Главная / Ҷуғрофия / ҶИНСҲОИ ТАРКИБИ ҚИШРИ ЗАМИН

ҶИНСҲОИ ТАРКИБИ ҚИШРИ ЗАМИН

Минералҳо ва чинсҳои кӯҳӣ. Дар қишри Замин якчанд ҳазор минерал ва ҷинсҳои кӯҳӣ паҳн гардидаанд. Пайдоиши онҳо ба якдигар вобаста мебошад. Дар зери таъсири ҳодисаҳои берунӣ (гармӣ, хунукӣ, боришот, обҳои равон, бод) ва тағйиротҳое, ки дар дохили қишри Замин (ҳарорат ва фишору тазйиқ) ба амал меоянд, минералҳо аз як шакл ба шакли дигар табдил меёбанд. Дар натиҷа минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳии гуногун ҳосил мешаванд, ки ҳар яки онҳо бо таркиби химиявӣ, сохт, сахтӣ, зудшиканӣ, ранг ва дигар хосиятҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Минералҳо якҷинса мебошанд. Масалан, калсит, кварс, алмос, графит, сулфур (кибрит), тиллои худрӯй. Ҷинсхои кӯҳӣ асосан гуногунҷинса мебошанд. Масалан, санги хоро аз се минерал таркиб ёфтааст: шпати саҳроӣ, кварс, абрақ. Одатан масоҳати калони қишри Заминро ҷинсҳои кӯҳӣ ишғол менамоянд. Онҳоро аз ҷиҳати пайдоиш ба се гурӯҳ-тақсим мекунанд: магматикӣ, таҳшинӣ ва метаморфй.

Ҷинсхои магматикӣ. Ҳарорати қишри Замин дар чуқурӣ меафзояд. Он дар қабати мантия ба дараҷае мерасад, ки тамоми моддаҳои дар он ҷо буда бояд ба моеъ мубаддал шаванд. Аммо чунин ҳодиса рух намедиҳад. Барои он ки фишори ҷинсҳои кӯҳии қишри Замин ниҳоят зиёд аст. Бинобар ин тамоми моддаҳо дар мантия дар ҳолати часпанда, тафсон, чандир (ёзанда) мемонанд. Баробари афзудани фишори дохилӣ дар қишри Замии таркиш пайдо мешавад ва то сатҳи он мерасад. Дар натиҷа дар дохили Замин фишор паст мсшавад ва моддаҳои чандири тафсон моеъ шуда, ба боло ҳаракат мекунанд. Онро магма (тафга) меноманд.

Ҷинсҳои кӯҳиеро, ки пас аз хунук шудани ои ҳосил мешаванд, ҷинсҳои кӯҳии магматикӣ мегӯянд. Ба ҷинсҳои кӯҳии магматикӣ санги хоро, базалт, диорит, пемза (санги ҷилбур) ва ғайра дохил мешаванд.

Ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ. Ин намуди ҷинсҳои кӯҳй дар натиҷаи аз ҳавою об таҳшин шудани моддаҳои гуногун ҳосил шудаанд. Онҳо аз ҷиҳати тарзи пайдоиш ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: чинсҳои кӯҳии шикаста. органикй ва химиявӣ.

Аксарияти ҷинсхои кӯҳие, ки кӯҳҳоро таркиб додаанд, аз каъри Замин ба сатҳи Замин баромадаанд. Дар фазои кушод бо таъсири гармӣ, сардй, рутубат, мавҷудоти зинда, об, бод мунтазам вайрон ва пора шуда, аз нишебии кӯҳҳо ба поин ҷорй гардида, ҳар ҷо-ҳар ҷо қабати ғафси ҷинсхои кӯҳии шикастаро ҳосил мекунанд. Шакл ва ҳаҷми онҳо гуногунанд. Аз зарраҳои хурдтарин то сангпораҳои калонро дучор шудан мумкин аст. Ин ҷинсҳои шикастаро обҳои равон бурда ба зери дарёҳо. уқёнусҳо, баҳрҳо ва кӯлҳо мехобонанд. Баъд онхо таҳти фишори қабатҳои нав фишурда шуда, ба ҷинси таҳшини сахт мубаддал мегарданд. Аз ҷумла гил ба варақсанг, peг ба регсанг регу шағал ба конгломерат (ҷинси таҳшини аз омехтаи гил, peг ва шағал ҳосилшуда) табдил меёбад.

Пайдоиши ин ҷинсҳои кӯҳиро порагӣ меноманд. Дар шаклгирии онҳо чангу ғуборҳое, ки аз ҳаво ба сатҳи хушкӣ, уқёнусхо, баҳрҳо, кӯлҳо мефароянд, низ иштирок менамоянд.

Пайдоиши ҷинсҳои таҳшини химиявй ба об вобаста мебошад. чунки об бисёр моддаҳоро ҳал мекунад. Дар натиҷаи он маҳлулҳои моддаҳои гуногун ҳосил мешаванд. Онҳо тахшин шуда, ҷинсҳои таҳшини химиявиро ҳосил мекунанд. Аз ҷумла бо ҳамин роҳ намакҳои гуногун, гаҷ, туфи оҳакй пайдо шудаанд.

Ҷинсҳои таҳшини органикӣ аз ҷинсҳои таҳшини шикаста ва химиявӣ фарқ мекунанд. Дар пайдоиши онҳо боқимондаҳои набототу ҳайвонот нақши асосиро мебозанд- Баъди аз байн рафтан боқимондаи онҳо дар каъри кӯлҳо, баҳрҳо ва уқёнусҳо ҷамъ шуда мехобад ва сатҳи онҳоро моддаҳои таҳшинй фаро мегиранд. Таҳти фишори таҳшинҳои аз болои боқимондаи организмҳо хобида оихо аз як шакл ба
щакли дигар мегузаранд. Аз садафаки организмҳои майдаи баҳрӣ бӯр, аз боқимондаҳои устухони ҳайвонхои калон ва баъзс растаниҳо (обсабзҳо) оҳаксанг ҳосил мсшавад. Қисми зиёди боқимондаҳои растаниҳо ба торф ва ангиштсанг табдил меёбанд. Мергел (ҷинси таҳшини оҳакию гилӣ) ҳам пайдоиши органикӣ дорад.

Ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ. Қишри Замин асосан аз ҷинсҳои таҳшин ва магматикӣ таркиб ёфтааст. Онҳо дар чуқурии қаъри Замин таҳти фишори ҷинсҳои дар боло ҷамъшуда ва ҳарорати баланд тагйир меёбанд ва аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд. Дар натиҷа аз ҷинсҳои кӯҳии таҳшин ва магматикӣ ҷинсҳои кӯҳии нав ҳосил мешаванд, ки бо хусусиятҳои худ фарқ мекунанд. Чунончи, регсанг ба кварсит, оҳаксанг ба мармар, варақсангҳои гилӣ ба варақсанги гилию абракӣ, хоросанг ба гнсйс (хоросанги зич) табдил меёбанд. Ҷинсҳои кӯҳиеро, ки дар чуқурии зиёд тахти фишор ва ҳарорати баланд тағйир меёбанд, ҷинсҳои метаморфӣ меноманд. Худи ҳодисаи тағйирёбии ҷинсҳои кӯҳиро метаморфоза мегӯянд. Метаморфоза калимаи юнонӣ буда, маънои он тағйирёбӣ аст.

Ҷинсҳои метаморфӣ ва магматикй ҳам бетағйир намемонанд. Онҳо ҳам бо мурури замон дар натиҷаи баланд шудани қитъахои алоҳидаи қишри Замин ва сатҳи онро шустани обҳои равон ба сатҳи Замин мебароянд. Онҳо бо таъсири гармйӣ, хунукӣ ва рутубат вайрон шуда, ҷинсҳон шикастаи таҳшинро хоинл менамоянд.

Фарқияти чинсҳои кӯҳӣ. Ҷинсҳои кӯҳӣ аз якдигар на фақат аз ҷиҳати пайдоиш, инчунин бо сохту таркиби худ фарк мекунанд. Таркиби ҷинсҳои магматикӣ ва метаморфи донашакл (хоросанг), булӯрй (кварсит. мармар) мешаванд. Ҷинсҳои таҳшин аксар вақт ба шакли қабат-қабат мехобанд. Дар байни қабатҳои онҳо боқимондаҳои наботот ва ҳайвонот мушоҳида карда мешаванд. Дар қабати таҳшинҳо инчунин зарраҳои тилло, алмос, платина ва ғайраро дидан мумкин аст. Онҳо дар натиҷаи ҷинсҳои магматикиро вайрон кардани обҳол равон ҳосил шуда, бо тахшинхо якҷоя хобидаанд.

Савол ка супориш

Литосфера аз қишри Замин чӣ фарқ дорад? 2. Литосфера чист? 3. Одамон қишри Заминро бо чӣ мақсад ва бо кадом усулҳо меомӯзанд? 4. Минералҳо аз ҷинсҳои кӯҳӣ чӣ фарқ доранд? 5. Ҷинсҳои кӯҳии магматикӣ ва таҳшинй чй тавр ҳосил шудаанд? 6. Ҷинсҳои кӯҳии тахшинй ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд? 7. Ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ чй тавр пайдо шудаанд? 8. Матни параграфро хонда, дар ҷадвали 1 номи ҷинсҳои магматикӣ ва тахшииро нависед.

Ҷадвали 1

Намудхои ҷинсҳои кӯҳӣ

Магматики Тахшннй
дар каъри замин хобнда ба рун замнн баромада ҷннсхон гай риорганнкӣ чннсхо» органик 1 й
ҷннсхон шнкаста чнвсхон химнявӣ

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …