд. Хуни дар ҳиҷомат ва фасд (хунгирӣ) гирифтаи инсонро ба ниқрис (подагра), буғумҳо ва ирқуннасо (радикулит) бимоланд, дарди онҳоро таскин медиҳад. Агар хуни инсонро бихӯранд, ҳатман аҳмақ мекунад. Хуни ҳайзро бимоланд, дардҳои шадиди узвҳоро таскин медиҳад, даҳани носур (захми бедаво)-ро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад; ва агар инро бихӯранд, заҳри қотил мебошад. Латтаро, ки ба хуни ҳайз тар карда шуда бошад, занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ месозад. Латтаи ҳайзро сӯхта, дудашро бигиранд, табларзаро, яъне вараҷаро шифо мебахшад.

Пешоби инсон-одам, хусусан пешоби кӯдакон ё аз они худро бинӯшанд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад, душвории нафаскаширо ислоҳ мегардонад; иллатҳои сипурз, истисқо (водянка), зардпарвин, банд шудани пешоб, қӯтури тар, хориши бедаво ва шукуфаи пӯстро дору мешавад. Агар онро бо оби нахӯд ё бо асал биёшоманд, зардпарвинро дафъ мекунад. Агар онро бичаконанд, барои дарди чашм даво мешавад; хусусан ки дар зарфи мис бо асал бисёр ҷӯш дода бошанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин, пешобро дар зарфи мис ҷӯшонида, намаки онро гирифта, ос карда, ба чашм бипошанд, гули ба он афтодаро ба зудӣ нест мегардонад, инро ба доғи кунҷидак низ бимоланд, онро дафъ мекунад.

Саргини тифли майдаро ба реши ҷамра (карбункул), ки мӯҳлик аст, бимоланд, онро сиҳат мебахшад; ба ҷароҳатҳо бимоланд, даҳани онҳоро ба ҳам меоварад, низ бадбӯйии узвҳоро дур мегардонад. Агар онро сӯхта ба милки дандонҳо бимоланд, бӯйи бади онро ислоҳ мегардонад. Агар доғи сафеди пӯст ва доғи пес дар натиҷаи тарс ба зуҳур пайваста бошад, ду рӯз саргини тифлро пайдарҳам молида, дар офтоб нишинанд, бешубҳа аз ин иллатҳо наҷот меёбанд. Ба соқҳои по бимоланд, реш ва захмҳои он мавзеъро ба ибро меоварад.

Мӯйи сӯхтаи инсонро бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ, гирифтагии овоз, истисқо ва заҳрҳои кушанда даво мешавад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва инчунин, намегузорад, ки мӯй сафед шавад. Агар ин сӯхтаи мӯйи инсонро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро мебарад. Мӯйи сӯхтаи инсонро чун гард ос карда, дар равғани гули сурх ҳал намуда дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад. Обкардаи онро ба решҳои хӯранда, ҷароҳатҳо, захмҳои шадид ва даванда бипошанд, онҳоро шифо мебахшад. Хокистарашро бипошанд, ҷӯшишҳоро нест мекунад; инро бо шир хамир карда гузошта банданд, варамҳои давандаро аз ҳаракат бозмедорад ва таҳлил медиҳад. Хӯрдани равғани инсон боҳро қувват мебахшад. Мании инсонро бимоланд, доғи пес ва доғи сафеди пӯстро пок мекунад. Ҳар кас ҳамроҳаки тифлро, ки ҳангоми таваллуд кардани зан фуромаданаш бихӯрад, ҳатман ба иллати махав гирифтор мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …