Главная / Ҷамъият / Иншо Қадри Модар

Иншо Қадри Модар

Модар асосотарин ва воқеитарин калима дар ҳаёти ҳар як инсон ба шумор меравад ва инсон аз тифлӣ то пирӣ дар ҳангоми ҳар мушкили худ ба модар муроҷиат мекунад. Ҳатто дар вақти ғоиб будани ӯ низ новобаста аз модар талаби кумак ва иноят мекунад.

kadri-modar

Дар бораи иноят ва муҳаббати модар ба фарзанд ва ҳикмату … ӯ аз қадим ҳам дар адабиёти бадеӣ ва ҳам дар адабиёти шифоҳии мардум ҳикояву қиссаҳои таъсирбахш вуҷуд дорад.

Дар як ҳикояе омадааст, ки Пиразане нобиное як писар дошт ва ӯро танҳо калон ва тарбият менамуд. Рӯзе пирсараш бемор шуд ва модар сари болини писари бемораш нишасту аз Худо илтиҷо менамуд то ба писараш шифо диҳад. Ногаҳон фариштае падид омаду ба модар гуфт:

Аз Худо ба ту як башорат дорам, метвони як орзуи Худро бигуи, ки Худо ӯро бароварда мекунад.

Модар гуфт: аз Худо орзу дорам, ки ба писари ягонаам шифо бахшад.

Фаришта гуфт: хуб бикр кун, ту чашмони нобино дорӣ, мумкон орзуят дигар бошад.

Модар гуфт: Орзуи ман саломатии писарам аст.

 Писар шифо ёфт ва модар ӯро бо азобу уқубате калон кард то вақте, ки калон шуд модар туи ӯро барпо намуду ӯро хонадор кард. Аммо модар медид, ки рузи писараш бо сахтию камбизоатӣ сипари мегашт ва ҳеҷ кори хубу мувофиқе пайдо наменамуд.

Модар ҳамеша дар фикри писар дилгир мегашт. Рузе ба фикри писар банд буд, ки ҳмон фаришта падид омаду гуфт:

Модар метавони орзуи худро бигӯи, ки ин башоратро аз  Худо бароят овардам:

Модар гуфт: қадри фарзанд баланд будааст ва кош рузи писрам ба хубӣ бигзарад ва писарам зиндагии хурраме дошта бошад.

Фаришта ҳайрон шуду гуфт: Модар, ту худатро фикру қадр кун, умратро ба нобиноӣ сипарӣ кардӣ! Ин толеи ту ҳаст, ки Худованд орзуятро бароварда мекунад, хуб фикр кун!

Модар гуфт: Агар Худо орзуи маро амалӣ созад, орзуям барори умру кору рузгори хуби писарам аст!

Писар сарватманд шуд вале ҳамсараш ҳарруз бо ӯ ҷанҷол мекарду қадрдонӣ намекард, ки: ман аз  модари курат безор шудаам, ё бо ман зиндагӣ мекунӣ ва ё бо модараи курат.

Писар намедонист ин гапро ба модараш чи хел бигуяд. Модар, ки худ ин баҳсро шунида буд, гуфт: ки писарам ман мехоҳам хонаи алоҳидае дошта бошам, ки бо худам ва дар дунёи торики худам зиндагӣ кунам ва зиндагии шуморо низ торик насозам.

Писар ба модараш хонаи дигаре хариду модарашро ба он ҷо бурд ва сари ҳар вақт аз ҳоли модар хабар мегирифт. Ногоҳ ҳамон фаришта омаду пурсид:

Эй модар, аз Худо амр шудааст, ки як орзуи худро бигӯӣ, ки ӯ бароварда созад. Модар гуфт: Орзӯ дорам, ки келинам –зани мушфиқу меҳрубону  шавад то зиндагии писарам хубу умри писарам хуш бигзарад.

Фаришта ба ғазаб омаду гуфт: Эй зан, ту ҳастии худатро дар танҳоию торикӣ ба  писарат бахшидӣ, акнун ки ӯ дигар ба ту ниёз надорам, фикри худатро кун ва талаб кун, ки чашмонат равшан шаванд!

Модар гуфт: Чамони ман ва қалби ман вақте равшан аст, ки писарам хушҳол  бошад. Дар ин вақт орзуи модар бароварда шуд ва аз чашмони фаришта ашк ҷорӣ шуд ва гуфт:

Эй модар ту мавҷуде ҳасти, ки Худо туро махсус барои фарзанд фиристод ва дар ин вақт як қатра ашки фаришта ба дидаи модар чакид ва чашмони ӯ бино шуданд.

Ба ин монанд ҳикояҳои тарбиявию ахлоқӣ дар мавзӯъҳои эҳтиом ба модар, падар, устод, калонсолон дар адабиёти тоҷик зиёд аст, ки онҳо барои тарбияи насли ҷавон дар китобҳои дарсӣ ва адабӣ ба назар мерасанд. Дар адабиёти бадеӣ низ модар нафақат як шахси меҳрубону дилсуз васф шудааст, балки зани ҷасуру далеру диловар тасвир гардидааст. Дар “Шохнома”-и А. Фирдавсӣ ҷасорати занон дар баробари мардон ва ҳифзи онҳо  аз сарзамину ватану давлати худ равшан ба қалам оварда шудааст. Дар тули таърих дар шоҳаншоҳиҳои гуногун модарон-маликаҳо баъди фавти ҳамсаронашон то калон шудани писари худ мамлакатро идора  мекарданд. Малика Томирис низ ҳамчун як модар-зани ҷасур ба хотири қасди писараш, ки аз ҷониби Куруши Кабир ба қатл расид, сари ӯро аз танаш ҷудо намуд.

      Нақши модарон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии халқҳо ва кишварҳо аз бостон то имруз равшан инъикос ёфтааст. Дар адабиёти муосири тоҷик низ модар мақоми махсусеро касб кардааст, ки дар осори тамоми шоирон мушоҳида мегардад. Бештари адибони  тоҷик  ҳатто “Модарнома”-ба хотири қадру манзалати зан-модар навиштаанд, ки ин дарак аз эҳтиром ва мақоми баланди модар дар ҷомеаи мо медиҳад.

Шеъри Эраҷ Мирзо –шоири тоҷик, ки барои муҳаббату қадри модар гуфта шудааст, имруз сари забони хурду бузург аст:

Писар рав қадри модар дон, ки доим

Кашад ранҷи писар бечора модар.

Аз ӯ маҳбубтар дораш, ки дорад

Туро чун ҷон ба бар бечора модар.

Матни мазкур Иншои озод дар мавзуи Кадри Модар аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …